Нақду назар

Ё ҳама бо ҳам наҷот меёбем, ё ҳама бо ҳам ғарқ мешавем!

Маҳмудхон Бурҳонов

Дин барои наҷоти мо инсонҳо омадааст; наҷот аз афкори нодуруст, аз ахлоқи нописанд ва дар як калом, наҷот аз ҳар чизе, ки боиси бадбахтии инсон мешавад.

Бо ин ҳисоб, то он даме, ки мо натавонем ҷомеаи худро аз бадбахтӣ наҷот бидиҳем, бояд ба диндории худ шак кунем, чун дин бо бадбахтӣ қобили ҷамъ нест. Зеро дин ба мо мегӯяд, ки бояд барои адолат бапо хезед, пас агар дар ҷомеае зулму ситам ҳукмфармо буд, маълум мешавад, ки он ҷомеа дастури динро зери по гузоштааст.

Дин ба мо дастур медиҳад, ки ҳаргиз аз ғайри Худо натарсед, пас агар ҷомеае дучори тарс гашт, маълум мешавад, ки дуруст диндорӣ накардааст.

Дин ба мо дастур медиҳад, ки аз гаҳвора то гӯр бояд дониш биёмӯзед, пас агар ҷомеае гирифтори бесаводӣ шуда бошад, маълум мешавад, ки динро пушти по задааст.

Дин ба мо дастур медиҳад, ки дасти фақирону ниёзмандонро бояд бигирем, пас агар теъдоди фақирону ниёзмандон дар ҷомеа рӯ ба афзоиш бошад, маълум мешавад, ки теъдоди диндорон дар он ҷомеа рӯ ба коҳиш аст.

Ва садҳо дастури дигари динӣ…

Медонед, Қуръони Карим чунин ҷомеаро чӣ гуна тавсиф мекунад? Ба таъбири Қуръони Карим, саранҷоми чунин ҷомеае “хасират дунё вал-охират“ аст, ҳам аз бадбахтии дунё наҷот наёфта ва ҳам ба хушбахтии охират нарасида.

Мо диндорон ин пиндорро бояд аз зеҳни худ дур кунем, ки метавонем ба истилоҳ  «гилеми худро аз об берун бикашем.» Чунин чизе имкон надорад, вақте ҷомеа дар бадбахтӣ ғарқ бишавад, ҳама бо ҳам ҳам ғарқ хоҳанд шуд. Пас ҳар кас ки фақат барои наҷоти худ гилем мебофт, беҳуда заҳмат мекашид. Агар ҳама бо ҳам барои наҷоти ҷомеа даст ба кор нашавем ва гилеме дар хӯри наҷоти ҷомеа набофем, ҳама бо ҳам ғарқ хоҳем шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.