Таҳлилот

Дар каронаи Бохтарӣ, оё туфанг ҷойгузини чоқу шудааст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Амалиёти фидокоронаи ду ҷавони фаластинии аҳли Алхалил, ки мӯҷиби кушта шудани чаҳор исроилӣ ва маҷрӯҳ шудани панҷ нафари дигар шуд, собит кард, ки муқовимати Фаластин ҳамчунон пӯё аст ва осудагии амнияти Исроил дар тӯли панҷ соли гузашта ба сабаби саргарм будан ба «инқилобҳои баҳори арабӣ», ҳамагӣ сохтагӣ ва ё ба иборати беҳтар, муваққатӣ буд ва ҳамеша муқовимат буда ва боқӣ хоҳад монд.

«Интифозаи чоқуҳо» дар ҳоли табдил шудан ба муқовимати мусаллаҳона аст ё дастикам ин гуна ба назар мерасад ва пешбинӣ мешавад; зеро дар шароите, ки нерӯҳои исроилӣ ба эъдоми ҳомилони чоқу ва ё мазнунон ба ҳамли он мутавассил мешаванд, онон, ки мӯътақиданд дар ниҳоят ба зарби гулӯлаи исроилиҳо ба шаҳодат хоҳанд расид, даст ба силоҳ хоҳанд бурд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки Овигдур Либерман, вазири ҷанги ҷадиди Исроил, хитоб ба фаластиниҳо паёме саросар зӯргӯӣ ва таҳрикомез содир кард, ки бо эътимод ба нафси сохтагӣ ва дурӯғин ҳамроҳ буд ва ба онон ҳушдор дод: «Қудрати Исроилро ба бӯтаи озмоиш нагузоред», аммо камтар аз ду рӯз пас аз ин изҳорот, ба ӯ посух дода шуд, то ҷое, ки ба назар мерасад дар қиболи ин паёми Либерман, ки фаластиниҳоро намешиносад ва намедонад, ки онон чӣ касоне ҳастанд, амалиёте сурат гирифт, то ӯ ба ин шинохт ноил шуда ва ба ин тартиб тасаддии мақоми вазорати ҷанги Исроил ба шевае, ки лоиқи ӯст, барояш ҷашн бигиранд.

Ду омили амалиёти Телавив бар хилофи он чи ибтидо шойеъ шуд, либоси хохомҳои яҳудиро ба тан надоштанд, балки либосҳои бисёр шик бо моркҳои маъруф ба тан карда ва пеш аз ин ки туфангҳои худро ба самти исроилиҳо нишона бираванд, дар ниҳояти оромиш ва эътимод ба нафс рафтор карданд.

* * *

Бале, акнун туфанг ҷойгузини чоқу шудааст; туфанге, ки воридотӣ нест, балки дуруст шабеҳи мушакҳои «Қассом» комилан сохти дохил аст, дар натиҷа хатари он чанд баробар бештар мешавад, зеро бештарин чизе, ки исроилиҳо аз он бим доранд ин аст, ки текнулужии санъати таслиҳоти дохилӣ аз Ғазза ба каронаи Бохтарӣ мунтақил шавад, ҳол он ки чӣ басо сохти ин туфангҳо дар шаҳри Алхлил ва атрофи он, нуқтаи шурӯъ ва исботи ҳамин амр бошад.

Бад нест бидонем, ки дар шаш моҳи гузашта 207 нафар аз беҳтарин духтарон ва писарони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи сарбозони исроилӣ, ки дар ниҳояти хунсардӣ шиллик шуд, ба шаҳодат расиданд ва Абдулфаттоҳ Шариф яке аз онон буд; касе ки ҳангоме ки дар ҳоли хунрезӣ рӯйи замин афтода буд, як сарбози исроилӣ сари ӯро ҳадаф қарор дод, он ҳам дар ҳоле ки чанд дастгоҳи омбулонс дар маҳалл ҳозир буданд, бидуни ин ки ба вай кӯмак кунанд.

Ҳангоме ки исроилиҳо муртакиби чунин рафторҳои ваҳшиёна ва хунин мешаванд ва дар куштор ва рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ ғарқ мешаванд, чӣ интизоре доранд? Оё мунтазир ҳастанд, ки ҷавонони фаластинӣ дар ташвиқи онон барояшон каф бизананд ва гул нисорашон кунанд?

Ин миллат бо шарофат бузург шудаанд ва бо иззати нафс ва муқовимат ва ҷонфишонӣ аҷин шудаанд ва ҳеч тардиде нест, ки шикаст нахоҳанд хӯрд.

Дар ин миён Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардон, нерӯҳои худро барои бозрасии кифи духтарон ва писарони донишомӯз озими мадорис кард, то дар он дар ҷустуҷӯи чоқу бошанд ва бо ин кор ҷони бисёре аз сарбозони исроилиро наҷот дод. Бале, ӯ бозрасӣ кард ва бо исроилиҳо ҳамоҳангии амниятӣ ба амал овард.

Дар муқобил, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил низ роҳи худро гум карда ва дурусту нодурустро ташхис намедиҳад ва ӯст, ки аз дари зӯргӯӣ ворид шудааст ва таҳримҳо ва муҷозотҳои гурӯҳиро алайҳи фаластиниҳо эъмол мекунад, аммо зулму ситами ӯ ҳарчи бештар шавад, нахоҳад тавонист миллати Фаластинро ба зону дароварад, зеро ин миллат фақат барои парвардигори худ сари таъзим фуруд меоварад.

Пас аз ноком мондани тамоми орзуҳои сулҳ ва тавҳин ба миллати Фаластин дар истҳои бозрасӣ ва салб кардани хок ва оби онон ва хушкондани дарахтони зайтун ва талош барои яҳудӣ кардани Қудс ва беҳурматӣ ба Ҳарами Иброҳимӣ ва низ искони беш аз 800 ҳазор шаҳракнишин фақат дар каронаи Бохтарӣ, аз ин миллати сабур ва устувор ва бошарофат чӣ интизоре доранд?

* * *

Ин ҷангҳои мазҳабӣ дар минтақа, ки Исроил ва муттаҳидони омрикоии он ба манзури таҷзияи минтақа ва нобудии артишҳо ва миллатҳои он базри онро коштанд, бешак ба Телавив ва Ҳифо ва Беъруссабъ ва Қудс хоҳад расид ва шаҳракнишинони исроилӣ аз забонаҳои оташи ин ҷангҳо дар амон нахоҳанд монд ва чаро бояд дар амон монда ва аз амният ва субот бархӯрдор бошанд дар ҳоле ки дигаронро аз он маҳрум кардаанд?

Амалиёти шомгоҳи чаҳоршанбе дар Телавив фақат нуфузи ошкор ва қудратманд дар сомонаи амниятии Исроил нест, балки намоиши амалӣ ва пешрафтатари «Интифозаи чоқуҳо» ва рӯнавишти тамоми интифозаҳои қаблӣ дар торихи саросари муқовимати Фаластин аст.

Ҳол, Натонёҳу роҳи ҳалли ибтикории Фаронсаро рад кунад ва ё аз пазириши ташкили ду кишвари мустақил сар бозбизанад ё на, сабри миллати Фаластин зиёд аст ва ин Натонёҳу аст, ки бояд натиҷаи сиёсатҳои зӯргӯёнаи худро якҷо ё дар чанд марҳила бипазирад ва чизе, ки бояд мутаваҷҷеҳ шавад ин ки миллати Фаластин дӯстдори сулҳ аст ва дар партави ин зулму ситам ва мусодираи ҳуқуқи худ ноумед нахоҳад шуд ва сари таслим фуруд нахоҳад овард ва фаромӯш нахоҳад кард ва чӣ басо бахшиш надошта бошад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.