Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (113)

Тарҷеҳ ниҳодани нахчирон таваккулро ба иҷтиҳод (3)

* * *

Чун ба амри «иҳбиту» бандӣ шуданд,

Ҳабси хашму ҳирсу хурсандӣ шуданд.

Вақте ки руҳҳои мо бо фармони «иҳбиту» (ҳубут кунед) муқайяд ва маҳбус дар колбадҳои ҷисмонӣ шуданд, ба сифоте аз қабили хашму озу қаноат ба ҳавоҳои нафсонӣ хурсанд шуданд.

Бандӣ: асир, ба банд даромада.

Нукта: «Иҳбиту» муқтабас аст аз ояти 36 ва 38 сураи Бақара ва ояти 24 сураи Аъоф, ки хитоб ба ҳазрати Одам ва Ҳаввост, ки аз шаҷараи мамнӯъа хӯрданд ва ба сазои ин кор аз биҳишт ба замин ҳубут карданд.

Мавлоно аз ин оятҳо фақат иқтибоси лафзӣ кардааст, то бигӯяд, ки руҳҳои муҷарради одамиён пеш аз ҳубут ба олами ҷисмонӣ ва колбади унсурӣ, дар мартибаи илоҳӣ будаанд. Ва ин назар албатта бо қоъидаи «Ҷисмониятул-ҳудус ва руҳониятул-бақо», ки мегӯяд, инсон дар ҳамин олам падид омада ва руҳи ӯ натиҷаи такомули ҷисми ӯст — ки Мулло Садро ва ҳамчунин Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ ва Алломаи Таботабӣ бад-он мӯътақида ҳастанд – намесозад. Мавлоно дар Масанвӣ ба карррот ба ин бовар тасреҳ кардааст.

Мо ъиёли ҳазратему шерхоҳ,

Гуфт: «Ал-халқу ъиёлун лил-илоҳ.»

Мо бандагон ва махлуқот резахори ҳазрати Ҳақ Таъоло ҳастем ва тифлони ширхораи ӯ. Яъне ҳамчунон ба даргоҳи ӯ ниёзмандем, чунон ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Ҳамаи мардум хонвори Худованд ҳастанд ва касе ки барои мардум судмандтар бошад, назди Худо маҳбубтар аст

Он кӣ ӯ аз осмон борон диҳад,

Ҳам тавонад, к-ӯ зи раҳмат нон диҳад.

Он Худованде, ки аз осмон борон меборонад, ҳам ӯ қодир аст, ки аз раҳмат ва эҳсони хеш бар бандагонаш нону рӯзӣ диҳад.

* * *

Тарҷеҳ ниҳодани шер ҷаҳдро бар таваккул (1)

* * *

Гуфт шер: оре, вале Раббул-ъибод

Нардбоне пеши пойи мо ниҳод.

Шер дар посух ба нахчирон гуфт: бале албатта, ки гуфори шумо саҳеҳ аст ва бояд бар Парвардигор таваккул дошт, ва таслим бар амри ӯ амре маҳбуб аст, вале ҳамон Парвардигор низ пеши пойи мо нардбоне бинҳодааст. Яъне ҳамон тавр ки бидуни истифода аз нардбон наметавон ба ҷоҳои баланд даст ёфт, бидуни васоил ва асбоб ва саъю талош низ наметавон пешрафт кард. Ба ҳамин ҷиҳат Худованд ҳам барои анҷоми умур, илал ва асбоби онро ба мо нишон додааст.

Поя-поя рафт бояд сӯйи бом,

Ҳаст ҷабрӣ будан ин ҷо тамъи хом.

Бояд ба сӯйи бом пилла-пилла рафт. Яъне барои найл ба мақсуд ва маром бояд аз тариқи асбоб ва илали он рафт. Ва дар ин марҳила, изҳори ҷабрӣ кардан ва ҷабрӣ будан, навъе хомтамъӣ ва орзуи ботил аст.

Тамъи хом: таманнои амре, ки мумкин набошад, таваққӯъи беҷо.

Нукта: Нахчирони ҷабримазҳаб дар нафйи саъю талош, қудрати Ҳақро бар эҷоди умур ва адами эҳтиёҷ ба асбоб ва васоит далел оварданд. Ва Мавлоно аз забони шер, зимни он ки қудрати илоҳиро мепазирад, вале ақида дорад, ки ин, далели нафйи саъю касби одамӣ намешавад, зеро Ҳақ Таъоло ба муқтазои ҳикмати худ, барои вусул ва ҳусули мақосид, васоил ва асбобе сохта ва онҳоро монанди ҳалқаҳои занҷир ва ё пояҳои нардбон мутаъоқаб ва мутараттиб бар якдигар қарор додааст ва мусалламан нодидани ин васоил хилофи суннати офариниш ва ба манзилаи нафйи ҳикмати илоҳӣ аст. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.368-369)

Пой дорӣ, чун кунӣ худро ту ланг?

Даст дорӣ, чун кунӣ пинҳон ту чанг?

Ту, ки инак пой дорӣ, чӣ гуна худро ланг эҳсос мекунӣ? Ва низ ту, ки даст дорӣ, чӣ гуна панҷаи худро ниҳон медорӣ?

Пас ҳамон тавр ки аз дасту пойу ҷавореҳи бадан истифода накардан, хилофи табиат аст, истифода накардан аз асбоб ва васоит низ хилофи ҷараёни офариниш ва нафйи ҳикмати Худованд аст.

Хоҷа чун беле ба дасти банда дод,

Безабон маълум шуд ӯро мурод.

Ба унвони мисол, вақте ки арбоб беле ба дасти ғуломаш медиҳад, ин кор яъне чӣ? Маънии он равшан аст. Яъне, эй ғулом! Замин ё мазраъаро бел бизан ва онро барои кошт омода кун. (Зеро забони ҳол гӯётар аз забони қол аст.)

Даст ҳамчун бел ишоратҳои ӯст,

Охирандешӣ иборатҳои ӯст.

Даст монанди бел ба манзилаи ишоратҳои Худованд аст. Яъне аъзо ва ҷавореҳи одамӣ ҳар як барои ғаразе ва мақсуде офарида шудааст. Пас, ин даст низ монанди бел василае аст, ки бояд бандагон бо он ҷаҳду кӯшиш кунанд. Оқибатандешӣ низ калимот ва ибороти Ҳақ Таъолост. Яъне гӯӣ ки Ҳақ Таъоло ба бандагони худ мефармояд: эй бандагон! Бо ақле, ки ба шумо бахшидаам, дурандеш бошед.

Чун ишоратҳошро бар ҷон ниҳӣ,

Дар вафои он ишорат ҷон диҳӣ.

Пас ишоратҳои асрорат диҳад,

Бор бардорад зи ту, корат диҳад.

Агар ишораҳои он Худоро аз ҷону дил дарк кунӣ ва онҳоро ба кор бандӣ, яъне агар неъматҳои илоҳиро баҷо истифода кунӣ ва ба коҳилӣ ва беамалӣ нагаройӣ, Ҳақ Таъоло ба подоши ин саъю талош ва итоат аз авомираш, бисёре аз асрори ишороти худро барои ту ошкор мекунад ва туро ба мартибаи кашфу шуҳуд мерасонад ва бори тавонфарсоро аз руҳи ту бармедорад ва дарҳои маърифатро ба рӯйи дилу дидаи ту мегушояд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: