Перейти к содержимому

Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (14)

Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд, ду навъанд:

а) Он чи ки рӯзаро ботил мекунад ва фақат қазои он воҷиб аст;

б) Он чи ки рӯзаро ботил мекунад ва илова бар қазои он, каффора ва товони он низ воҷиб аст.

Инак, баёни чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунад ва фақат қазои он воҷиб аст:

1. Хӯрдан ва нӯшидани ба қасд:

Бинобар ин, агар касе аз рӯи фаромӯшӣ ё иштибоҳан ё ба иҷбор ва икроҳи касе чизе хӯрд ё ошомид, бар вай на қазо воҷиб аст ва на каффора. Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

من نسي — وهو صائم — فأكل أو شرب، فليتم صومه، فإنما أطعمه الله وسقاه

«Агар касе дар ҳоли рӯза аз рӯйи фаромӯшӣ чизе хӯрд ва ошомид, ишколе надорад, ӯ рӯзаи худро ба поён барад, чун Худованд ба вай хӯрок ва нӯшиданӣ арзонӣ доштааст.»

Тирмизӣ гуфтааст: бештари аҳли илми бад-ин гуна амал кардаанд. Суфёни Саврӣ ва Шофеӣ ва Аҳмад ва Исҳоқ низ ҳамин раъйро доранд. Дориқутнӣ ва Байҳақӣ ва Ҳоким — ки ӯ онро бар мабнои шароити Муслим саҳеҳ донистааст — аз Абӯҳурайра ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с) фармуд:

من أفطر في رمضان — ناسيا — فلا قضاء عليه، ولا كفارة

«Касе ки дар Рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор кард, қазо ва каффорае бар вай нест

Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

إن الله وضع عن أمتي الخطأ والنسيان، وما استكرهوا عليه

«Худованд хато ва фаромӯшӣ ва чизеро, ки бар он маҷбур ва мукраҳ шуданд (яъне шуморо ба зӯр ба анҷоми он маҷбур кардаанд), аз уммати ман бардоштааст.» (Ба ривояти Ибни Моҷа ва Табаронӣ ва Ҳоким).

2. Қайъ аз рӯи қасд (амдӣ):

Бинобар ин, агар қайъ (истифроғ) бар касе ғалаба кард ва натавонист ҷилави онро бигирад, рӯзааш ишколе надорад ва бар вай қазо ва каффорае нест. Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

من ذرعه القئ فليس عليه قضاء، ومن استقاء عمدا فليقض

«Агар қайъ бар касе ғалаба кунад, бар вай қазо нест ва агар касе ба амд қайъ кард бояд рӯзаашро қазо кунад

3. Ҳайз ва нифос:

Ин ду ботилкунандаи рӯза ҳастанд ҳатто он ҷо ки дар охирин лаҳзаи рӯз пеш аз ғуруби офтоб иттифоқ афтад ва уламои фиқҳ бар ин матлаб иҷмоъ доранд.

4. Истимно:

Бинобар ин, агар касе ба амд ва аз рӯи қасд бихоҳад ба ҳар василае инзол кунад — хоҳ ба сабаби бӯсидани ҳамсар ё дар оғӯш кашидани ӯ ва ё ин кор ба василаи даст сурат гирад – ботилкунандаи рӯза хоҳад буд ва мӯҷиби қазои он мебошад. Агар сабаб ва мӯҷиби инзол танҳо нигоҳ кардан ба зан бошад (агарчи ин кор он ҷо, ки зан номаҳрам бошад ба худии худ амале ҳаром аст) рӯза ботил намегардад ва чизе бар ӯ воҷиб нест, ва ҳамчунин мазии андак ва зиёди он дар рӯза таъсире надорад.

5. Хӯрдан ва балъидани маводди ғайри хӯрокӣ ва нуфузи онҳо ба андаруни шикам аз роҳи маъмулӣ, монанди хӯрдани намаки зиёд, ва ин ба иттифоқи назари аҳли илм мӯҷиби ифтор аст.

6. Агар касе дар ҳоли рӯза ният ва қасди ифтор (хӯрдан) кунад, рӯзааш ботил мешавад, агарчи чизе нахӯрда бошад, ки мӯҷиби ифтор гардад. Зеро ният рукне аст аз аркони рӯза, агар онро ба ҳам бизанад ва ба амд ва қасд нияти ифтор (хӯрдан) кунад, бидуни шак рӯзааш шикаста шуда ва ботил мешавад.

7. Агар касе чизе бихӯрад ё биёшомад ё ҷимоъ кунад ба гумони ин ки хуршед ғуруб кардааст ё ҳанӯз фаҷр тулӯъ накардааст ва сапеда надамидааст ва сипас бар хилофи гумони вай маълум шавад, ки ғуруби хуршед фаро нарсида ва ё фаҷр тулӯъ карда ва сапеда дамидааст, бино ба раъйи ҷумҳури уламо ва аз ҷумла пешвоёни чаҳоргонаи фиқҳ, бар вай қазои рӯза нест. Ба раъйи Исҳоқ ва Довуд ва Ибни Ҳазм ва Ато ва Урва ва Ҳасани Басрӣ ва Муҷоҳид, рӯзааш саҳеҳ мебошад ва бар вай қазо нест. Чун Худованд мефармояд:

ليس عليكم جناح فيما أخطأتم به ولكن ما تعمدت قلوبكم

«Дар чизе, ки дар он иштибоҳ кардаед, бар шумо гуноҳе нест ва дар чизҳое, ки қалбатон бад-он қасд мекунад ва нияти он менамоед, мавриди ҳисоб ва бозхост қарор мегиред

Абдурраззоқ аз қавли Муъаммар аз Аъмаш аз Зайд ибни Ваҳб ривоят кардааст, ки: “Рӯзе дар замони Умр ибни Хаттоб мардум ифтор карданд ва ман косаҳои бузурги пур аз обро дидам, ки аз манзили Ҳафса (Уммул-муъминин) берун оварданд ва аз онҳо нӯшиданд, сипас хуршед аз зери абрҳо сар берун овард, гӯӣ ин ки ин кор бар мардум гарон омад ва гуфтанд: бояд имрӯзро қазо кунем. Умар ибни Хаттоб гуфт: чаро? Ба Худо савганд, мо тамоюле ба иртикоби гуноҳ надоштем.“

б) Ва аммо чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунад ва ҳам қазои онҳо ва ҳам каффораи онҳо воҷиб аст:

Бино ба раъйи ҷумҳури уламо, танҳо ҷимоъ ва ҳамхобагии тавъам бо духул аст, ки рӯзаро ботил мекунад ва мӯҷиби каффора мебошад.

Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки марде ба ҳузури Паёмбар (с) омад ва гуфт: эй Расули Худо! Ҳалок шудам. Паёмбар (с) гуфт: чӣ чизе шуморо ҳалок кард? Гуфт: дар (рӯзи) моҳи Рамазон бо зани худ ҷимоъ ва ҳамхобагӣ кардаам. Паёмбар (с) фармуд: ин миқдор аз пул дорӣ, ки як бардаро харида ва озод кунӣ? Вай гуфт: на. Паёмбар (с) фармуд: оё метавонӣ ду моҳ пушти сари ҳам рӯза бошӣ? Гуфт: на. Паёмбар (с) фармуд: ин миқдор аз пул дорӣ, ки 60 нафар бенаворо таъом диҳӣ? Гуфт: на. Сипас он мард нишаст. Дар он вақт миқдоре хурмои садақа ба назди Паёмбар (с) оварданд. Паёмбар (с) фармуд: ин хурморо бибар ва онро ба унвони каффора ба бенавоён бибахш. Ӯ гуфт: оё касе аз мо ниёзмандтар ҳаст, ки онро ба вай бидиҳам? Дар Мадина касеро суроғ надорам, ки беш аз мо ба ин хурмо ниёзманд бошад. Паёмбар (с) он қадр хандид, ки дандонҳои муборакаш падидор гардид ва фармуд: бирав онро ба хонаводаат бидеҳ.

Бино ба назари ҷумҳури уламо, барои ин ки каффораи чунин рӯзаеро пардохт кунанд зану мард ҳар ду яксон ҳастанд, модоме ки ҳар ду дар ҳоли ихтиёр дар рӯзи Рамазон, ки нияти рӯза оварда бошанд, ба амд қасди ҷимоъ ва ҳамхобагӣ кунанд. Аммо агар ҷимоъ аз рӯи фаромӯшӣ ё аз рӯи адами ихтиёр ва иҷбор аз сӯи ҳар дуи зану шавҳар сурат гирифт ё ин ки нияти рӯза накарда буданд, дар он сурат бар ҳеч кадом аз онон каффора воҷиб нест (балки фақат қазои он воҷиб аст).

Агар марде занашро маҷбур ба ҷимоъ ва ҳамхобагӣ намуд, ё ин ки зан бино ба узре аслан рӯза набуд, дар он сурат фақат каффора бар мард воҷиб аст на бар зан.

Ва аммо бино ба мазҳаби Имом Шофеӣ, дар ҳеч ҳоле бар зан каффора воҷиб нест, хоҳ шавҳар ӯро маҷбур кунад ё ин ки ӯро маҷбур накунад. Бар зан воҷиб аст, ки фақат онро қазо кунад.

Ба ҳар сурат, каффора ва товони ҷимоъ дар рӯзи Рамазон, бино ба қавли ҷумҳури уламо, ба ҳамон тартибе аст, ки дар ҳадис омада. Бинобар ин, воҷиб аст, ки нахуст як бардаро озод кунад, сипас агар аз он оҷиз буд ва барояш мақдур нагашт, ду моҳ пушти сар ҳам (ғайр аз Рамазон ва айёми идайн ва айёми ташриқ) бояд рӯза бошад. Агар аз рӯзаи ду моҳ пушти сар ҳам оҷиз буд ва натавонист, бояд 60 нафар бенаворо аз ғизои мутавассити хонаводаи хеш иаъом диҳад.

Идома дорад

Мақолот дар ҳамин замина: Аҳкоми рӯза ва Рамазон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: