Перейти к содержимому

Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Даргузашти ҷаноби Мирзоалӣ Гадоев, падари гиромии бародари азизамон Шарофиддин Гадоев, раҳбари «Гурӯҳи 24», ҳамаи моро андӯҳгин кард.

Шарофиддин Гадоев дар ёддоште, ки дар сафҳаи худ дар Фейсбук мунташир кардааст, аз сӯҳбат ва гуфтугӯи ахири худ бо падари марҳумаш ёдовар шуда, навиштааст:

«Рӯзе пеш бо падарам сӯҳбат доштам.

— Боз як бор туро медидам — пуралам мегуфт падарам.

Ба аҳли хонавода хитоб кард ва садояшро шунидам: «Шарофиддин маро мебинад. Кани ин техникаатонро соз кунед, ман низ бинамаш.»

Падарам нобино шуда буд. Fами дил. Fами дурӣ аз фарзанд. Қариб панҷ сол мешавад, ки тамоми хонаводаи моро ҳукумат ба хотири ман азият медод. Модарамро, хоҳаронамро, бародаронамро, пайвандонамро. Ва падарамро. Он қадар фишор болои онҳо зиёд буд, ки падарам саломатиро аз даст надод. Бемор шуд ва дигар чашмонаш намедиданд.

Аммо падари бузургвор як бор нагуфт, як бор гӯшзад накард, ки «писарам бо гуноҳи ту ҳамаи моро гунаҳгор карданд, бас кун…»

Танҳо дуо медод: Парвардигор туро нигаҳбон бошад! Аз мо парво накун. Дар фикри худат бош. Ту хуб бошӣ, мо ҳама хубем!»

Шарофиддин Гадоев дар идомаи ёддошти худ, бо ишора ба ин ки суханони падари марҳумаш ба вай ин будааст, ки «Боз як бор медидамат!», хитоб ба падараш навишта:

«Маро бубахш падарҷон, ки бароям азият кашидӣ. Аммо маро танҳо як чиз ором мекунад, ки ту медонистӣ, ки ман дар роҳи адолат ва ҳақиқат ҳастам. Ман танҳо нестам. Ҳамсафару ҳамраҳу ҳамандешон зиёд дорам.

Маро бубахш, ки дар сари болини беморӣ бо ту набудам.

Маро бубахш, ки наметавонам туро ба роҳи охирин гуселонам

* * *

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) даргузашти ин марди бузургро ба фарзандаш бародари азизам ҷаноби Шарофиддин таслият арз мекунам ва аз Худованд барои Шарофиддин ва низ соири бозмондагон сабри ҷамил ва барои марҳум биҳиштро хоҳонам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: