Перейти к содержимому

Ҷиҳод ва салафият — 1

(Нақди мафҳуми ҷиҳод аз назари салафият)

Ба қалами Маҳдии Азизон, Муҳаммади Мубидӣ ва Муртазо Наҷафӣ

Бахши аввал

Чакидаи мақола

Ҷиҳод яке аз омӯзаҳои исломӣ аст, ки анҷом додани он мубтанӣ бар шуруте аст, ки Қуръон ва ривоёт таъйин мекунанд. Салафият фаҳми вижае аз ҷиҳод дорад, ки бар асоси он, ҷанг бо мусалмононе, ки аз ислом бардоште ғайр аз бардошти салафият доранд ҷоиз ва рехтани хуни онон мубоҳ аст. Онҳо бар асоси ҳамин фаҳм, борҳо иқдом ба қатли омми мусалмонон — шиъа ва суннӣ — кардаанд ва ҳамакнун низ дар кишварҳои гуногуни исломӣ дар ҳоли ҷанг ва тавтиъа зидди мусалмонон ҳастанд.

Ин мақола дар садади посух ба ин пурсиш аст, ки бардошти салафият аз ҷиҳод оё бо Қуръон созгор аст ё хайр? Муҳимтарин натиҷаи пажӯҳиши пеши рӯ ин аст, ки ҷиҳоди дилхоҳи салафият бо додаҳои қуръонӣ арзёбӣ шуда ва мизони татобуқи он бо омӯзаҳои қуръонӣ рӯшан гардида.

Муқаддима

Ҷиҳод омӯзае аст, ки – бар асоси оёт, ривоёт, дониши фиқҳ ва сираи Паёмбари Акрам (с) — ислом онро дар маҷмӯъ на ба таври мутлақ мардуд дониста ва на ба таври мутлақ муҷоз шумурдааст. Балки шароит ва қавонини вижае барои он таъриф карда, то бо дигар омӯзаҳои динӣ таъоруз пайдо накунад. Албатта, фирқаҳои гуногуни исломӣ дар ҷузъиёт ва фуруъи мабоҳиси ҷиҳод ихтилофи назар доранд, вале ин ихтилофот чунон нест, ки рехтани хуни мусалмонони фирқаҳои дигар таҳти унвони ҷиҳод машрӯъият пайдо кунад.

Фирқаи салафият чунон тафсире аз ин омӯзаи исломӣ матраҳ кардааст, ки рехтани хуни мусалмонони фирқаҳои дигарро ҷиҳод меномад. Ин тафсир аз мақулаи ҷиҳод паёмадҳо ва лавозими номаъқуле дар пай дорад, ки бархе аз онҳо иборат аст аз: ихтилофафканӣ миёни мусалмонон, ворид кардани осебҳои ҷуброннопазир ба ҷомеаи исломӣ, тахриби чеҳраи ислом ва намоиши чеҳраи хашин аз он.

Аз ин рӯ, нақд ва баррасии ин нигариш зарурат пайдо мекунад, ҳамчунон ки аз ибтидои пайдоиши салафият донишмандони фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ посухҳои фаровоне ба он додаанд. Навиштори пеши рӯ низ дар ин замина нигошта шудааст. Сохтори навиштор ба ин сурат аст, ки пас аз баёни мафоҳим ва мабонии маърифатшиносона ва ҳастишиносонаи ҷиҳод дар нигариши салафият, ба таъорузи мабонии он бо оёти Қуръон мепардозад.

Мафҳумшиносӣ

1. Салафият, ваҳҳобият:

Салафият вожае аст, ки барои гурӯҳҳои мутаъаддиде аз фирқаҳои исломӣ ба кор бурда мешавад, вале мурод аз он дар ин мақола, фақат он гурӯҳ аз салафияте аст, ки ба дасти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб поягузорӣ шудааст. Пас, салафият ба ин маъно, ба «маҷмӯъаи ақоид ва андешаҳои Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ибни Сулаймони Тамимии Наҷдӣ» гуфта мешавад.

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар соли 1111-и ҳиҷрӣ дар шаҳри Уяйна аз сарзамини Наҷд ба дунё омад ва ҳамонҷо парвариш ёфт. Ӯ фиқҳро бар асоси мазҳаби Имом Аҳмад ибни Ҳанбал фаро гирифт. Ӯ аз кӯдакӣ бо бисёре аз ақоиди мусалмонон мушкил дошт. Падараш ӯро аз инкори эътиқодоти мусалмонон бозмедошт, вале вай даст аз корҳояш барнамедошт. Ӯ дар шаҳри Уяйна Усмон ибни Аҳмад ибни Муаммар, раиси ин шаҳрро ба тамаъи ҳукумат бар Наҷд бо худ ҳамроҳ кард, то ин ки дар соли 1160-и ҳиҷрии қамарӣ нахустин иқдоми амалӣ дар тахриби қубурро анҷом дод.

