Таҳлилот

Чаро теруристҳо терур мекунанд?

Мақолае аз Питер Берген (Peter Bergen) дар рӯзномаи New York Times

Пас аз як ҳамлаи теруристии мушобеҳи Флуридо дар рӯзи якшанбе, яке аз суолҳое, ки мардум доим мепурсанд ин аст: чаро? Чаро шахсе ҳозир мешавад, ҷони афроди бегуноҳеро, ки аслан намешиносад бигирад? Ин суолест, ки муддатҳост ба дунболи ҷавобаш ҳастам. Аммо ҷустуҷӯям маро бо суоли дигаре мувоҷеҳ кардааст: оё посух додан ба ин суол мумкин аст?

Барои расидан ба далел ва посухе барои иқдомоти теруристӣ, ман ва муҳаққиқони Муассисаи New America, беш аз 300 маврид аз парвандаҳои додгоҳи афродеро, ки дар Омрико аз 11 сентябри 2001 муттаҳам ба фаъолиятҳои теруристӣ буданд баррасӣ кардем. Ин маворид шомили парвандаҳои тақрибан кучак мисли кумаки молии андак ба созмонҳои теруристии хориҷӣ то мавориди бисёр бузург ва ҷиддӣ монанди куштор буданд. Ман бо хонаводаҳо ва дӯстони теруристҳо ва ҳатто дар бархе маворид бо худи онҳо низ сӯҳбат кардаам.

Собит шуда, ки посухи роиҷ ва осон ба ин суол иштибоҳ аст: инки теруристҳои Омрико «девона» ё «бад» ҳастанд. Дар ҳоле ки аз ҳар 10 нафар, танҳо яке аз онҳо мушкили равонӣ дорад. Ҳамчунин онҳо муҷримони ҳирфаӣ низ набудаанд, танҳо 12 дарсади онҳо қаблан зиндонӣ шудаанд.

Мутаваҷҷеҳ шудам, ки маҷмӯъае аз авомил дар шаклгирии ангезаи ин афрод таъсир дорад; монанди идеулужии муборизаи исломӣ, мухолифат бо сиёсатҳои хориҷии Омрико бо ҷаҳони ислом, ҳисси ниёз ба доштани як идеулужӣ ё узвият дар созмоне, ки ба онҳо ҳадафе бидиҳад, ва доштани замина барои муборизаи исломӣ, ки маъмулан ба далели анбошта шудани ҳисси ноумедӣ аз худ аст, монанди марги яке аз волидайн. Барои бисёре аз онҳо, узвият дар як гурӯҳи теруристӣ ва ё анҷоми як ҳамла, ба онҳо иҷоза дода қаҳрамони достони худ бошанд.

Аммо дар ҳар маврид нисбати ангезаҳо мутафовит буд. Барои мисол, Темурланг Тсорноев (Тамерлан Царнаев) — яке аз ду бародаре, ки бомбгузорӣ дар моротуни Бостун дар соли 2013-ро анҷом дод — як мусалмони ғайри пойбанд ба дин буд, ки пас аз даст наёфтан ба орзуяш барои табдил шудан ба як муштзани олимпӣ ва аз даст додани шуғлаш, ба як ифротгарои исломӣ табдил шуд. Барои ӯ, бомбгузорӣ дар моротун дастёбӣ ба ҳамон қаҳрамоние буд, ки дар худ тасаввур мекард.

Аз сӯи дигар, бародари кучакаш Ҷавҳар Тсорноев, аслан ба назар намерасид замоне ба ифротгароӣ кашида шавад. Ӯ мориҷувоно (марихуана) мекашид, машруботи алкулӣ масраф мекард ва бо духтарҳо иртибот дошт; корҳое, ки як мусалмони бунёдгаро анҷом намедиҳад. Ангезаи Ҷавҳар Тсорноев барои ин бомбгузорӣ то ҳадди зиёде таҳти таъсири бародараш буд, ки аз ӯ метарсид ва албатта ӯро таҳсин мекард ва худаш ҳам то ҳадде бо сиёсатҳои хориҷии Омрико мухолиф буд.

Низол Ҳасан, як саргурди (майори) артиш, ки дар соли 2009 дар Фурт Ҳуди Тегзос 13 нафарро кушт, исломгарои суннатитаре буд. Ӯ як мусалмони ҳушёр буд, ки ба сиёсатҳои хориҷии Омрико мӯътариз буд. Аммо тибқи изҳороти Нодир Ҳасан, писарамуи ӯ, ки бо ҳам бузург шуда буданд, куштори Фурт Ҳуд ба далели мушкилоти шахсии ӯ низ будааст. Ӯ издивоҷ накарда буд, ҳар ду волидайни худро аз даст дода буд, ҳеч дӯсте надошт ва ҷанги Афғонистонро таҷриба карда буд. Нодир Ҳасан мегӯяд: «Ӯ ифротӣ шуд ва номашро Ислом гузошт.»

Дэвид Ҳидли (David Headley) аз Чикогу, ки дар соли 2008 ҳамалот ба Бомбаии Ҳиндро барномарезӣ кард ва мунҷар ба марги 160 нафар шуд, як мусалмони фаъол ва ҳушёр набуд. Ӯ чандин ҳамсар ва дӯсти духтар дошт. Ангезаи ӯ, бештар дар нафрат аз Ҳинд ва лаззат бурдан аз ифои нақши як «Ҷемз Бонд»-и ифротӣ реша дошт. Ӯ бо бозигарони Боливуд барои ҷилди маҷаллот акс мегирифт ва ҳамзамон яке аз бузургтарин ва кушандатарин ҳамалоти теруристӣ баъд аз 11 сентябрро барномарезӣ мекард.

Ин достонҳо нишон медиҳанд, ки расидан ба посухе ризоятбахш ба ин ки чаро теруристҳо ҷиноятҳои фаҷеъ анҷом медиҳанд, бисёр душвор аст. Ангезаи инсонҳо бисёр печида аст. Ҳамон тавр ки файласуф Эмануел Конт мегӯяд: «Аз чӯби каҷи башарият ҳеч гоҳ чизи софе сохта нашудааст.» Ин ҷумла барои рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон ёдоварии муфиде аст, ки инсонҳоро наметавон шуста рӯфта дастабандӣ кард.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ, иҷрои қонун бояд чӣ гуна бошад? Таҳлилгарони рафтории FBI аз чорчӯби ҳушмандонае истифода мекунанд. Онҳо бар рафторҳое тамаркуз мекунанд, ки нишон медиҳад, фарде дар «масири расидан ба хушунат» қарор дорад. Мавзӯъи баъдӣ идеулужие аст, ки онҳоро дар ин масир қарор медиҳад. Ин афрод чӣ неунозӣ (неонацист) бошанд ва чӣ ифротгарои исломӣ, таҳлилгарони FBI барои фаҳмидани ин ки оё ин афрод даст ба ҳамла мезананд ё на, ба таври амалӣ иқдом мекунад. Ин рӯйкард коре ба «чаро» надорад ва бар «чӣ» тамаркуз дорад. Як мазнун, фориғ аз идеулужие, ки дорад, дар «масири хушунат» даст ба чӣ корҳое мезанад, монанди таъйини ҳадаф ё таҳияи силоҳ.

Албатта ин рӯйкард ноқис аст. Умар Матин, фарди мусаллаҳ дар Урлонду, қаблан ду бор тавассути FBI бозҷӯӣ шуда буд. Аммо он замон ба назар мерасид, ки ҳанӯз хеле дар «масири хушунат» пешравӣ накардааст. Тибқи гузоришҳо, ӯ бошгоҳи шабонаи Урлондуро ҳадаф қарор дода буд, ба таҳияи аслиҳа пардохта ва саъй карда буд чанд ҳафта қабл аз ҳамла ҷалиқаи низомӣ бихарад.

Ҳанӯз дорем бар рӯйи ангезаҳои эҳтимолии Матин кор мекунем. Хешовандонаш мегӯянд, ӯ афкори зидди ҳамҷинсгароӣ дошт. Ӯ дар ҳини ҳамла, вафодории худ ба ДОЪИШ-ро эълом кард. Ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ Алқоъидаро низ ситоиш мекард. Ҳамсари собиқаш мегӯяд, хулқу хӯи тунде дошт. Ҳамчунин назариёте вуҷуд дорад, ки шояд Матин ҳамҷинсгаро будааст.

Шакке нест, ки дар рӯзҳои оянда иттилооти бештаре ба даст меоварем. Аммо баъид аст тавзеҳе биёбем, ки далели воқеии ин иқдомро нишон диҳад. Шояд чизе дар бораи моҳияти шайтонӣ бошад, ки ҳар чӣ қадр ҳам талош кунем, боз ҳам қобили тавҷеҳ нест. Ҳатто худи ин афрод низ ҳаргиз наметавонанд ба маънои воқеӣ тавзеҳ диҳанд «чаро» ба ин ҳамалот даст заданд?!

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.