Сиёсат

Ояндаи низоми сиёсии Русия

Мақолае аз Андрей Колесников дар сойти Бунёди Корнегӣ

demo-1240

Чашмандози сиёсии Русия 10 соли дигар чӣ гуна хоҳад буд? Оё Русия ба сӯи Шӯравии собиқ ҳаракат мекунад? Оё иқтидоргароӣ ва таҷовузталабӣ дар он бештар мешавад? Оё тағйире дар фаъолияти маданӣ эҷод мешавад ва мавҷи ҷадиди демукросихоҳӣ дар эътирозоти коргарӣ шакл мегирад? Бо вуҷуди ҳамаи ихтилофи назарҳо, ҳама таҳаввули сиёсиро иҷтинобнопазир мебинанд.

Ишора ба бозаи 10-сола дар гуфтумони сиёсии Русия бисёр шойеъ аст. Михаил Ходорковский, яке аз сармоядорони нафтии Русия ва аз мунтақидони Кремлин, мӯътақид аст, ки низоми феълӣ ҳудуди 10 соли дигар давом хоҳад овард. Гузориши дигар низ, ки аз сӯйи «Мадрасаи олии иқтисоди Маскав» мунташир шудааст, бо ишора ба афзоиши синни бознишастагӣ ва ислоҳоти низоми бознишастагӣ, ба ҳамин бозаи замонӣ ишора мекунад.

Кампинҳои интихоботӣ ҳамчунон барои машрӯъияти ин низом ҳоизи аҳаммият ҳастанд. Низом, баёнгари хости аксарият ва дар айни ҳол машрӯъиятзудоӣ аз ақаллият ва маҳрум кардани онҳо аз ҳар гуна ҳаққи ибрози назар аст. Дар моҳи сентябр, чаҳор ҳизбе, ки ҳамакнун дар порлумон ҳузур доранд, боз ҳам бо якдигар бар сари тасаддии курсиҳои порлумон рақобат хоҳанд кард. Бозигарони сиёсии ҷадид — бозигарони таҳоҷумитар, ки дар рақобатҳои муқаддамотии ҳизби ҳоким эҷод шудаанд — дар ҳини омодагӣ барои интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2018, аз низоми ҳоким муҳофизат хоҳанд кард. Владимир Путин бо таваҷҷӯҳ ба фазои сардаргумӣ, бетафовутӣ ва ноумедии ҳоким бар кишвар, барои пирӯзӣ хез бардоштааст.

Бинобар ин, соли 2018 метавонад беҳтарин замон барои таҳаввул бошад.

Суоле, ки дар инҷо матраҳ мешавад ин аст, ки ин таҳаввулро чӣ гуна метавон ҳидоят кард?

Ҳомиёни назарияи таҳаввул тайи як давраи 10-сола мӯътақиданд, ки бо гузашти ду сол (то 2018) ва тай кардани як давраи 6-солаи дигар аз риёсати ҷумҳурии Путин ва пас аз он сипарӣ шудани 2 соли даврони пас аз Путин, саранҷом мунтаҳӣ ба пирӯзии демукросӣ хоҳад шуд. Дар ин давраи 10-сола, раҳбарони таҳаввули сиёсӣ – назири Михаил Ходорковский ва Алексей Кудрин, вазири дороии собиқ — метавонанд Русияро ба сӯйи интихоботи озод ҳидоят кунанд, ки иҷозаи интиқоли қудратро медиҳад.

Мушкили ин тафаккур он аст, ки режими феълӣ фоқиди ҳар гуна тавоноии тарвиҷи демукросӣ ва озодӣ аст ва соддалавҳона аст, ки интизор дошта бошем, ин таҳаввул дар сикли баъдӣ ба вуқӯъ бипайвандад. Дар даврони боқимонда то интихобот ва бо таваҷҷӯҳ ба рукуди иқтисодии ҳоким, давлат маҷбур аст шиорҳои ватанпарастонаи худ мабнӣ бар «қудрати бузург будани Русия»-ро барҷаста кунад, то битавонад афкори умумии ташнаи пешрафтро қонеъ созанд.

Дуруст ба ҳамин далел, ҳамаи сӯҳбатҳо дар мавриди истротежии давлат, ба баҳс дар мавриди иқдомоти кӯтоҳмуддат — монанди ҳаракатҳои текнукротикӣ — хатм мешавад, ки ҳеч таъсире рӯйи мудели сиёсӣ ва иқтисодии Русия надорад. Ҳатто интизорот аз Кудрини ислоҳталаб ҳам маҳдуд ба ироаи тарҳҳои таҳаввулоти иқтисодии кӯтоҳмуддате мешавад, ки битавонад зудбоздеҳ бошад. Ҳамаи талошҳо маътуф ба таҳрики иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи тавлид, ба манзури расондани нархи тавлиди нохолиси дохилӣ ба нархи мушобеҳи он дар даҳаи аввали қарни 21-ум шудааст. Ҳадаф аз ин кор, ҷалби назари муҷаддади табақаи мутавассити Русия аст, бидуни ин ки низоми сиёсии иқтидоргаройи кишвар тазъиф шавад.

Бо ҳамаи инҳо, Русия агар хоҳони ҷазби сармоя бошад, бояд режими сиёсии худ ва идеулужии мубтанӣ бар «теуриии тавтиъа» ва «ғурури миллӣ»-ро канор бигузорад. Ҳамон тавр ки мушаххас аст, кулли сиёсати иқтисодии кишвар ҳамакнун бар пояи умед ба афзоиши қимати нафт бино шудааст.

Ҳар системи сиёсии бесуботе, ки нигарони суқути худ аст, дар зоҳир худнамоии зиёде мекунад, аммо дар хафо бими фурӯпошӣ дорад. Режими Путин бо такя бар горди миллӣ ва пули олигорш (олигарх)-ҳои вафодор бақои худро тазмин кардааст. Машрӯъияти низом бар пояи гузаштаи он, яъне даврони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯраврии собиқ, таъмин шудааст.

Афзун бар ин, дар низомҳои сиёсии қоим ба шахс, шахсияти фарди ҳоким аҳаммият дорад. Аташи қудрат ва бақо метавонад шонси Путинро барои интихоби муҷаддад ҳатто дар соли 2024 ҳам боло бибарад.

Бар ин асос, метавонад як ҷанги қудрати мустақим ва ё як таҳаввули тадриҷӣ сурат бигирад.

Ин нукта комилан дуруст аст, ки канор рафтани Путин аз қудрат, мунҷар ба рафоҳи сареъи мардуми Русия нахоҳад шуд. Мумкин аст ҷонишини вай як носиюнолисти ифротгаро бошад. Бо ин ҳол, торих нишон додааст, ки таҳаввул маъмулан сайре аз иқтидоргароӣ ба сӯйи демукросӣ ва озодӣ дорад ва ин таҳаввул метавонад мулоим ва тадриҷӣ ё ногаҳонӣ бошад. Афрод нақши муҳимме дар ин таҳаввул доранд, аммо иҷмоъ миёни нухбагон ва ҷомеаи маданӣ аст, ки дар ин шароит метавонад аз таҳаввул ҳимоят кунад.

Carnegie

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.