Нақду назар

Абдулло Раҳнамо ва реализм дар арсаи сиёсат

imageДар остонаи фаро расидани рӯзе, ки дар Тоҷикистон ба унвони «Рӯзи ваҳдати миллӣ» номгузорӣ шудааст, аз ҳамин ҳоло дар расонаҳо афрод ва шахсиятҳои гуногуне — ки ба наҳве бо режими кунунии ҳоким дар кишвар иртибот доранд – дар ин мавзӯъ изҳори назар мекунанд. Аз байни ин изҳори назарҳо, дидгоҳи ҷаноби дуктур Абдулло Раҳнамо, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳайси «сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифои вазифа мекунад, бароям ҷолиб буд.

Ӯ, дар гуфтугӯе, ки ахиран хабаргузории «Ховар» бо вай тартиб дода, бо ишора ба ин ки «имрӯз ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маҳз ҳамин моҳияти фарогирро касб кардааст ва он бояд ҳамин тавр дуруст фаҳмида ва фаҳмонда шавад», изҳор доштааст: «Чунин ваҳдати фарогиру устувор бо аз раванд баромадани як шахс ё як гурӯҳ аз байн намеравад. Бинобар ин, гумони ин ё он шахс ё гурӯҳ, ки агар ман набошам, агар дар ҷашни Рӯзи ваҳдат ман иштирок накунам, ваҳдати миллӣ дигар маъно надорад, худ як гумони бепоя аст

Ин дидгоҳ бароям ба вижа аз ин назар ҷолиб буд, ки ҷаноби Раҳнамо то чанд сол пеш яке аз опозисиюни тоҷик – ки як тарафи дигари сулҳи мавриди назар маҳсуб мешуд – ба шумор мерафт. Ӯ, дар опозисиюни тоҷик як фарди оддӣ ва маъмулӣ ҳам набуд, балки метавон гуфт, ба наҳве яке аз «назарияпардозони» он ба ҳисоб меомад. Аз нахустин тоҷиконе буд, ки китобе ҳам дар бораи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон – ки ба хатти форсӣ дар Эрон чоп ва нашр шудааст – ба риштаи таҳрир дароварда ва ин китоб яке аз сарчашмаҳо ва манобеи муҳим ҷиҳати шинохт ва ошноӣ бо наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто Осиёи Марказӣ барои ғайри тоҷикон ба шумор мерафт (ва ҳанӯз ҳам меравад). Дар солҳои 91 ва то ҳамин авохир, шумо ҷаноби Раҳнаморо ё дар канори марҳум Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ (р) медидед ва ё бештар дар канори Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки ба унвони ёвари эшон хидмат мекард. Ин будааст ҷойгоҳи ҷаноби дуктур Абдулло Раҳнамо.

Ва аммо дар робита бо ин ки чаро ва ба чӣ далел фарде мисли дуктур Раҳнамо як дафъа (ва ё шояд ба тадриҷ), 180 дараҷа тағйири мавзеъ додааст, ҳарфу ҳадисҳои мухталифе гуфта мешавад; аз «хиёнат» бигир то «мақомхоҳӣ» ва «мансабдӯстӣ». Аммо банда, ки аввалан ҷаноби Раҳнаморо то ҳудуде мешиносам, ва сониян нисбат ба афрод ҳамвора хушгумон буда ва ҳусни занн дорам, фарзро бар ин мегирам, ки ин тағйири мавзеъ аз сӯйи ҷаноби Раҳнамо, ҳаддиақал аз назари худаш, муваҷҷаҳ ва қобили тавҷеҳ будааст ва ӯ ин тағйири мавзеъро дуруст мешуморад.

Дар ин ҷустор, мехоҳам ба баррасии ин тағйири мавзеъ бипардозам. Албатта, бо ин фарз, ки ҷаноби Абдулло Раҳнамо ба унвони як рӯшанфикр, фарде дилсӯз ба кишвар ва ҷомеаи худ мебошад ва мехоҳад, ки Тоҷикистон як кишвари пешрафта ва мутараққӣ ва демукротик бошад, ва агар тағйири мавзеъ дода, дақиқан ба далели ҳамин дилсӯзиаш ба кишвар ва ҷомеа будааст. Яъне, фарзро бар ҳамин мегирем.

* * *

Ҳол, дар тавҷеҳи тағйири мавзеъи ҷаноби Раҳнамо, он чӣ беш аз ҳама эҳтимолаш меравад ин аст, ки бигӯем: ӯ як сиёсатмадори реалист ва амалгарост. Ба сухани дигар, ӯ воқеияти Тоҷикистонро чунин дида (ва мебинад), ки агар касе бихоҳад хидмате барои ҷомеа ва кишвараш бикунад ва дар пешрафт ва тавсиъаи он – тавсиъаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳатто иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ғайра – саҳмгузор бошад, чорае ҷуз ин надорад, ки «воқеияти Эмомалӣ Раҳмон»-ро ба унвони фарде, ки қудрат дар Тоҷикистон дар ихтиёри ӯст, бипазирад. Яъне, Раҳнамо дар тағйири мавзеъи худ, таслими ин «воқеият» шудааст. Ва агар ҷое ҳам аз Раҳмон таърифу тамҷид ба амал меоварад, на бад-ин хотир аст, ки воқеан Раҳмон фарде шоиста аст, балки ба ин ҷиҳат аст, ки агар бихоҳӣ барои кишварат хидмат бикунӣ, бояд ин «воқеияти талх»-ро бипазирӣ ва онро таҳаммул бикунӣ.

