Без рубрики

«Ин моҷаро метавонад Тромпи исломситезро ба Кохи сафед бирасонад»

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Ҷинояти як омили вобаста ба ДОЪИШ дар шаҳри Урлонду ба нафъи ростгароёни ифротӣ ва нажодпараст дар Омрико ва Урупо аст ва ин амалиёт метавонад Тромпи исломситезро ба Кохи сафед бирасонад.

Ин мавзӯъ, ки Умар Сиддиқ Матин пеш аз ҳамла ба бошгоҳи шабона дар шаҳри Урлонду дар иёлати Флуридо ва анҷоми ҳамлаи теруристӣ дар он, бо ДОЪИШ байъат ва вафодории худро ба ин гурӯҳи теруристӣ эълон кунад, бад-ин маъност, ки ин ҷавони омрикоии афғонитбор барои нахустин бор ба шевае мустақим ё ғайримустақим ба дархости Абӯмуҳаммад ал-Аднонӣ, сухангӯи ДОЪИШ, ки аз ҷавонони мусалмон хостааст ҳамалотеро дар Ғарб барои интиқом аз дахолати низомӣ алайҳи ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ ва талош барои решакан кардан ва нобуд кардани он сурат диҳанд, посухи мусбат дод.

Интихоби бошгоҳи шабонаи ҳамҷинсгароҳо тавассути ин ҷавон ва хариди аслиҳа, он ҳам чанд рӯз пеш аз анҷоми ҳамла, нишондиҳандаи ин аст, ки вай ҳадафашро интихоб ва муҳосиботи худро ба шакле дақиқ баррасӣ кардааст. Афзоиши шумори қурбониён (50 кушта то замони навиштани ин мақола) ва даҳҳо захмӣ ин муддаъоро собит мекунад.

* * *

Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико, ин ҳамларо «иқдоме теруристӣ бо ангезаҳои нафрат» хонда ва гуфтааст, ин ҳодиса «бадтарин тирандозӣ дар торихи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико» будааст. Вале вай нагуфт, ки Омрико чӣ гуна ба ин қатли ом посух хоҳад дод. Шояд ӯ ниёзе ба гуфтани он надорад; чаро ки нерӯҳои вижаи омрикоӣ вориди ҷанги хунин бо гурӯҳи ДОЪИШ шуда ва дар ҳамла ба мавозеъи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Риққа ва Фаллуҷа ва Манбаҷ мушорикат доранд ва зимни ироаи пуштибонии ҳавоии лозим аз ин ҳамалот, мавозеъи ин гурӯҳро ба сурати густарда бомбборон ва гулӯлаборон мекунанд.

Ин мавзӯъ, ки ин ҷавон ба дархости кӯмаке, ки ал-Аднонӣ дар як навори видеоӣ эълом кард ва дар пойгоҳҳои интернетии ДОЪИШ ё пойгоҳҳои интернетии ҳаводорони ДОЪИШ мунташир шуд, посух диҳад, бисёр муҳим ва дар айни замон бисёр хатарнок аст ва ин назарияро мавриди таъкид қарор медиҳад, ки бондҳои хуфта ё гургҳои танҳо дар бештари кишварҳои ғарбӣ вуҷуд доранд ва омода ҳастанд, дар ҳар лаҳзае, ки ба онҳо дастур дода шавад, иқдом кунанд; амре, ки боис мешавад мо ва дигарон даст рӯи қалбҳоямон бигузорем ва мунтазири амалиёти мушобеҳи дигаре бошем.

Бар асоси эъломияи хабаргузории «Аъмоқ«, ки сухангӯи ДОЪИШ маҳсуб мешавад, ДОЪИШ билофосила масъулияти худ дар ин ҳамла ва вобастагии омили он ба ин гурӯҳро эълом кард. Гӯӣ забони ҳоли ДОЪИШ ин аст, ки «моро дар Ироқ ва Сурия мекушед ва ба дунболи решакан кардани мо ҳастед, ҳоло ин мо ҳастем, ки ба шумо дар хонаҳоятон посух медиҳем, мунтазири ҳамалоти бештаре дар оянда бошед.»

