Сиёсат

Ардуғон чаҳоршанбе ё панҷшанбе бо Путин дидор мекунад

419

Нахуствазири Туркия мегӯяд, раисиҷумҳури ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе ё панҷшанбе бо раисиҷумҳури Русия дидор хоҳад кард.

Ба гузориши рӯзномаи Daily Sabah, Бинолӣ Илдирим, нахуствазири Туркия, гуфт, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи чаҳоршанбе ё панҷшанбе бо Владимир Путин, ҳамтои русиаш, мулоқот хоҳад кард.

Рӯзномаи мазкур ин хабарро ба нақл аз нахуствазири Туркия эълом карда, аммо ҳанӯз ба ҷузъиёти бештаре аз он ишора накардааст.

Ин хабар соатҳое баъд аз он эълом мешавад, ки Дмитрий Песков, сухангӯи кохи Кремлин гуфт, ки Ардуғон дар номае ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ, «барқарории муҷаддади равобити дӯстона дар зудтарин вақт»-ро аз вай хостор шуд. Вай, бобати иқдоми Туркия дар сарнагун кардани ҷангандаи СУ-24-и Русия дар моҳи ноябр низ узрхоҳӣ кард.

Ва ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Туркия баъд аз интишори гузоришҳое дар бораи узрхоҳияш аз Русия бобати сарнагунии як фарванд ҷангандаи СУ-24 бар фарози Сурия гуфт, ки Онкоро равобит бо Маскавро «фавран» оддӣ хоҳад кард.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи душанбе дар маросими зиёфати ифтор гуфт: «Бовари ман ин аст, ки мо фавран равобитамон бо Русияро оддӣ карда ва ба вазъи мавҷуд, ки ба нафъи ҳеч як аз ду тараф нест, хотима хоҳем дод

Гуфтанист, равобити Русия ва Туркия, баъд аз ноябри соли гузашта вориди таниш шуд, дар он замон ҷангандаҳои F-16 Туркия як фарванд ҷангандаи СУ-24-и Русияро дар хоки Сурия ҳадаф қарор доданд, яке аз ду халабони ин ҷангандаи русӣ дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.