Перейти к содержимому

Қадрдонии Мавлавӣ Абдулҳамид аз мавозеъи раҳбари Эрон

87564Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи Зоҳидони Эрон гуфт: «Аз баёнот ва мавозеи ахири раҳбари фарзонаи инқилоб мабнӣ бар ҳурмати иҳонат ба азвоҷи мутаҳҳароти Паёмбар Акрам (с) ташаккур мекунам.»

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, ин донишманди аҳли суннати эронӣ, дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи масҷиди Маккӣ гуфт: «Раҳбари фарзонаи инқилоб дар суханоне, ки ахиран дар ҳамоиши бузургдошти ҳазрати Хадиҷа фармуданд, иҳонат ба тамоми азвоҷи мутаҳҳароти Паёмбари Акрам (с)-ро иҳонат ба шахси Паёмбар донистанд

s5f05d0fsd5f1sd2fГуфтанист, ахиран раҳбари Эрон дар дидори дастандаркорони ҳамоиши «Садафи Кавсар» (ҷиҳати гиромидошти ҳазрати Хадиҷа) гуфт: «Таъриз ба соири завҷоти мутаҳҳароти Пайғамбар (с) набоисте бошад. Билохира завҷоти Пайғамбар мӯҳтараманд. Ҳар касе ба инҳо иҳонат кунад — ҳар кадомашон бошад — ба Пайғамбар (с) иҳонат карда. Инро ман қотеъан арз мекунам… Амири мӯъминон (Алӣ (а)) бо ҷаноби Оиша он рафторро кард… Бо зане, ки ба ҷанги ӯ омада ин ҷур бо эҳтиром рафтор кард. Ба хотири ин ки ҳамсари Пайғамбар буд ва илло Амири мӯъминон, ки аз касе мулоҳиза надорад. Бинобар ин, ҳатман таъриз боисте вуҷуд надошта бошад

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд: «Ин суханон воқеан зебост ва ҳаққи матлабро адо карда ва умедворем тамоми хутабо ва нависандагон аз раҳбари муаззами инқилоб пайравӣ кунанд ва ҳурмати азвоҷи мутаҳҳарот ҳифз шавад

Хатиби ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон ҳамчунин бо ишора ба авзоъи бӯҳронии ҷаҳони ислом афзуд: «Имрӯз мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки авзоъи ҷаҳон ба шиддат мултаҳиб аст ва Исроили ғосиб ва қудратҳои истикборӣ ва ишғолгар талош мекунанд барои расидан ба манофеъи худашон мазоҳиби исломиро бо якдигар даргир кунанд ва билоди исломиро ноамн кунанд

Вай идома дод: «Дар чунин шароите мусалмонон бояд бедор бошанд ва аз тафриқа, ихтилоф ва ифротгароӣ дурӣ кунанд ва то ҷое, ки метавонанд, ҷилави тундравӣ ва ифротгароиро бигиранд ва ба афроди тундрав майдон надиҳанд ва дасташонро боз нагузоранд

Мавлавӣ Абдулҳамид тасреҳ кард: «Алҳамду лиллоҳ дар кишвари мо амният мавҷуд аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нисбати бисёре аз кишварҳо дар амният ва оромиш ба сар мебарад ва душманони берунии Ҷумҳури Исломӣ ба ин амният ҳасодат меварзанд

Вай идома дод: «Мутаассифона иддае афроди тундрав, тангназар ва мутаъассиб дар даруни кишвар ҳастанд, ки қадри ин амниятро намедонанд ва онро таҳаммул намекунанд ва барои хадшадор кардани амният таҳаррукоте анҷом медиҳанд

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон афзуд: «Алҳамду лиллоҳ ҷомеаи аҳли суннати Эрон, аъамм аз уламо, нухбагон ва соири ақшор, дар бахши ваҳдат ва амният то ҷое, ки тавонистаанд талош кардаанд ва Худоро шокирем, ки ҷилави афроди тундрав ва ифротӣ дар байни аҳли суннат гирифта шудааст ва дар байни онон такфирӣ ва ифротгароҳое, ки ҷуръат кунанд садояшонро баланд кунанд надорем, зеро медонанд, ки мардуми мо бедор ҳастанд

Хатиби ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, таъмини озодиҳои қонунии аҳли суннати Эронро хостор шуд ва изҳор дошт: «Аз раҳбари фарзонаи инқилоби исломӣ, ки муршиди ҳамаи миллати Эрон ҳастанд ва ҳамчунин аз давлат ва маҷлиси шӯрои исломӣ ва соири масъулини низом интизор дорем, ки мувозиб бошанд иддае афроди тундрав, озодиҳои қонунии ҷомеаи аҳли суннати Эронро салб накунанд ва мо ҳамон озодӣ ва ҳаққеро, ки қонун ба мо додааст мехоҳем

Мавлавӣ Абдулҳамид афзуд: «Ин эътиқоди банда аст, ки агар дасте дароз шавад, мо розӣ ҳастем, ки он даст ба ҷойи шиъа бар сари аҳли суннат фуруд биёяд ва мо барои дифоъ аз бародарони шиъаи худ сина сипар кунем; ин эътиқоди мост, на сиёсати мо. Бахше аз масоил ва мушкилот ҳаст, ки мо сабр кардем ва на танҳо онҳоро матраҳ накардаем, балки ишорае ҳам ба онҳо накардем, то душманон суистифода накунанд, зеро душманон мутарассиди фурсат ҳастанд

Имом ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар бахши дигаре аз суханонаш изҳор дошт: «Моҳи мубораки Рамазон саросар раҳмат аст; ташнагӣ, гуруснагӣ, намозҳои шаб ва гӯш додан ба тиловати Каломуллоҳи маҷид дар ин моҳ раҳмат аст. Барои расидан ба раҳматҳои илоҳӣ бояд заҳмат кашид. Тамоми заҳматҳое, ки дар ҷиҳати ислоҳ ва тазкияи нафс мутаҳаммил мешавем раҳмат ҳастанд

Вай аҳкоми шариатро «мояи ҳаёти башар» донист ва афзуд: «Тамоми аҳкоми илоҳӣ аз қабили: намоз, рӯза, закот, тиловати Қуръон барои мо мояи ҳаёт ҳастанд ва марги ҳар хонавода ва ҷомеа дар сарпечӣ аз дастуроти шариат аст

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон таъкид кард: «Инсон бояд дар муқобили дастуроти илоҳӣ таслим бошад, то ба ворастагӣ бирасад ва Аллоҳ Таъоло бандаеро дӯст дорад, ки дар ҳар ҳолат фармонбардор бошад ва зиндагии худро мутобиқи шариат бигузаронад

Хатиби ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон идома дод: «Барои касе ки худро ислоҳ накарда ва гирифтори хоҳишҳои нафсонӣ аст, ҳарому ҳалол ва ҳуқуқуллоҳ ва ҳуқуқуннос тафовуте надорад, балки чунин инсоне ҳамвора дунболи хоҳишҳои нафсонӣ аст ва чунин шахсе бандаи нафс ва шайтон аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: