Таҳлилот

Mizanonline: «Тоҷикистон таҳти таъсири режими Оли Сауд аст»

Як пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии эронӣ, бо ишора ба мухолифати Тоҷикистон ба узвияти Эрон дар Созмони Шонгҳой, навиштааст: «Мухолифати Тоҷикистон, мухолифати мардуми ин кишвар нест, балки давлатмардони он мухолиф ҳастанд. Тоҷикистон таҳти таъсири режими Оли Сауд аст. Омрико ҳам нуфузи зиёде дар ин кишвар дорад, ба ҳамин хотир аст, ки дар ҷараёни таниши Эрон ва Арабистон, мақомоти ин кишвар муносиботи фарҳангӣ ва донишҷӯии худро ба хотири ҳамроҳӣ бо Арабистон, бо Эрон қатъ карданд.»

Машрӯҳи ин мақола ба шарҳи зерин аст:

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо аз хуруҷи Ангилис нохурсанд ҳастанд ва барои мондани ин кишвар дар «Иёлоти Муттаҳидаи Урупо» талоши бисёре карданд, аммо алорағми ин ки чанд сол аст Эрон узви нозири Шонгҳой буда ва дархости узвияти худро ироа додааст, аммо рӯзи гузашта дар нишасти Шонгҳой дар Ӯзбакистон, дархости Эрон пазируфта нашуд. Ин чандумин бор аст, ки дархости Ҷумҳурии Исломӣ рад мешавад.

Коркарди ин иттиҳодияҳо ва созмонҳои минтақаӣ то чӣ андоза тавонистааст дар беҳбуди авзоъи кишварҳои узв, минтақа ва байналамилал таъсир гузорад ва мусбат бошад?

Ба таври иҷмолӣ агар бихоҳем ба ин пурсиш посух диҳем, чунин созмонҳое аз аҳдофи аввалия, аслӣ ва воқеии худ ба дур ҳастанд ва ҳамин боис мешавад на танҳо ба худ, балки ба дигар кишварҳо ва мардумони дунё ҳам хасорат ворид созанд. Намунаи боризи он, Иттиҳодияи Урупо аст.

Тасмимоте, ки дар ин созмонҳо гирифта мешавад, ҳарчанд иҷмоъӣ ва шӯроӣ аст, аммо ҳамаи аъзои он дар як андоза нестанд ва дар миёни онҳо кишварҳои қудратманд дида мешаванд, то бар рӯйи раъйи кишварҳои заъифтар таъсир бигузоранд.

Шояд ин гуна созмонҳо ва иттиҳодияҳо дигар коркарди худро аз даст додаанд ва танҳо як жести иттиҳод эҷод мекунанд, дар ҳоле ки воқеияти дарунии онҳо чизи дигаре аст.

Ҳар кишваре нисбат ба доштаҳои худ зарфиятҳое дорад. Вусъат, ҷамъият, манобеи миллӣ, торих ва фарҳанги дерин ва ғанӣ, қудрат ва иқтидор, диплумосии қавӣ ва бисёре масоили дигар вуҷуд дорад, ки муаллафаҳои кишвари таъсиргузор ва бузург аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам акнун аз бисёре аз ин муаллафаҳо ва вижагиҳо бархӯрдор аст, ин вижагиҳо боис мешавад, то дигар кишварҳо барои доштани равобити беҳтар ва амиқтар бо он гом бардоранд.

Созмонҳои минтақаӣ ҳам барои ин ки битавонанд қобилиятҳои худро афзоиш диҳанд, саъй мекунанд барои боло бурдани қудрати худ ёргирӣ кунанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) танҳо созмоне аст, ки дар минтақаи Осиёи Миёна фаъолият дорад. Дар шарқу ҷануби шарқи Осиё созмонҳое вуҷуд дорад, аммо наздиктарин созмон ба Эрон, Шонгҳой аст.

Вижагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин аст, ки дар заминаи сиёсӣ истиқлоли комил дорад ва аз ҳеч қудрате таъсир намегирад. Чунин кишваре барои ҳар созмон ва иттиҳодияе як имтиёзи бузург аст, аммо дар ҳамин Созмони Ҳамкории Шонгҳой кишварҳое вуҷуд доранд, ки таҳти таъсири кишварҳои дигар ҳастанд, ё ин ки шароит эҷоб мекунад бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мухолифат кунанд. Ин заъфи бузурге барои чунин созмонҳое аст, ки бо ҳузури даҳҳо кишвар бо қобилиятҳои вижа ташкил шудааст.

Инки пас аз чандин бор бо узвияти Эрон мухолифат мешавад, далеле ҷуз ин надорад, ки бархе аъзо ба хотири бархе масоил бо узвияти Эрон дар Созмони Шонгҳой мухолифат мекунанд.

Бар асоси ахбори мунташиршуда, Чин ва Тоҷикистон мухолифи узвияти Эрон дар Шонгҳой будаанд, аммо Русия ва Қазоқистон аз узвияти Эрон дифоъ кардаанд.

Аммо чаро кишваре монанди Тоҷикистон, ки қаробатҳо ва шабоҳатҳои бисёре бо Эрон дорад, мухолифат мекунад?

Мухолифати Тоҷикистон, мухолифати мардуми ин кишвар нест, балки давлатмардони он мухолиф ҳастанд. Тоҷикистон таҳти таъсири режими Оли Сауд аст. Омрико ҳам нуфузи зиёде дар ин кишвар дорад, ба ҳамин хотир аст, ки дар ҷараёни таниши Эрон ва Арабистон, мақомоти ин кишвар муносиботи фарҳангӣ ва донишҷӯии худро ба хотири ҳамроҳӣ бо Арабистон, бо Эрон қатъ карданд.

Тоҷикистон кишвари фақире аст, ба ҳамин хотир метавон ба роҳатӣ бо пул ин кишварро таҳти нуфуз қарор дод. Арабистони Саудӣ пулҳои зиёдеро барои ҷазби он харҷ кардааст.

Собиқаи поягузории СҲШ ба иҷлоси соли 1996-и сарони кишварҳои Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Шонгҳой бозмегардад, ки паймонеро барои «таъмиқи эътимоди низомӣ дар марзҳои минтақа» имзо карда ва ниҳоде мавсум ба «Гурӯҳи панҷ»-ро таъсис карданд.

Бо қабули узвияти Ӯзбакистон дар соли 2001, ин гурӯҳ номи худро ба «Созмони Ҳамкории Шонгҳой» (СҲШ) тағйир дод.

Ин созмон ҳадафҳои худро ҳамкориҳои амниятӣ дар Осиёи Миёна аз ҷумла дар заминаи мубориза бо теруризм, ҷунбишҳои ҷудоиталабона ва ифротгароии мазҳабӣ эълом кард.

Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳамчунин густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубодилоти фарҳангиро аз ҷумлаи ҳадафҳои худ қарор додааст.

Рӯзи гузашта нишасти дурӯзаи Шонгҳой поён ёфт, дастури кори ин нишаст, баррасии тақозои узвияти доими Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар ин созмон буд, аммо дархости Эрон пазируфта нашуд ва Ҳинд ва Покистон ба узвияти он даромаданд.

Вуруди масоили сиёсии берун аз чорчӯби Созмони Шонгҳой ва ҳамроҳӣ ва табаъият аз бархе авомили хориҷӣ, роҳи Шонгҳойро ба бероҳа хоҳад кашид.

Аъзои Шонгҳой худро аз узвияти доими Эрон маҳрум карданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ таҳрим бошад ва чӣ таҳримҳои ӯ лағв шавад, зарфиятҳо ва қобилиятҳои вижаи худро дорад ва наметавон онҳоро инкор кард.

Ҳамакнун Чин, ки бо узвияти Эрон мухолифат кардааст, бештарин баҳраро аз бобати равобити иқтисодии худ бо Эрон, ҳам дар замони таҳрим ва ҳам пас аз он бурда ва мебарад.

Аммо шояд дар заминаи узвияти доими Эрон дар СҲШ заъфҳое дар ҳавзаи диплумосӣ ҳам вуҷуд доштааст, ки боис шуд то набуд ё камбуди ройзанӣ бори дигар узвиятро ба таъвиқ биандозад, дар ҳоле ки Покистон ва Ҳиндустон пазируфта мешаванд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои гузашта дар иҷлоси СҲШ дар сатҳи олӣ ва бо ҳузури раисиҷумҳур ширкат мекард, аммо ин бор вазири хориҷа дар он ҳузур ёфт, шояд масъулини диплумосии Эрон аз пеш медонистанд, ки узвияти Эрон рад хоҳад шуд, ба ҳамин хотир Руҳонӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, ба Тошканд нарафт.

Таҳримҳои байналмилалӣ, ки бо Барҷом бардошта шуд, монеъи аслии сари роҳи узвияти Эрон дар СҲШ ҳам аз байн рафт, аммо боз ҳам узвият ба даст наомад.

Вазири хориҷаи Чин, ки муносиботи иқтисодии густардае ҳам бо Эрон дорад, далели мухолифати давлаташро ин гуна баён карда: «Пекан бештар моил аст ибтидо баҳси илҳоқи Ҳинд ва Покистон ниҳоӣ шавад ва узвияти Эрон дар оянда анҷом бигирад. Гарчи таҳримҳо бардошта шуда, вале камокон қарордоди умдае ҳам байни кишварҳои ғарбӣ ва Эрон баста нашудааст

Ва албатта шояд ҳам тарки солуни иҷлос аз сӯи Зариф, ки гуфта шуд ба хотири иқомаи намоз будааст, ба хотири эътироз нисбат ба тасмими аъзои Созмон иттихоз шуд.

Шояд ҳам мақомоти давлат ва дастгоҳи диплумосии Эрон тасаввур мекунанд, ки бо вуҷуди барчида шудани таҳримҳо ва дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ, гаройиш ба Ғарб ва Урупо муносибтар аз он аст, ки ба Шарқ гаройиш дошта бошанд.

Узвияти Эрон метавонист зарфиятҳои Шонгҳойро қувват бахшад. Аммо ин гуна нашуд, ҳарчанд пешбинӣ ҳам мешуд, ки нарафтани раисиҷумҳурии Эрон ба ин иҷлос, ба маънои напазируфтани Эрон ба унвони узви тозаи Шонгҳой аст.

Агар Туркия 50 сол аст, ки пушти дарвозаҳои Иттиҳодияи Урупо сарпо истода ва илтимос мекунад, аммо Эрон Туркия нест, ки чунин коре анҷом бидиҳад.

Mizanonline

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.