Ин ҳамла як чолиши хунини бесобиқа аст, ки бештари чолишҳои мушобеҳи қаблӣ муқобили он кучак ҳастанд. Ин амр таъкид мекунад, ки шикасти ин гурӯҳ бо абзорҳои низомӣ ба маънои нобудии комили он нест; зеро идеулужии ифротгароёнаи он бисёр хатарноктар аз силоҳ ва ҷангҷӯёнаш аст, ки муваффақ шудаанд нисфи Сурия ва як севвуми Ироқро ду сол пеш ба ишғоли худ дароваранд; ҳамчунин доманаи нуфузи он дар беш аз 9 кишвар ва манотиқ ва иёлатҳо дар Осиё, Офриқо ва Урупо ва ахиран дар Омрико густариш ёфтааст.

Маъмурияти дастгоҳҳои амниятӣ, ки ҳамаи имконоти моддӣ, таслиҳотӣ ва иттилоотии бузурги худро барои ҷанг бо ин гурӯҳ ва ҳаводоронаш дар ҷомеаҳояшон ба кор гирифтаанд, ба назар, шояд ғайри мумкин набошад, вале бисёр душвор аст. Пас онҳо чӣ коре метавонанд дар рӯёрӯӣ бо шахсе, ки мусаммам шудааст, то пойи ҷон биҷангад ё ҳамон тавр ки дар адабиёти ДОЪИШ омадааст, «то пойи шаҳодат биҷангад,» анҷом диҳанд? Ҳамчунин ин дастгоҳ‎ҳо дар рӯёрӯӣ бо созмонҳои дигаре, ки ақоиди салафии ифротӣ доранд, чӣ гуна амал кунанд? Онҳоро бикушанд? Ин ниҳодҳо бо ин корашон, беҳтарин орзуи онҳоро бароварда мекунанд.

Шикасти низомии ДОЪИШ, чи басо бори сангини ироаи хадамоти асосӣ, идорӣ ва ниёзҳои маъишатии наздик ба 9 милюн нафарро дар манотиқи таҳти ишғоли ин гурӯҳ аз дӯши он бардорад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҳалқаи муҳосираи ин гурӯҳ дар ин манотиқ тангтар мешавад ва манобеъи молӣ ва даромадҳои нафтии он низ дар ҳоли хушк шудан аст. Аз ин рӯ, маҳв шудани он аз рӯи замин ва рафтанаш зери замин чи басо ба нафъаш бошад ва бар хатароташ меафзояд.

Ин мавзӯъ, ки қатли омми Урлонду ба нафъи ростгароёни ифротӣ ва нажодпараст дар Омрикои Шимолӣ ва Урупост, ҷойи баҳс надорад, аз ин рӯ аз сайли табрикҳо ба Дунолд Тромп, номзади ҷумҳурихоҳи риёсати ҷумҳурии Омрико ва хушҳолии ошкори вай, таъаҷҷуб намекунем. Ӯ хушҳолии худро бо ин паём дар Твиттер нишон дод, ки: «Ӯ дар тамаркуз бар теруризми исломӣ ва зарурати рӯёрӯӣ бо он бар ҳақ будааст

Нафрати омрикоиҳо аз аъроб ва мусалмонон, ки дар лашкаркашӣ ба Ироқ ва ишғолаш ба раҳбарии «Тромпе дигар» ба номи Ҷурҷ Буши писар намуд пайдо кард, ҳамон чизе аст, ки базри теруризмро дар Ироқ кошт. Сипас он рушд кард ва парварда шуд ва самараи он низ ҳамин гурӯҳҳои теруристии ифротӣ ва дар раъси онҳо ДОЪИШ шудааст. Дахолатҳои низомии Омрико, ки бо пуштибонии НАТО ва бо иттифоқи бархе ҳукуматҳои арабӣ ва эҷоди саҳмбандии тоифаӣ ва даргириҳои қавмӣ сурат мегирад, бистарро барои ифротгароӣ, хушунат, теруризм ва табдили беш аз 5 кишвар ба кишварҳои шикастхӯрда фароҳам кард; кишварҳое, ки то ҳамин авохир улгуе барои ҳамзистӣ, субот ва амният буданд, албатта бо эътироф ба ин ки дар онҳо саркӯб ва фасод ва фишор низ ҳоким буд.

Агар ҳамин амалиёти теруристии Урлонду Дунолд Тромпро ба Кохи сафед бирасонад ва бар хушунати исломҳаросӣ биафзояд, зарари он на танҳо мутаваҷҷеҳи мусалмонон хоҳад шуд, балки ба ҳамаи ҷаҳон осеб хоҳад расонд. Аз ин рӯ, бояд хештандорӣ ба харҷ дод ва бо ин амалиёт бо ҳикмат ва ақлоният бархӯрд кард ва натоиҷ ва паёмадҳояшро ба суръат маҳдуд ва роҳро барои касоне, ки мехоҳанд аз он ба шеваи нажодпарастии теруристӣ истифода кунанд, масдуд кард.

* * *

Набояд бо идеулужии родиколӣ муқобила ба мисл кард, балки вокуниш ба он бояд аз тариқи тасомуҳ ва тақвияти арзишҳои ҳамзистӣ сурат бипазирад. Касе ки ба бошгоҳи шабона ҳамла кард, намояндаи ҳамаи мусалмонон ва ақидаи онҳо нест, ҳамон тавр ки касе ки чанд сол пеш маркази давлатӣ дар Уклоҳуморо мунфаҷир кард, намояндаи ҳамаи омрикоиҳо ва ақидаи масеҳиён набудааст. Вале касе ки ба Ироқ лашкаркашӣ ва онро ишғол кард, раисиҷумҳури мунтахаби аксарияти мардуми Омрико буд ва ҳеч касе пайдо нашуд, то ӯро муҳокима кунад.

Тромпи нажодпараст, ки аз мусалмонон ва ғайри сафедпӯстҳо нафрат дорад, пеш аз амалиёти Урлонду ва бар асоси барномаи нажодпарастона ва нафрат аз мусалмонон, дар муборизаҳои интихоботии дарунҳизбӣ пирӯз шуд. Муболиға намекунем агар бигӯем, ки чунин изҳороташ яке аз ангезаҳои аслии ин ҷавон яъне Умар Сиддиқ Матин барои эъломи вафодорӣ бо ДОЪИШ ва иртикоби куштор дар бошгоҳи шабонаи ҳамҷинсгароён буд.

Кушторе, ки Умар Сиддиқ Матини ҷавон онро муртакиб шуд, амалиёте теруристӣ бо қавитарин иборатҳо аст ва ба ҳеч ваҷҳ қобили тавҷеҳ нест, вале бояд ин мавзӯъро ба ёд бисупорем ва онро ба дигарон аз ҷумла омрикоиҳо ёдоварӣ кунем, ки мо ба унвони араб ва мусалмон на танҳо қурбонии сиёсатҳо ва ҳамчунин дахолатҳои низомии онҳо ҳастем, балки қурбонии ҳавопаймоҳои онҳо ҳастем, ки то ин лаҳза таҳти унвони «мубориза бо теруризм», кишварҳои моро бомбборон мекунанд ва садҳо бегуноҳро мекушанд. Мо дар инҷо дар бораи кушта шудани 2 милюн ироқӣ, ки ниме аз онҳо кӯдакон будаанд — дар асари муҳосирае, ки 13 сол тӯл кашид – ва ниме дигар аз онҳо пас аз ҷанг ҷони худро аз даст доданд, сухан намегӯем.

Теруризм муъзале ҷинояткорона аст ва низ касоне, ки бистар ва заминаро барои он фароҳам мекунанд, маҳкум ва муҷрим ҳастанд; аз ҳар нажод ва миллияте, ки бошанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.