* * *

Аммо суоли асосӣ ин аст, ки дар арсаи сиёсат, оё як рӯшанфикр метавонад реалист бошад? Оё реалист будан дар ин арса, бо рӯшанфикр ва ислоҳталаб ва тағйирхоҳ будан мехонад?

Тавзеҳ ин ки: агар дар арсаи фалсафа, реалист будан ҳамеша матлуб аст ва идеалист будан накӯҳиш шуда, вале дар арсаи сиёсат чунин нест. Яъне дар арсаи сиёсат, воқеъгароӣ на ҳамеша писандида ва матлуб аст, ба хусус дар ҷомеае, ки ниёзи мубрам ба тағйир ва ислоҳ дорад.

Иҷоза бидиҳед, ибтидо ду мафҳуми реализм ва идеализмро тавзеҳ бидиҳам. Реализм (realism) ба маънои воқеиятгароӣ ва воқеъ‏бинӣ аст ва идеализм (idealdsm) ба маънои маъногароӣ ва ормонгароӣ. Ин дар луғат аст ва аммо дар арсаи сиёсат, реализм ба маънои «амали ҳамроҳ бо воқеъбинӣ ва истифода аз имконоти мавҷуд, дар ҷиҳати ҳукумат ва касби қудрат ва манофеи бештар» аст. Ва идеализм дар ин арса, ба маънои «ҳунари хуб ҳукумат кардан бар меҳвари усули ахлоқи инсонӣ» мебошад.

Дар нигариши реалистӣ, ҳукумат кардан мутаассифона ба ҳар шакли мумкин ҷоиз дониста мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки рӯшафикрон дар тӯли торих, агар дар арсаи фалсафа реалист будаанд, вале дар арсаи сиёсат, бештар идеалист ва ормонгаро будаанд; дақиқан мисли паёмбарони илоҳӣ. Албатта, на ба ин маъно, ки хиёлпардоз буда бошанд, ҳаргиз! Балки ба ин маъно, ки агар дар ҷомеа фасод соя афканда бошад ва зимоми ҷомеа дар дасти афроди ситамгар ва золим ва ғайри лоиқ қарор дошта бошад, аввал ба ислоҳи ҷомеа пардохта ва сипас мардумро алайҳи ҳукком ва ситампешаҳо суқ додаанд ва бо ҳамин роҳ, вазъро тағийр ва дигаргун сохтаанд. На ин ки таслими «воқеиятҳо» шуда ва бо пазириши он воқеиятҳо, ба ислоҳ бипардозанд. Афлотун, ки дар арсаи сиёсат ва тарзи идораи ҷомеа ақоиди ормонии хоссе дошт ва онҳоро дар китобе, ки ба «Мадинаи фозила» маъруф аст навишта ва мӯътақид буд, ки идораи ҷомеа бояд ба василаи ҳакимон бошад, ин ақоидро танҳо ба унвони як назария матраҳ накард, балки худаш барои амалӣ кардани ин манзур, ба ҷазираи Сисил (Ситсилия) мусофират кард ва хост инчунин ҷомеаеро дар онҷо бунён гузорад.

Такрор мекунам, идеализм дар арсаи сиёсат, ба маънои хиёлпардозӣ нест, балки ба маънои «ҳукумат кардан бар меҳвари усули ахлоқи инсонӣ» аст. Аз ҳамин назар аст, ки шахсиятҳое мисли Гондӣ, дар арсаи сиёсат ба унвони реалист шинохта намешаванд, балки идеалист буданд ва саранҷом ба ҳадафи худ ноил ҳам омаданд.

Бинобар ин, касе ки воқеан худро як рӯшанфикр мешуморад ва барои пешрафт ва тараққии кишвар гом бармедорад, ӯ ҳаргиз таслими «воқеият» намешавад, агарчи танҳои танҳо бошад. Балки ӯ «воқеият» месозад, то дигаронро таслими он намояд.

Аз ин рӯ, ҳаргиз бо таслим ва пазируфтани воқеияти талхе, ки дар кишвари мо соя афкандааст, наметавон ҷомеа ва кишварро дигар кард ва вазъро тағйир дод. Ин як хиёли хом аст. Касе ки дилаш ба кишвар ва ҷомеааш месӯзад, ӯ бояд камар барои анҷоми як тағйири решаӣ бибандад, ҳарчанд ки ин кор замонбар бошад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.