Перейти к содержимому

«Рӯзи ҷаҳонии Қудс»… Чаро?

656Дар робита бо чароии дифоъ аз Қудс — дуввумин қиблаи мусалмонон ва низ дифоъ аз мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин, шояд касе беҳтар аз Устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ (р) сухан нагуфтааст. Ӯ мегӯяд:

«Агар Пайғамбари ислом (с) зинда мебуд, имрӯз чӣ мекард? Дар бораи чӣ масъалае меандешид? Валлоҳ ва биллоҳ қасам мехӯрам, ки Пайғамбари Акрам (с) дар қабри муқаддасаш имрӯз аз яҳуд меларзад… Ин яҳудиёне, ки шумо имрӯз исмашонро мешунавед — Муше Доён, Зили Ашкул, Гулдо Моир — охир бибинед, аз куҷои дунё омадаанд? Муддаъӣ ҳастанд, ки ин сарзамин, сарзамини мост… Ҳол, ҳадаф магар танҳо ҳамин аст, ки як давлати кучак дар онҷо ташкил шавад?.. Ӯ медонад, ки як давлати кучак билохира наметавонад онҷо зиндагӣ кунад, як Исроили бузург, ки доманааш аз ин тараф шояд то Эрони худамон ҳам кашида шавад. Ба қавли Абдурраҳмони Фаромарзӣ: «Ин Исроиле, ки ман мешиносам, фардо иддаъои Шерозро ҳам мекунад ва мегӯяд: шоирҳои худи шумо ҳамеша дар ашъорашон исми Шерозро гузоштаанд «Малик Сулаймон». Ҳарчи бигӯи оқо! Он ташбеҳ аст, мегӯяд: санад аз ин ҳам беҳтар мехоҳед? Магар иддаъои Хайбарро, ки наздики Мадина аст, надоранд? Магар Рузвелт (раисиҷумҳури Омрико) ба подшоҳи вақти Арабистони Саудӣ пешниҳод надод, ки шумо биёед ин шаҳрро ба инҳо бифурӯшед?…

Валлоҳ ва биллоҳ! Мо дар баробари ин қазия масъулем. Ба Худо қасам! Масъулият дорем… Валлоҳ! Қазияе, ки дили Пайғамбари Акрам (с)-ро имрӯз хун кардааст, ин қазия аст… (Имрӯз) агар Ҳусайн (а) буд, мегуфт: агар мехоҳӣ барои ман азодорӣ кунӣ, барои ман сина ва занҷир бизанӣ, шиори имрӯзи ту бояд Фаластин бошад. Шимри имрӯз Муше Доён аст. Шимри 1300 соли пеш мурд, Шимри имрӯзро бишнос…»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: