Перейти к содержимому

Ҳайдаршо Акбаров: «Ҳадаф, бузург кардани ихтилоф дар миёни уммати исломӣ ва дар ҳошия қарор додани баҳси Фаластин аст»

Намояндаи собиқи порлумони Тоҷикистон, бо баёни ин ки «хунрезиҳое, ки имрӯз дар Сурия ва Ироқ ба номи ислом ва ҷиҳод аз сӯйи ДОЪИШ ва соири гурӯҳҳои теруристӣ сурат мегирад, кучактарин иртиботе бо дини Худо надорад», таъкид кард: «Ҳадаф, бузург кардани ихтилоф дар миёни уммати исломӣ ва дар ҳошия қарор додани баҳси Фаластин ва Қудси шариф аст.»

Ҳайдаршо Акбаров, намояндаи пешини порлумони Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, мавзӯи Фаластин ва озодии Қудси шарифро муҳимтарин омил барои ваҳдат ва ҳамфикрии мусалмонон унвон кард ва хостори барҷаста кардани аҳаммияти ин мавзӯъ аз сӯйи шахсиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, расонаҳои гурӯҳӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ба эътиқоди ин соҳибназари масоили торих, ҳеч як инсони воқеӣ наметавонад нисбат ба зулм ва истибдоде, ки бар мардуми Фаластин раво дошта мешавад, бидуни тафовут бошад. Дар ҳоле ки Омрико ва Ғарб ба унвони «мудофеъи» демукросӣ ва адолати ҷаҳонӣ, дар ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ ба сурати мустақим даст доранд ва Созмони Милали Муттаҳид низ дар анҷоми нақши худ оҷиз ва нотавон аст, фақат ва фақат муқовимат ва ҷиҳоди мардуми Фаластин аст, ки метавонад натиҷа дошта бошад.

Вай гуфт: «Қудрати муқовимат тайи се марҳилаи таҷовузи мусаллаҳонаи режими саҳюнистӣ дар солҳои 2008, 2012 ва 2014 алайҳи навори Ғазза ба намоиш гузошта шуд ва ба ишғолгарон иҷоза надод, то ба аҳдофе, ки эълом карда буданд даст ёбанд. Зимнан, режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми навори Ғазза аз силоҳҳои мамнӯъ назири бомбҳои фосфорӣ истифода кард, ки боз ҳам ин иқдоми зиддибашарӣ аз сӯйи Омрико ва Ғарб нодида гирифта шуд

Акбаров таъкид кард: «Имрӯз беш аз ҳама режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш, аз падидаи муқовимат ва ҷиҳоди мусаллаҳонаи мардуми Фаластин бим доранд. Чаро ки муқовимат ба унвони як нерӯи низомии тавонманд дар муқобили мутаҷовизон шакл гирифта ва тайи ҷанге, ки соли гузашта ишғолгарон алайҳи навори Ғазза роҳ андохтанд, бо иқдомоте, ки пиёда кард, хобро на танҳо аз чашми сарони Телавив, балки бештари сокинони манотиқи ишғолӣ ҳам рабуд. Пазириши оташбас аз сӯйи режими саҳюнистӣ, дар ҳақиқат ба маънои нокомӣ ва шикасти он дар баробари муқовимати фаластинӣ буд

Ин намояндаи собиқи порлумони Тоҷикистон, иззат ва азамати уммати исломиро дар гарави озодии Қудси шариф донист ва хостори муқобилаи шадиди мусалмонон бо барномаҳои режими ғосиб барои яҳудӣ кардани он шуд.

Вай идома дод: «Мушкили Фаластин, бидуни бозгардондани милюнҳо нафар овора ба ватани худ, роҳи ҳалли воқеӣ пайдо нахоҳад кард. Аммо режими ҷаълии саҳюнистӣ бо истифода аз пуштибонии Омрико ва Ғарб ва сукути боқии қудратҳо ва ба хусус кишварҳои арабӣ ҳамарӯза ба мусодираи бахшҳои дигаре аз боқимондаҳои сарзаминҳои фаластинӣ машғул мешаванд. Дар чунин як шароите бояд созмонҳо ва наҳзатҳое дар кишварҳои мусалмон ва ба хусус арабӣ, ба ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ин қазия машғул шаванд, то нагузоранд, ки давлатҳои ин кишварҳо боз даҳсолаҳои дигар нисбат ба ин мавзӯъи имонӣ ва исломӣ бетафовутии комил нишон диҳанд.»

Ин мақоми собиқи тоҷик бо ишора ба наҳзатҳое, ки тайи панҷ соли гузашта дар минтақа иттифоқ афтод, тасреҳ кард: «Раванди бедории исломе, ки дар бархе аз кишварҳои исломӣ иттифоқ афтод, то ҷое мӯҷиби нигаронии режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш шуд, ки ба суръат ба фикри мунҳариф кардани он шуданд. Ба хотири инҳирофи масири ҳаракатҳои исломхоҳии мардум, режими ҷаълӣ ва муттаҳидони ғарбӣ ва шарқиаш иқдом ба эҷоди конунҳои ҷадиди бӯҳрон дар минтақа карданд. Имрӯз хунрезиҳое, ки дар Сурия ва Ироқ ба номи ислом ва ҷиҳод аз сӯйи ДОЪИШ ва соири гурӯҳҳои теруристӣ сурат мегирад, кучактарин иртиботе бо дини Худо надошта, балки ҳадафи бузург кардани ихтилоф дар миёни уммати исломӣ ва дар ҳошия қарор додани баҳси Фаластин ва Қудси шарифро дар назар дорад

Ба эътиқод вай, «ба ин манзур аст, ки талош мешавад, то бештари рӯёрӯиҳои мусаллаҳонаи мавҷуд дар минтақа ба унвони ихтилофи мазҳабӣ ва умдатан шиъа ва суннӣ матраҳ шавад. Мушкилоте, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ, Яман ва бархе аз кишварҳои дигари мусалмон эҷод мешавад, фақат ва фақат ин ҳадафи калонро дар назар гирифтааст. Аммо мусалмонони огоҳ набояд фиреби тарфандҳои душманро хӯранд, балки бо ифшогарии барномаҳои хатарноки он ба ҳифз ваҳдат ва ҳамдилии исломӣ кӯмак кунанд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: