Сиёсат

Ардуғон аз Путин узрхоҳӣ кард

Сухангӯи кохи риёсати ҷумҳурии Русия эълом кард, раисиҷумҳури Туркия ба хотири кушта шудани халабони русӣ дар ҳодисаи сарнагунии ҷангандаи СУ-24 бар фарози Сурия, аз Владимир Путин узрхоҳӣ карда ва хостори оддисозии равобит миёни ду кишвар шудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремлин эълом кард, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, кушта шудани халабони русӣ дар ҳодисаи сарнагунии ҷангандаи СУ-24 дар моҳи ноябри соли гузаштаро таслият гуфтааст.

Бино бар гузориши хабаргузории «Спутник«, Песков ҳамчунин таъкид кард, ки Ардуғон «мутаъассиф аст» ва тамоюл дорад, то ба бӯҳрони эҷодшуда дар равобити миёни ду кишвар расидагӣ кунад.

Бар асоси ин гузориш, дар торихи 24 ноябри соли 2015 як фарванд ҷангандаи русии СУ-24 тавассути ҷангандаҳои F-16-и Туркия дар хоки Сурия ҳадаф қарор гирифта ва сарнагун шуд. Яке аз ду халабони ин ҷангандаи русӣ дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст дод.

Бино бар ин гузориш, Олег Пешков, халабони русӣ, ки ҷони худро дар ин ҳодиса аз даст дод, пас аз ҳадаф қарор гирифтани ҷанганда муваффақ шуда буд аз ҳавопаймо хориҷ шавад, аммо як гурӯҳи шибҳинизомии мусаллаҳ вайро ҳадаф қарор дода ва ба қатл мерасонад.

Баъдҳо, Олпарслон Салич, узви гурӯҳи шибҳинизомии «Гургҳои хокистарӣ»-и Туркия, ки гуфта мешуд дар ин минтақа фаъолият дошта, мушорикати худ дар қатли ин халабони русиро таъйид кард.

Бар асоси ин гузориш, муҳокимаи ин шаҳрванди туркияӣ дар шаҳри Измири Туркия оғоз шудааст. Салич зоҳиран пештар аз иттиҳоми мушорикат дар қатли ин халабони русӣ табриъа шуда буд ва ҳамакнун ба ҷурми ҳамли ғайриқонунии таслеҳот дар Туркия муҳокима мешавад.

Бино бар ин гузориш, дар матни номаи Ардуғон хитоб ба раисиҷумҳури Русия омадааст: «Мо ҳаргиз қасд ва тамоюле барои сарнагун кардани ҷангандаи Федеросиюни Русияро надоштаем

Дар идомаи ин нома омадааст: «Мо бо бар ӯҳда гирифтани тамоми рискҳо ва алорағми тамоми хатароте, ки вуҷуд дошт, ниҳояти талоши худро ба кор гирифтем, то ҷасади ин халабони русро аз манотиқи таҳти контроли мухолифони Сурия гирифта, ба Туркия мунтақил кунем. Тамоми ин иқдомот ба ин далел анҷом гирифт, ки равобити Русия ва Туркия барои мо арзишманд аст

Ардуғон дар идомаи ин нома таъкид кардааст: «Ман моилам муҷаддадан ҳамдардӣ ва амиқтарин таслияти худ ба хонаводаи ин халабони русиро иброз карда ва бигӯям, ки мутаъассифам. Аз самими қалб, дар дарди онҳо шарик ҳастам. Хонаводаи халабони рус, барои мо монанди хонаводаҳои туркияӣ ҳастанд. Барои ҷуброни дард ва хасоратҳое, ки бор омада, омодаи ҳар ибтикори амалӣ ҳастем

Бар асоси ин гузориш, дар ин нома ҳамчунин гуфта шуда, ки шаҳрванди туркияӣ, ки номи вай бо кушта шудани халабони русӣ муртабит эълом шуда, таҳти пайгарди қазоӣ қарор мегирад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.