Перейти к содержимому

Посухи пурсише дар бораи халифа ва ҷонишин будани Одам (а)

imageПурсиш: Салом алейкум Устод, саволе доштам дар бораи ояҳои офариниши инсон:

1. Худованд мефармояд, ки дар замин халифа меофарад, савол ин ҷост, ки манзур аз халифа чӣ касоне ҳаст, оё тамоми инсонҳоянд ё ашхоси муайян? Агар паёмбарон гӯем, 1400 сол аст, ки замин бе паёмбар аст. Ва тарҷума ва тафсири худи калимаи халифа чист? Чун агар ҷонишин маънидод шавад, он шахси халифа кудрате беандоза дошта бошад;

2. Савол дар бораи исм ва илме, ки ба ҳазрати Одам (а) таълим дода шуда, ки он илмро ҳатто малоик дар бараш оҷиз монданд, оё ин илм ва исм мероси халифа аст ё танҳо мутааллиқи ҳазрати Одам (а)?

Суҳроб Ҳақ Ҷӯй

Посух: Ба номи Худо, ва алайкум салом.

1. Дар робита бо пурсиши аввали шумо арз шавад, ки муфассирон дар ин замина дидгоҳҳои мухталифе иброз доштаанд. Вале аз миёни ҳамаи он назарҳо он чӣ ба назар дуруст мерасад ин раъй аст, ки: манзур, хилофат ва ҷонишинии инсон аз Худованд аст.

Зеро дар ин оят ҳамин ки Худо ба фариштагон мефармояд: «Ман» халифа қарор хоҳам дод, бе он ки бигӯяд халифа ва ҷонишин аз чӣ касе, ин нишон медиҳад, ки хилофат аз худи «Ман» мебошад. Агар ҳокиме эълом кунад: ман ҷонишине таъйин хоҳам кард, он чи ибтидоан ба зеҳн меояд ин аст, ки ба ҷойи худ халифа таъйин мекунад.

Халифа ва ҷонишин дар инҷо яъне намоянда ва намоишгар. Яъне ман мехоҳам мавҷуде биёфаринам, ки дар ин мавҷуд метавон сифоти худоиро мушоҳида кард. Агар инсоне дорои мақоме бошад ва бихоҳад барои худаш ҷонишин муайян кунад, касеро муайян мекунад, ки дар сифот ва хислатҳо шабеҳи худаш бошад, яъне намоишгар ва намоёнгари ӯ бошад.

Натиҷа ин аст, ки:

Аввалан, инсон халифа ва ҷонишини Худо бар рӯйи замин аст, на ҷонишини мавҷудоти дигар;

Сониян, мақоми халифатуллоҳии инсон — ки Қуръони Карим аз он парда бардошта — навъе хилофати таквинӣ аст ва на як амри эътиборӣ ва қарордодӣ.

Солисан, инсон ҳикоятгар ва намоёнандаи сифоти илоҳӣ дар рӯи замин аст, ва аз ҳамин ҷост, ки бартарини махлуқот шинохта шуда.

Робеъан, мақоми халифатуллоҳӣ ихтисос ба ҳазрати Одам (а) надорад ва дар фарзандони ӯ низ ҷорӣ аст. Албатта ин бад-он маъно ҳам нест, ки тамоми башар билоистисно дорои мақоми халифатуллоҳӣ  бошанд, зеро бархе аз инсонҳо ба таъбири Қуръон аз ҳайвонот пасттаранд, балки мурод  ин аст, ки замина ва шаън ва истеъдод ва қобилияти расидан ба ин мақом, дар фитрати ҳамаи инсонҳо қарор дода шудааст.

* * *

2. Ва аммо дар робита бо ин ки манзур аз «асмо» (номҳо) — ки дар ояти шарифаи:

وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْماءَ کُلَّها ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلائِکَةِ فَقالَ أَنْبِئُونی‏ بِأَسْماءِ هؤُلاءِ إِنْ کُنْتُمْ صادِقینَ

(Ва Худованд ба Одам ҳамаи номҳоро таълим дод, сипас ба малоика он (номҳо)-ро арза кард ва фармуд: номи инҳоро бароям хабар диҳед агар ростгӯ ҳастед) омада чист ва Худованди Мутаъол номи чӣ чизҳоеро ба ҳазрати Одам таълим намуд?, арз шавад, ки: аввалан, номи теъдоде аз мавҷудот ё ҳамаи мавҷудот, (фақат исм ва номашон), ба танҳоӣ фазилати ончунонӣ нест, ки Худованди Мутаъол бихоҳад ба василаи он, лиёқат ва шоистагии ҳазрати Одам (а)-ро барои ҷонишинӣ ва хилофат дар замин собит кунад. Балки бино ба назари бисёре аз муфассирон, манзур ин аст, ки ҳамаи ҳақоиқ ва асрори олами ҳастӣ ба ӯ таълим дода шуда. Аз ин рӯ, огоҳӣ аз улуми марбут ба ҷаҳони офариниш ва асрор ва хавосси мухталифи мавҷудоти олами ҳастӣ, ифтихори бузурге барои Одам (а) ба ҳисоб меояд ва Худованд ин илмро ба Одам (а) дод.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: