Перейти к содержимому

Ҳушдори сойти Паём.нет

Сойти Payom дар гузорише, бо баёни ин ки «бо ибтикори КДАМ ва чанд сохтори дигари давлатӣ аз тарафи “фабрикаи ҷавоб” нусхаи сомонаи Паём.нет бо нишонаи Payomi.net роҳандозӣ шудааст» навишт: «Аз хонандагони азиз хоҳиш мекунем ба ин фитнаи Кумитаи фитнасози амнияти миллӣ дода нашаванд ва аз он сомонаи роҳзанон истифода накунанд. Инчунин ин хабарро то ҳадди имкон дар шабакаҳо нашр намоянд ва ба дигарон бирасонанд. Мо мутмаинем, ки бо кӯмаки Худованд ва хонандагони азизи худ ин дасисаи ноҷавонмардонаро ҳам пешгирӣ хоҳем кард.»

Гузориш афзудааст: «Дар намуд сомонаи қалбакии “Фабрикаи ҷавоб” аз Паём.нет ҳеҷ фарқе надорад, танҳо фарқ дар нишонӣ аст, ки аз мо Payom.net аст ва аз онҳо Payomi.net. Яъне ҳамагӣ як ҳарфи I илова кардаанд. Алъон ҳарчӣ мо нашр кардем, онҳо бознашр мекунанд. Дар оянда, вақте хонандаи бештар ҷалб карданд, ният доранд мақолаҳои иғвоангезу дурӯғин нашр намоянд, то хонандагони азизро гумроҳ созанд

Гузориш дар идома хотирнишон кардааст: «Даҳҳо маротиба кӯшиш карданд бо пардохти маблағҳои ҳангуфт сомонаи моро бишкананд, вале хушбахтона муваффақ нашуданд. Билохира ба ин амали ноҷавонмардона даст заданд

Сойти Payom дар поён таъкид кардааст: «Мо сароҳатан эълон мекунем, ки ин сомонаи сохтаи КДАМ аз мо нест ва ҳеч дахле ба мо надорад. Ин як дуздӣ ва амали ноҷавонмардонаи КДАМ ва ҳукумати Раҳмон мебошад, ки аз гуфтугӯи рӯ ба рӯ ҳамеша мегурехтанду мегурезанд. Аз хонандагони азиз ҳам хоҳиш мекунем ба ин фитнаи Кумитаи фитнасози амнияти миллӣ дода нашаванд ва аз он сомонаи роҳзанон истифода накунанд. Инчунин ин хабарро то ҳадди имкон дар шабакаҳо нашр намоянд ва ба дигарон бирасонанд. Мо мутмаинем, ки бо кӯмаки Худованд ва хонандагони азизи худ ин дасисаи ноҷавонмардонаро ҳам пешгирӣ хоҳем кард

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: