Перейти к содержимому

«Моҳи Рамазон, моҳи озод шудан аст»

Расули Худо (с) дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон хутбае эрод фармуданд, ки: мардум! Шумо озод нестед, дар қафас ҳастед ва намедонед, ки дар қафас ҳастед. Гуноҳонатон шуморо дар қафас зиндонӣ кардааст. Дар моҳи мубораки Рамазон бо истиғфор худро озод кунед…

Он ки мегӯяд, ман ҳарчи бихоҳам мекунам, ҳарҷо бихоҳам меравам ва ҳарчи бихоҳам мегӯям, ӯ асир аст, озод нест. Гирифтори ҳавас ва оз, барда аст на озод.

Роҳи ташхиси банда будан ё озод будан ин аст, ки агар ба дилхоҳи худ амал мекунем, маълум мешавад дар қафаси оз ва тамаъ зиндонӣ ҳастем, ва агар ба хостаи Худои Субҳон амал кунем, озод ҳастем. Инсони озод ба ғайри Худо намеандешад.

Аз барҷастатарин вазоиф дар моҳи мубораки Рамазон, озод шудан ва раҳидан аст. Инсон бояд ин қафасҳо ва милаҳои пӯлодинро, ки бо дасти худ сохта бишканад.

Роҳи озодӣ, истиғфор ва талаби омурзиш аст. Аз ин рӯ гуфтаанд: дар шабонарӯз чандин бор бигӯед: «Астағфируллоҳа рабби ва атубу илайҳ.» Дар намоз ва ғайри намоз барои худ ва дигарон талаби омурзиш кунед, на барои раҳоӣ аз оташ ва на барои рафтан ба биҳишт ва мутанаъим шудан дар он, балки бояд ҳадаф болотар аз ин масоил бошад.

Моҳи Рамазон, моҳи озод шудан аст. Ҳар рӯз, ки мегузарад, як банд аз бандҳое, ки бо дасти худ танидаем, бояд бигаслем, то озод шавем. Беҳтарин роҳ барои озод шудан, пай бурдан ба ҳикматҳои ибодот аст.

Манбаъ: Китоби «Ҳикмати ибодот», Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: