Сиёсат

Коршиноси рус: «Чин ва Тоҷикистон узвияти Эрон дар СҲШ-ро вето карданд»

Ба ақидаи як коршиноси аршади рус, бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон бим доранд, ки Эрон аз ҷунбишҳои исломӣ дар ин кишварҳо пуштибонӣ кунад.

Ба гузориши сойти шабакаи Trt (Туркия) ба нақл аз бахши форсии радиои «Садои Олмон«, бону Елена Дунаева, коршиноси аршади бахши Эрони Институи шарқшиносии улуми Русия, дар робита бо адами узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) гуфтааст: «Адами пазириши Эрон, ба далели мухолифати Чин ва Тоҷикистон будааст. Чин нигарони авҷгирии тамоюлоти зидди омрикоии Эрон дар дохили кишвар аст ва узвияти Эронро вето мекунад… Бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон ҳам бим доранд, ки Эрон аз ҷунбишҳои исломӣ дар ин кишварҳо пуштибонӣ кунад

Ба гуфтаи ин коршиноси рус, фишори Омрико ва Ғарб дар мухолифати Чин бо узвияти Эрон дар СҲШ, муассир будааст. Вай таъкид мекунад: «Чин нагарони бештар шудани тамоюлоти зидди омрикоӣ ва ғарбӣ дар дохили Эрон аст. Мо медонем, ки раҳбари Эрон Омрикоро маҳкум мекунад ва ин мавзӯъ Чинро, ки муносибатҳои иқтисодии хубе бо Омрико дорад, нигарон кардааст

Коршиноси аршади бахши Эрони Институи шарқшиносии улуми Русия дар идома таъкид мекунад: «Мавозеъи Эрон ҳамеша амалгароёна буда ва ҳаст. Кишварҳои ғарбӣ дар зарфи 6 моҳи гузашта пас аз БАРҶОМ, дар Эрон сармоягузорӣ накардаанд, ба ин ҷиҳат Эрон аз сиёсати «нигоҳ ба шарқ» пайравӣ мекунад

Ба гуфтаи ин коршиноси муқими Маскав, ин ҳамон сиёсате аст, ки дар замони Аҳмадинажод поягузорӣ шуд ва дар замони Руҳонӣ идома пайдо кардааст. Бар асоси он, Эрон равобити хубе бо Ҳинд, Покистон, Чин ва Русия барқарор карда ва расман ҳам эълом кардааст, ки ба «созмони Уруосиё» мепайвандад. Аз тарафи дигар хабаргузории Ilna ба нақл аз як диплумоти ҳозир дар иҷлоси Шонгҳой (24-уми июн) гузориш дод, ки Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, нишасти Шонгҳойро ба нишонаи эътироз тарк кардааст. Ин хабар билофосила аз тарафи Раҳимпур муовини осиёии Вазорати хориҷаи Эрон такзиб шуд. Ин мақоми эронӣ гуфт, ки «Зариф нишасти Шонгҳойро ба нишонаи эътироз тарк накарда, балки адои намоз будааст

Ҳумани Паймонӣ, коршиноси «Муассисаи пажӯҳиши энержии Осиё ва Уқёнуси Ором» дар Токию, дар гуфтугӯ бо сойти Садои Олмон, дар бораи адами ҳузури Руҳонӣ дар нишасти СҲШ мегӯяд: «Ин иқдоми Эрон ба сурати намодин будааст. Аз тарафи дигар Эрон талош мекунад, ки мушкилоташро бо Ғарб ҳал бикунад ва муносиботашро бо Иттиҳодияи Урупо густариш диҳад. Эрон дигар маҷбур нест, ки дар ҳар иҷлосе, ки Русия ва Чин баргузор мекунанд, ширкат кунад

Ин коршиноси умури минтақа зимни ишора ба сафари Руҳонӣ ба Итолиё ва Фаронса таъкид мекунад, ки Эрон қасд дорад «навъе тавозун ва танаввӯъ дар муносиботи байналмилалӣ» дошта бошад.

Trt.net

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.