Нақду назар

Силоҳи махфии Путин

Мақолае аз Сергей Карпухин дар Newsweek

Замоне ки Путин пас аз нахуствазирӣ дар соли 2012 барои риёсати ҷумҳурӣ ба арсаи сиёсат бозгашт, тазоҳуроте ба нафъ ва алайҳи ӯ анҷом шуд ва маҳбубияташ 62 дарсад коҳиш ёфт.

Ҳар рӯз ин хатти қирмиз болову пойин мешавад. Чанд ҳафта боло ва чанд ҳафта пойин. Инҳо арзёбии муҳимтарин аломати ҳаётӣ дар Русия аст: маҳбубияти Владимир Путин. Дар Кремлин ба он «Рейтинг» мегӯянд, ки дар русӣ ба маънои мартиба ва дараҷабандӣ аст. Бар асоси ин рутбабандӣ, фармондеҳи олии кишвар ё ҳамон раисиҷумҳур, бар тамоми тасмимоти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар тасаллут дорад.

Замоне ки ҳамонанди охирҳои моҳи май маҳбубияти ӯ ба 82 дарсад мерасад, сарони рус нафаси роҳате мекашанд. Дар соли 2011, ки Путин эълом кард барои севвумин давраи риёсати ҷумҳурӣ бозхоҳад гашт, маҳбубияташ то 62 дарсад коҳиш ёфт ва талош шуд ба ҳар қимате ин равандро наҷот диҳанд. Дар солҳои ахир, дар ин раванд саъй шуда аз тамоми иқдомоташ аз ҷумла баргузории бозиҳои пурҳазинаи олимпӣ то ҷанг бо Укройн ва Сурия ҳимоят шавад.

Ин дараҷабандӣ аз манобеи зиёде ташкил шудааст; аз ҷумла як ниҳоди назоратии ҷадид ва густарда, ки тавассути Кермлин эҷод шуда, то ҳар гуна эътироз ва норизоятиро шиносоӣ ва саркӯб кунад.

Аммо мӯътамадтарин ниҳод тавассути вафодорони Путин ташкил нашудааст, балки гурӯҳе кучак аз либеролҳои даврони «Гласност». Номи ин гурӯҳ Маркази «Леводо» (Левада-центр) аст, ки ба номи бунёнгузори он Юрий Леводо мебошад. Ин гурӯҳ дар соли 1988 ба пешниҳоди Михаил Горбачев, раҳбари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ ташкил шуд ва масъулияти ин марказ гузориши ҳақоиқ буд; нақше, ки ҳанӯз ҳам баъд аз як насл дар Русияи бисёр мутафовит бозӣ мекунад.

Наталя Зоркина, ки яке аз аъзои гурӯҳи аслии «Леводо» дар замони шаклгирии ин гурӯҳ будааст мегӯяд: «Давлати Шӯравӣ ҳеч роҳе барои хабардор шудан аз рухдодҳои ҷомеа надошт — онҳо ба посухи ин суол ниёз доштанд, ки «дар зеҳни мардум чӣ мегузарад?» Ҳадаф аз мутолеаи афкори умумӣ ташкили ниҳоде буд, ки бар асоси он як ҷомеаи демукрот сохта шавад

Аммо ин гуна нашуд. Давлати раисиҷумҳури собиқ Борис Елтсин, ки фурӯпошии иқтисодии Шӯравиро ба ирс бурда буд, ба лутфи назарсанҷиҳои дақиқи Маркази «Леводо» сареъан мутаваҷҷеҳ шуд, ки то миёнаҳои даҳаи 1990 аксари русҳо бар ин ақида хоҳанд буд, ки Елстин ва ислоҳталабони муфтхӯраш бояд барканор шаванд. Дар Кремлин ҳаросу ваҳшат эҷод шуд ва сӯҳбат аз лағви интихобот буд. Аммо гурӯҳи кучаке аз расонаҳо, сардабирон ва ба қавли худашон «фаншиносҳои сиёсӣ»-и Кремлинро мутақоъид карданд роҳи дигаре дар пеш бигирад: ба ҷойи сар фуруд овардан дар муқобили афкори умумӣ, шакли онро тағйир ва ба он ҷиҳат диҳанд.

Глеб Павловский яке аз «фаншиносҳои сиёсӣ» ва яке аз мӯҳраҳои аслӣ дар иттиҳод миёни назарсанҷиҳо ва соҳибони расонаҳо, ки дар ниҳоят дар соли 2000 Путинро ба қудрат расонд, мегӯяд: «Тамоми сиёсат, сиёсати иттилоот аст. Барои мо, миёни ҳақоиқ ва бардоште, ки аз он мешавад, тафовуте вуҷуд надорад

Ва ба ин тартиб тафаккури ҷодуӣ, ки имрӯз дар режими Путин дида мешавад шукуфо шуд: афкори умумӣ чизе аст, ки метавон онро контрол кард ва ба он ҷиҳат дод; на чизе, ки ба он гӯш кард ва дар назар гирифт. Зоркина мегӯяд: «Аз миёнаҳои даҳаи 1990, Кремлин дигар барои пирӯзӣ дар баҳсҳои сиёсии анҷумани умуми талош накард. Моҳияти қудрат тағйир кард. Асоси машрӯияти Кремлин тағйир кард: аз интихоботи демукрот миёни дидгоҳҳои сиёсии мутафовит, ба ҷалби ҳимояти мардум аз раҳбари миллӣ. Мутолеаи афкори умумӣ ба унвони поя ва асоси эҷоди демукросӣ оғоз шуд, аммо акнун ба абзори иқтидоргароӣ табдил шудааст

Достони Маркази «Леводо», достони тағйири демукросии ноқиси Русия ба навъе истибдоди тавофуқӣ низ аст. Дар маркази ин систем равише қарор дошт, ки Юрий Леводо тасаввур мекард барои Русия озодӣ ба армуғон меоварад — баррасии дақиқи назароти мардуми оддӣ дар бораи тамоми масоил; аз қимати панир то империёлизми Омрико, ҳуқуқи бознишастагӣ ва ҷамъоварии зубола то мушакҳои ҳастаӣ ва Худо.

Доираи ҷодуии Путин

Маркази «Леводо» ду дафтари ба ҳам рехта пушти як сохтмони ҳутели қадимӣ дар наздикии майдони Сурх дорад. Тори анкабут ва гиёҳҳои пажмурда ва қафасаҳои вожгун роҳравҳоро фаро гирифта ва коркунони солхӯрдаи ин ниҳод бисёр ҷиддианд ва нигоҳе шабеҳи равшанфикрони охирҳои давраи Шӯравӣ доранд. Пушти компютерҳои қадимӣ нишастаанд ва як гурӯҳи қавии 50-нафара дар дафотири марказии ин ниҳод беш аз 3 ҳазор назарсанҷиро дар сатҳи миллӣ баргузор мекунанд. Онҳо кулли рӯзро ба суол пурсидан аз мардуми оддии Русия машғуланд; аз тариқи телефон, интернет ё ҳузурӣ. Ин марказ як созмони ғайри давлатӣ аст ва даромадашро бо анҷоми таркибе аз таҳқиқот барои бозорҳои тиҷорӣ ё назарсанҷиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои донишгоҳҳо ва созмонҳои расонаӣ таъмин мекунад. Ҳудуди 2 дарсад аз даромадаш аз муштариёни хориҷӣ таъмин мешавад.

Яке аз мӯҳраҳои қадимӣ дар телевизиюни Русия мегӯяд: «Гурӯҳи «Леводо» аз афроди қадимӣ ташкил шудааст«, ва аз истилоҳе истифода кард, ки замоне болшевикҳо барои ашрофзодаҳо ва буржуоҳо ба кор бурданд, ки ҷойгоҳе дар ҷомеаи Шӯравӣ надоштанд. Ин фард, ки нахост номаш фош шавад, (зеро ҳанӯз дар расонаҳои Русия кор мекунад) афзуд: «Онҳо бо ҷиддияти тамом ба дунболи гирифтани иттилооти воқеӣ ҳастанд; на фақат гузориш кардани ҳарфҳои афроде, ки бо пул додан афкорашонро мунтақил мекунанд. Онҳо барои ҳар шахсе, ки ба дидани тасвири воқеии Русия алоқаманд аст, боарзишанд, на он тасвире, ки рӯйи сафҳаи телевизиюн зоҳир мешавад

Путин низ исрор дорад, афкори мардум пурсида шавад, аммо равишҳое, ки ба кор мебарад, суолбарангезанд. Декабри гузашта Кремлин Ирина Maкиева, мудири собиқи Бонки миллиро сарпарасти системи раъйгирии ҷадид кард, то бар дамои сиёсии Русия ба диққат назорат кунад. Таҳти назорати мустақими горди федероли Русия (созмоне мушобеҳ бо сервиси махфии Омрико, ки таъмини амнияти шахси раисиҷумҳурро низ бар ӯҳда дорад) ҳазорон корманди давлатӣ дар ихтиёр дорад, то ба дунболи нишонаҳои норизоятӣ ва эътироз дар матбуоти маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бошанд.

Макиева ба кобинаи Русия ваъда дод: «Ҳама чизро ба таври доим таҳти назар мегирем; ба хусус дар шаҳрҳои мушкилбарангез«, ва барои ҳушдори вазъияти нооромиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ системи дастабандии сабз, зард ва қирмизро муаррифӣ кард.

Павловский мегӯяд: «Мушкил ин ҷост, ки назарсанҷиҳои таҳти ҳимояти давлат ба навъе таблиғ табдил шудаанд. Суолот ин гуна матраҳ мешаванд: оё бо масоили роиҷ ва ё бо аксарият мувофиқед?»

Як мисол дар ин бора назарсанҷие дар Криме буд, ки тавассути Путин суфориш ва дар соли 2014 мунташир шуд. Тоторҳои Криме хутути барқро мунфаҷир карда буданд ва давлати Укройн, ки Криме дар заминаи энержӣ комилан ба он вобаста аст, аз идомаи таъмини энержӣ худдорӣ кард, магар он ки Русия қабул кунад ин минтақа бахше аз Укройн шавад. Назарсанҷиҳои Кремлин бо манзили мардуми оддӣ тамос гирифтанд ва аз онҳо пурсиданд, оё тарҷеҳ медиҳанд дар торикӣ бимонанд ё ба хостаҳои Укройн тан диҳанд?!

Тибқи ин назарсанҷӣ, 96 дарсади мардум гуфтанд, ҳозиранд дар торикӣ бимонанд. Телевизиюни миллии Русия натоиҷи ин назарсанҷиро нишонае аз тамоюли мардум таъбир кард, ки ҳозиранд барои боқӣ мондан ҷузъи хоки Русия, тамоми сахтиҳоро таҳаммул кунанд. Аммо Павловский мегӯяд: «Ин як назарсанҷӣ нест. Ин даъвате барои исботи вафодорӣ аст… Мо барои аввалин бор аз замони фурӯпошии кумунизм мебинем, ки мардум аз посух додан ба суолот метарсанд; ба хусус дар шаҳрҳои кучак. Онҳо аз паёмадҳои посухе, ки нишонаи адами вафодориашон бошад, метарсанд

Бо ин ҳол, чунин раъйгириҳое такягоҳи аслии Кремлин дар фароянди тасмимгирӣ аст. Тибқи гуфтаи Михаил Зигор (Михаил Зыгарь) сардабири аршади коноли мухолифи давлат «Дожд» ва нависандаи китоби пурфурӯши тамоми чеҳраҳои Кремлин; баррасии режими Путин, «тамоми иқдомот бар асоси ин раъйгириҳо аст… Ин натоиҷ таъйид мекунанд, ки тамоми иқдомоташон дуруст аст, Путин маҳбуб аст, мардум ӯро дӯст доранд

Павловский ин системро ба хубӣ мешиносад. Ӯ худ яке аз тарроҳонаш буд. Вай, ки ба далели мухолифат бо фаъолиятҳои зидди Шӯравӣ 3 солро дар Сибир дар табъид сипарӣ кард, мегӯяд: «Ҳамон раванде, ки дар охирҳои даҳаи 1990 танзим шуд-ро идома медиҳанд. Ҳар панҷшанбе Вячеслав Володин ҷаласае баргузор мекунад, ки дар он раҳбарони Ҳизби Муттаҳиди Русия, аъзои аршади давлат ва назарсанҷҳое монанди Валерий Федоров ва Александр Олсон ҳузур доранд.» Павловский мегӯяд: «Онҳо вазъияти афкори умумии кишварро дар заминаи таҳдидот ва хатароти эҳтимолӣ ва ҳар чизе, ки мумкин аст бар сатҳи маҳбубияти Путин асар бигузорад гузориш медиҳанд. Онҳо барои наҳваи муқобила бо чолишҳо тасмим мегиранд

Дар замони Елстин ва дар солҳои аввали Путин, дар ин ҷаласаи ҳафтагӣ масъулон ва руасои телевизиюн ва конолҳои Русия низ ширкат мекарданд. Аммо акнун онҳо ҷаласае ҷудогона бо Володин дар рӯзҳои ҷумъа доранд. Володон хулосаи назарсанҷиҳоро шахсан ба Путин ва кобинаи дохилиаш гузориш медиҳад.

Павловский аз тирамоҳи 1995 то замоне, ки дар соли 2011 аз симати мушовири аршади кобинаи раисиҷумҳур истеъфо дод, дар ин ҷаласот ширкат мекард. Ӯ идома дод: «Барои барномаи ҳафтаи ояндаи телевизиюн тасмимгирӣ мешавад. Кремлин масири куллиро мушаххас мекунад, аммо вориди ҷузъиёт намешавад. Сипас бақияи корҳо бар ӯҳдаи масъулони конолҳост. Онҳо ахборро монанди як сериал таъриф мекунанд, аммо сериале, ки ба хубӣ тавлид шудааст. Мумкин аст достонҳо иғроқомез бошанд, аммо қобили боваранд.» Ин систем навъе доираи ҷодуӣ аст: назарсанҷиҳо барномаҳои расмии телевизиюнро ташкил медиҳанд, ки он низ ба навбаи худ афкори умумиро ҷиҳат медиҳанд.

Борис Березовский аввалин касе буд, ки ба қудрати сиёсии телевизиюн пай бурд ва коноли аслии Русия, ки акнун «Коноли 1» шинохта мешавад-ро ба даст гирифт ва нуфузашро ба пул ва қудрат табдил кард. Аммо ин Путин буд, ки дар аввалин соли ба қудрат расиданаш, қудратро дар Кремлин мутамаркиз кард, тамоми руқабои эҳтимолиро аз саҳна хориҷ кард (аз ҷумла Березовскийро) ва ба суръат тамоми расонаҳои ғайридавлатиро таътил кард. Натиҷа ин шуд, ки Русия контроли бесобиқае бар он чи русҳо мебинанд, мешунаванд ва фикр мекунанд, дорад.

Павловский мегӯяд: «Афкори умумӣ дар Русия ҳамонанди Ғарб ба унвони як ниҳоди мустақил вуҷуд надорад. Мардуми Русия ба таври комил худро аз раванди сиёсӣ ҷудо кардаанд. Онҳо эътиқод надоранд, ки метавонанд чизеро тағйир диҳанд. Ҳатто дар даҳаи 1990 танҳо бахши кучаке аз мардум дар заминаи сиёсӣ фаъол буданд; шояд ду ё се дарсад. Акнун ин теъдод аз қабл низ камтар аст

Набуди як раҳбари ҷойгузин ва ё ҳар навъ баҳси сиёсие, бар яке аз аҷибтарин ёфтаҳои «Леводо» мӯҳри таъйид мезанад — ҳатто бо вуҷуди коҳиши меъёрҳои зиндагӣ дар Русия, маҳбубияти Путин дар авҷи худ боқӣ мемонад. Аз соли 2014, рубл ниме аз арзиши худро аз даст дода, таваррум дурақамӣ ва кӯмакҳазинаҳои омӯзишӣ ва беҳдоштӣ қатъ шудааст ва Русия ба сурати якҷониба воридоти ғизо аз Омрико ва Урупоро мамнӯъ кардааст. Аммо боз ҳам Путин муваффақ шуда равандҳои сиёсиро нақз кунад: ҳисоби Путин аз фоҷеаи иқтисодӣ, ки кишварро дарбар гирифта, ҷудо мондааст.

Замоне ки Путин дар соли 2012 пас аз як давраи нахуствазирӣ ба унвони раисиҷумҳур бозгашт, маҳбубияташ то 62 дарсад коҳиш ёфт ва садҳо ҳазор нафар барои эътироз ба хиёбонҳои Маскав омаданд. Посухи Кремлин ин буд, ки он мавқеъ бо нафти бушкае 140 дулор, 48 милёрд дулор барои олимпиёди зимистонии Сочи дар соли 2014 ҳазина кунад ва рекорддори гаронтарин олимпиёд шавад.

Масъалаи ҷолиб ин ҷост: аз соли 2014, расонаҳои Русия давлати Омрикоро дар ҳама чиз муқассир медонанд; аз ҳимояти ҳукумати «фошистӣ» дар Укроён то «ҳамлаи иттилоотӣ» ба Русия бо достонбофиҳое дар бораи ҳисобҳои хориҷии наздикони Путин дар Пономо ва дупинги систематики варзишкорони олимпӣ. Дар моҳи ноябри гузашта, Дмитрий Кисилев, бонуфузтарин муҷрии телевизиюни Русия, изҳор кард, гурӯҳи шибҳинизомии ДОЪИШ сохтаи Омрикост.

Дар ҳоли ҳозир, Маркази «Леводо» ҳамчунон барқарор аст, зеро ба назар мерасад, ки теъдоди каме аз аъзои феълии Кремлин ҳанӯз барои раъйгирии солим ва қобили эътимод арзиш қоиланд. Аммо ин ҳақиқат, ки Маркази «Леводо» шадидан таҳти фишор аст, нишонаи хатарноке аст, ки Путин ба равишҳои қадимии худ рӯй меоварад. Павловский мегӯяд: «Путин тамоми ин таблиғотро суфориш медиҳад, аммо худаш ҳадафи аслии он аст

Маркази «Леводо» наметавонад ояндаро пешбинӣ кунад. Аммо назарсанҷиҳояш мушаххастарин нишона ва бинише аст, ки метавон аз наҳваи ба поён расидани қудрати Путин дошт.

Newsweek

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.