Сиёсат

Равобити диплумотики Туркия ва «Исроил» дар остонаи оддисозӣ

Гузорише дар пойгоҳи олмонии Deutsche Welle

Бино бар гузоришҳо, музокироти пинҳонӣ ва ошкори «Исроил» ва Туркия барои поён додан ба кашмакашҳои 6-сола ба натиҷа расидааст. Зоҳиран қарор аст фардо (26 июн) оғози даврони ҷадиди равобити ду кишвар ба таври расмӣ эълом шавад.

Мутобиқи гузоришҳое, ки дар расонаҳои «Исроил» ва Туркия мунташир шудааст, қарор аст Фаридун Синурлиуғлу, муовини вазири хориҷаи Туркия ва Ҷузеф Сичонур, намояндаи вижаи нахуствазири «Исроил», рӯзи якшнба (26 июн) тавофуқи ду кишвар барои ҳалли ихтилофҳо ва барқарории дубораи равобити диплумотикро эълом кунанд.

Туркия ва «Исроил» дар гуфтугӯҳои гуногуне, ки аз ҷумла дар Женев анҷом шуд, барои хотима додан ба кашмакашҳо, аз бархе шартҳо ва дархостҳои худ сарфи назар кардаанд.

Ин ду кишвар, ки солҳо равобити наздик ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибае бо ҳам доштанд, аз ҳудуди 6 сол пеш дучор ихтилофи шадид шуданд.

Табодули сафир

Қатъи равобити диплумотики «Исроил» ва Туркия пас аз ҳамлаи кумондуҳои исроилӣ ба киштии «Мармара», ки бо нодида гирифтани муҳосираи борикаи Ғазза, қасд дошт кӯмакҳои инсондӯстонаро ба сокинони ин минтақа бирасонад рух дод.

Дар ҷараёни ин ҳамла, 10 шаҳрванди туркияӣ ҷони худро аз даст доданд. Нахуствазири «Исроил», Бенёмин Натонёҳу, марти 2013, бо фишори Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико, ҳозир шуд ба хотири ин воқеа, аз мардуми Туркия узрхоҳӣ кунад.

Мутобиқи гузоришҳое, ки дар бархе нашрияҳои Туркия ва «Исроил», аз ҷумла «Ҳуррият» ва «Ҳоаретс» мунташир шуда қарор аст матни тавофуқномаи оштӣ, ки якшанбе мунташир мешавад, чанд рӯз баъд дар кобинаи амниятии «Исроил» ба тасвиб бирасад.

Нозирон эҳтимол медиҳанд, то поёни моҳи июл равобити диплумотик миёни ду кишвар бо эъзоми сафирони ҷадид барқарор шавад.

Маҳдуд кардани Ҳамос

Раҷаб Тайиб Ардуғон, чӣ дар даврони нахуствазирӣ ва чӣ аз замоне ки раисиҷумҳури Туркия шуда рафъи муҳосираи борикаи Ғаззаро ба унвони яке аз пешшартҳои ҳалли муноқиша бо «Исроил» эълом карда буд.

«Исроил» бо ин дархост мувофиқат накарда, аммо ба Онкоро итминон дода, ки метавонад кӯмакҳои худро аз тариқи бандари исроилии Ашдуд ба борикаи Ғазза бирасонад.

Ҳамчунин мақомҳои исроилӣ барои роҳандозии як нерӯгоҳи барқ, таъсисоти обширинкун ва як дармонгоҳ дар борикаи Ғазза, ки тавассути Ҳамос контрол мешавад, ба Туркия чароғи сабз нишон додаанд.

Онкоро бо гурӯҳи Ҳамос равобити дӯстонае дорад. Зоҳиран шарти «Исроил» барои бастани дафтари Ҳамос дар Истонбул низ мавриди пазириш қарор нагирифта, аммо Онкоро ӯҳдадор шуда, ки иҷозаи созмондеҳии амалиёти низомӣ аз хоки Туркияро ба Ҳамос надиҳад.

Таблиғоти зидди исроилии Ардуғон

«Исроил» ва Туркия ба вижа дар даҳаи 90 қарни 20-ум ҳамкориҳои наздик ва фишурдае дар ҳавзаҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ доштанд.

Дастгоҳҳои амниятии ду кишвар дар бораи душманони муштараке назири Сурия ба радду бадал кардани иттилоот мепардохтанд ва «Исроил» дар таҷҳизи ҷангандаҳо ва тонкҳои омрикоии Туркия бо ин кишвар ҳамкорӣ мекард.

Сардии равобити «Исроил» ва Туркия ба солҳои пеш аз моҷарои киштии «Мармара» ва ба даврони қудратгирии ҳизби исломгарои Адолат ва тавсиъа ва нахуствазирии Раҷаб Тайиб Ардуғон бозмегардад.

Ардуғон, ноумед аз пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Урупо, дар ибтидои қудратгирӣ, ба густариши равобит бо кишварҳои арабӣ ва исломии минтақа пардохт ва ҳимоят аз гурӯҳҳое монанди Ҳамосро афзоиш дод.

Мушкилоти рӯзафзуни Туркия

Таҳлилгарон шитоб гирифтани раванди оддисозии равобити Туркия ва «Исроил»-ро, ки дастикам аз се сол пеш оғоз шуд, ба мушкилоти рӯзафзуни Ардуғон ва ихтилофҳои шадид бо кишварҳои минтақа нисбат медиҳанд.

Сурия ва Ироқ ба унвони ду кишвари ҳаммарз бо Туркия, даргири бӯҳронҳои шадид ҳастанд, робитаи Онкоро ва Маскав пас аз ҳадаф қарор гирифтани ҷангандаи русӣ дар марзи Сурия, ба шиддат муташанниҷ шуда ва таниш миёни Туркия ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ба авҷи худ расид.

Ба гузориши рӯзномаи «Ҳуррият«, яке аз меҳварҳои муҳимми тавофуқи Туркия ва «Исроил», аз миён бардоштани монеъаҳои ҳамкориҳои низомӣ ва аз саргирии размоишҳои муштарак аст.

Гуфта мешавад, сармоягузории муштарак дар санойеъи дифоъӣ, ки барои Туркия аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор аст, яке дигар аз масоиле аст, ки дар музокироти моҳҳои гузашта, дар мавриди он тавофуқ шудааст.

Пас аз ҳамлаҳои лафзии шадиди Ардуғон алайҳи «Исроил» дар солҳои ахир, ба назар мерасад афкори умумии Туркия омодагии лозимро барои барқарории робита миёни ду кишвар надошта бошад.

Нозирон эҳтимол медиҳанд, давлатмардони турк дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда талош кунанд тавофуқ бо «Исроил»-ро ба унвони ақибнишинии ин кишвар дар баробари ҳимояти Туркия аз мардуми Фаластин ҷилва диҳанд.

Dw.com

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.