Ибни Абдулваҳҳоб сипас ба Диръия рафт ва чун дар он замон Муҳаммад ибни Сауд, ҷадди ҳокимони кунунии Арабистон, ҳокими Диръия буд, Ибни Абдулваҳҳоб дар садади баҳрабардорӣ аз қудрати ӯ баромад. Аз ин рӯ, вайро ба тамаъи ҳукмронӣ бар Наҷду Ҳиҷоз андохт. Муҳаммад ибни Сауд бо ӯ байъат кард, то бо номи ҷиҳод дар роҳи Худо, мусалмононро аз дами теғ бигузаронанд ва қаламрави қудрати худро густариш диҳанд.

Албатта ногуфта намонад, ки агарчи салафигарӣ аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар қарни 12-уми ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуд, аммо решаи он ба қарни 7-ум ва ба орои Ибни Таймия ва ҳатто пеш аз ӯ ба Хавориҷи садри ислом бозмегардад.

Ба таври куллӣ, аз садри ислом, нигарише мутаъассибона ва хашин миёни бархе мусалмонон вуҷуд дошта ва дар ҳар даврае ба таносуби шароит ба шакле буруз кардааст.

Пайдоиши салафият низ яке аз мароҳили ин нигариш аст. Омилҳои бурузи ин мактаби хашин масоиле буданд аз қабили: вазъияти ошуфтаи давлати Усмонӣ, шароити ҷуғрофиёии саҳрои Наҷд, руҳияи хашини мардуми он сомон, қабилагароӣ, набуди давлати марказии муқтадир, иттиҳоди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо Муҳаммад ибни Сауд ва ғайра.

2. Мусалмонон аз дидгоҳи ваҳҳобиён:

Ваҳҳобиён дар осори худ бисёре аз боварҳои мусалмононро ширк ва мухолифи тавҳид бармешумуранд, ки дар зер ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

Ибни Абдулваҳҳоб мусалмононро бадтар аз бутпарастони замони ҷоҳилият баршумурдааст. Ӯ мегӯяд: «Бо ин ки онҳо (бутпарастон) на ба маъод эътиқод доштанд ва на намоз мехонданд ва на чизе аз фароизи исломро баҷо меоварданд, ва Паёмбари Исломро соҳир ва воҷибулқатл ва Қуръонро сеҳр мешумурданд, вале боз ҳам бар мушрикони асри мо бартарӣ доранд

Вай тасреҳ мекунад: «Ширки онҳо (бутпарастон) сабуктар аз ширки инҳост«; зеро талаби шафоат мӯҷиб мешавад, то миёни инсон ва Худо «восита» воқеъ шавад, яъне аз воситаҳо бихоҳанд, ки назди Худо аз онон шафоат кунанд, ва ин ширк ва ибодати ғайри Худост.

Вай дар ҷойи дигар мегӯяд: «Тавассул ба мурдагон хитоб ба маъдум аст ва аз назари ақлӣ кори зиште аст

Вай дар китоби «Кашфуш-шубуҳот» беш аз 20 бор ҳамаи мусалмонон, ба ҷуз пайравони худашро мушрик мехонад ва бо вожагони нописанде аз онҳо ном мебарад, монанди куффор, бандагони бутҳо, муртадҳо, мунофиқон, мункирони тавҳид, душманони тавҳид, душманони Худо, муддаъиёни ислом, аҳли ботил, «аллазина фи қулубиҳим зайғ», нодонон, шаётин, кофирони нодон ва ғайра…

Санъонӣ, аз сарони биниши ваҳҳобигарӣ, беш аз 30 бор мусалмононро мушрик ва беш аз 15 бор онҳоро мулҳид, кофир, кофири аслӣ, парастандагони ғайри Худо ва дар 10 маврид ононеро, ки мусалмонон ба онҳо табаррук ҷуста ва аз онон талаби ҳоҷат мекунанд, Худо, Санам, Васан (шарики Худо), Нидуллоҳ (мисли Худо) хондааст.

3. Ҷиҳод:

Салафият таърифи вижае аз ҷиҳод дорад. Табйини ин мақула бастагӣ ба баёни мабонии фикрии салафият дар масъалаи ҷиҳод дорад, ки то рӯшан нашавад, наметавон онро нақд кард. Аз ин рӯ, зарурӣ аст нахуст ба табйини мабонии фикрии ҷиҳоди салафият падохта ва сипас бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳои қуръонӣ, ба нақди он бинишинем.

а) Мабонии маърифатшинохтӣ:

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки асри мо қарнҳо аз қуруни аввалияи ислом фосила гирифтааст, ҷараёни салафият муддаъӣ аст, ки хурофот ва бидъатҳо исломро фаро гирифтааст, аз ин рӯ, баҳси маърифатшиносии дин ва роҳҳои бозшиносии ҳақ аз ботил зарурат ёфтааст.

1. Мубориза бо хурофот ва бидъатҳо:

Он чунон ки аз саргузашти Ибни Абдулваҳҳоб, муассиси ин фирқа бармеояд, омил ва ангезаи аслии пайдоиши ин фирқа, мубориза бо бидъатҳо ва хурофот аст. Чунон ки гуфта шуд, Ибни Абдулваҳҳоб мушоҳида мекард, ки мусалмонон ва ҳатто уламои онҳо «бидъатҳо» ва хурофотеро вориди дин карда ва чизҳое ба дин нисбат додаанд, ки на танҳо аз дин набуда, балки мӯҷиби гумроҳии мардум аз дин шудааст. Ӯ нахуст, дар навҷавонӣ ва ҷавонӣ ин аъмол ва ақоиди мусалмононро ба масхара мегирифт ва нақд мекард. Сипас, ба таври амалӣ дар садади мубориза бо он чӣ ки ӯ «бидъат» меномид, баромад.

Идеяи бидъатзудоӣ аз дин, он қадр ҷаззоб ва таҳриккунанда аст, ки ҳар касеро ба худ ҷалб мекунад, ҳатто мумкин аст ҳеч мусалмоне мухолифи он набошад, аммо бидъат чист? Дин кадом аст? Бидъат ва хурофа кадом аст? Ҳукми бидъатгузор ва бидъатсоз чист? Меъёри бидъат чист?

Инҳо ва масоиле аз ин даст, бидъатзудоиро ба як фаъолияти тахассусӣ ва бисёр дақиқ табдил мекунад, аммо оё салафият рӯёрӯии маъқуле бо ин пурсишҳо доштааст? Дар идома ба ин пурсиш посух дода мешавад.

2. Бозгашт ба салафи солеҳ:

Салафият барои посух ба ин пурсиш, ки «меъёри бозшиносоии ҳақ аз ботил ва дини ростин аз хурофот ва бидъатҳо чист?», мафҳуми «салаф»-ро аз Ибни Таймия вом гирифтааст.

Ибни Таймия дар рисолаи «Алфурқон байнал-ҳаққи вал-ботил«, асли «салафи солеҳ»-ро ин гуна тавзеҳ медиҳад: Қуръон як фурқон ва меъёри ташхиси ҳақ аз ботил аст. Оёти гуногуни ин меъёр, долли бар ин аст, ки барои бозшиносии ҳақ аз ботил, бояд ба сираи гузаштагон бозгардем; чунон ки ояи чаҳори сураи Мумтаҳина мефармояд:

قَدْ كَانَتْ لَكُمْ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ فِي إِبْرَاهِيمَ وَالَّذِينَ مَعَهُ

«Ҳамоно барои шумо дар (равиши) Иброҳим ва касоне, ки бо ӯ буданд пайравии некӯст…»

Сипас, дар бораи ин ки бояд ба кадом гузашта бозгашт, ба ояти 100-уми сураи Тавба истинод мекунад:

وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

«Пешгомони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва онҳо, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ карданд, Худованд аз онҳо хушнуд ва онҳо (низ) аз ӯ хушнуд шуданд, ва боғҳое аз биҳишт барои онон фароҳам сохта, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷараён дорад, ҷовдона дар он хоҳанд монд, ва аз ин пирӯзии бузурге аст

Ва ҳамчунин ояти 75-уми сураи Анфол:

وَالَّذِينَ آمَنُوا مِنْ بَعْدُ وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا مَعَكُمْ فَأُولَئِكَ مِنْكُمْ

«Ва онҳо, ки баъдан имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо шумо ҷиҳод намуданд ва аз шумо ҳастанд...»

Ва ояти 10-уми сураи Ҳашр:

وَالَّذِينَ جَاءُوا مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ

«Ва касоне ки баъд аз онҳо омаданд ва мегӯянд…» (Манзур аз «баъд аз онҳо» баъд аз Муҳоҷирин ва Ансор аст).

Пас аз канори ҳам ниҳодани оёти ёдшуда натиҷа мегирад: «Касе ки аз пешиниёни аввал пайравӣ кунад, аз онон аст ва онон беҳтарини мардум пас аз паёмбаронанд, зеро уммати Муҳаммад (с) беҳтарин уммате аст, ки омадаанд ва пешиниёни ин уммат ҳам беҳтарини уммати Муҳаммад (с) ҳастанд ва онон беҳтар аз баъдиҳо ҳастанд. Пас, пайравӣ аз онон беҳтар аз пайравӣ аз баъдҳост

Ҳадиси маъруфи «қурун»-ро барои таъйиди лузуми мутобиати салаф меоварад: «Беҳтарини қарнҳо қарне ҳаст, ки ман дар он мабъус шудаам, сипас, касоне, ки баъд аз онҳо меоянд ва сипас баъдиҳо.» Бинобар ин, меъёри шинохти ҳақ аз ботил, салафи солеҳ аст ва манзур аз салафи солеҳ низ Паёмбар (с), Ансор, Муҳоҷирин, Тобеъин ва Табаъи Тобеъин аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: