Чигунагии истихдом дар КДАМ (санад)

umarov_Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, санади маҳрамонаеро аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) бо имзои муовини якуми Раиси КДАМ М.Умаров, дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр карда, ки дар он, чигунагӣ ва кайфияти истихдом дар ин кумита шарҳу тавзеҳ дода шудааст.

Ба гуфтаи Додоҷон Атовуллоев, ин санад тавассути афроди ӯ, ки дар дохили КДАМ машғул ба кор будаанд, ба дасти ӯ расидааст.

Инак, машрӯҳи он чӣ дар ин санад омадааст:

08 январи соли 2016

Махфӣ

Нусхаи №1

Ба сардорони ҷузъу томҳои дастгоҳи марказӣ, мақомотҳои минтақавӣ, шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии тобеи ҷумҳурӣ

Оид ба таҳкими фаъолият дар самти интихоб, омӯзиш ва шомил намудани номзадҳо ба хизмати ҳарбӣ

Тибқи супориши протоколи Раиси КДАМ, ки зимни ҷаласаи ҳисоботии Раёсати 2-юм садо дод, пуррагардонии штатҳои ҷузъу томҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо кадрҳои бомаърифат, саводнок, содиқ ба сохти конститутисонӣ ва давлатдории миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим дар соли 2016 муқаррар карда мешавад.

Мутаассифона айни замон фаъолияти сохторҳои Кумита дар самти интихоб ва омӯзиши номзадҳо ба беҳбудӣ ниёз дорад. Санҷишу омӯзиши номзадҳо сатҳӣ роҳандозӣ гардида, барои омода намудани онҳо ба комиссияҳои пешакӣ ва марказӣ корҳо мақсаднок анҷом дода намешаванд. Дар таҳияи парвандаҳо низ камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Иҷрои талаботи самтномаҳои вобаста ба ин масъала фиристодашуда таъмин намегардад.

Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Раиси КДАМ дар самти санҷиш ва омӯзиши номзадҳо анҷом додани чорабиниҳои зерин мавофиқи мақсад дониста мешавад:

1. Интихоб ва санҷишу омӯзиши номзадҳо ба хизмат дар мақомоти амният қатъиян дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, бахусус фармони Раиси КДАМ №0950 аз ба роҳ монда шавад.

2. Роҳбарии комиссияҳои пешакӣ ба зиммаи роҳбарони аввали ҷузъу томҳои гузошта шавад. Маҳз онҳо, на муовинони самти кадрӣ ба пуррагӣ санҷишу омӯзиш, сатҳи маърифатнокӣ ва дониши номзадҳо ҷавобгар мебошанд.

3. Ҷиҳати омода намудани номзадҳо ба комиссияҳои пешакӣ ва марказӣ кормандони масъули фаврӣ ва дастгоҳҳои кадрӣ корҳои мақсаднокро ба роҳ монда, аз рӯзи тамоси нахустин (первичный контакт) ба таълиму тарбия шурӯъ намоянд. Рӯйхати саволҳои эҳтимолиро ба номзадҳо пешниҳод карда, рафти тайёрии онҳоро назорат намоянд.

4. Дар сурати иҷро накардани нақшаи санҷишу омӯзиши номзадҳо дар семоҳаи якум нисбати сардорони сохторҳои кадрӣ ва масъулони самтии ҷузъу томҳо, бахусус В4 (3\0), Ш21 (4\1-25%), Р13 (35\17-46%), Р15 (13\5-38%), Х25 (26\17-65%), Суғд (60\14-23%), Шаҳринав (3\0), Турсунзода (3\0), Роғун (2\0), ки дар соли 2015 низ нақшаро иҷро накарда буданд, чораҳои интизомӣ қабул карда хоҳад шуд.

5. Бо назардошти дар сатҳи баланд боқӣ мондани ақидаҳои хурофотпарастӣ ва ифротӣ миёни сокинони ҷумҳурӣ муайянкунии фаврии номзадҳо ба таври ҷиддӣ гузаронида шавад. Агар макони истиқомати воқеӣ ва ба қайд гузоштани номзад мухталиф бошад, дар ҳардуи ҷой муайянкунии фаврӣ гузаронида шавад.

6. Дар рафти гузаронидани муайянкунии фаврӣ амиқан сифатҳои шахсӣ, муҳити хонаводагӣ, сатҳи донишу маърифатнокӣ, муносибат ба дин ва алоқаи панҷгонаи номзадҳо омӯхта шуда, дар маълумотномаи алоҳида ба тарзи муфассал дарҷ гардад. Муҳтавои он дар хулосаи санҷишу омӯзиши номзад низ шомил карда шавад.

7. Интихоби номзадҳо дар самти чорабинии «Хирад» аз ҳисоби донандагони забонҳои хориҷӣ, психологҳо, математикҳо, физикҳо, химикҳо, сиёсатшиносон, номзадҳои илм, ки ба Ватан содиқ ва ҷасуру боирода мебошанд, ба роҳ монда шавад. Интихоби номзадҳо дар доираи чорабинии мазкур дар ҷузъу томҳо аз рӯи эҳтиёҷот ба мутахассисони соҳавӣ роҳандозӣ гардад.

8. Ҷиҳати интихоби дурусти номзадҳо аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии ҷисман обутобёфта ва дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ дар самти чорабинии «Сарбози Ватан», дар қисмҳои низомии гарнизони Душанбе ва қисматҳои низомӣ дар минтақаҳо вохӯриҳо доир намуда, ҷалби номзадҳо барои хизмат дар Воҳиди 20-ум идома дода шавад.

Самтномаи мазкур шахсан ва аз тарафи роҳбарони аввали ҷузъу томҳо ба маълумоти ҳайати шахсӣ расонида шуда, иҷрои он қатъиян талаб карда шавад.

Муовини якуми Раис

М. Умаров

Имзо



Рубрики:Ҷомеа

Метки: , , , ,

13 replies

  1. ин санад хакакат надорад ин хама фейкай

    Нравится

  2. Ин хама сохтакори мебошад ки Худи Додожон аз руи фантазияи худ бофта аст !!!

    Нравится

  3. Додик Мург

    Нравится

  4. Неужели дар КДАМ ин кадар мушкил бошад кор даромадан. Агар хамин хучат ягом майда хакикат дошта бошад, значит дар уча хар каса корда кабул нмекнанд. насиб бошад бади тамом кадан хаминча медроем. Респект КДАМ

    Нравится

  5. хаааа Бале

    Нравится

  6. Бале акаи Тоха. То ин дарача содикона кор кардани КДАМ-ро мардум намедонистанд.Акнун бо шарофтаи ДОДИК хама огох шуданд, ки дар КДАМ хар як локу пустро ба кор намегиранд. Мо тарафдорем ки бо хамин тарзу услуб кори худашро ин макомоти бузург давом дихад )))

    Нравится

  7. Ин палиди разил то ҳол зинда аст магар? Ман фикр кардам ки ин разилҳои хоин кайҳо луқмаи ҳашаротҳои зери замин гаштаанд. Ин палид микрофони мардуми аврупоро ба даст гирифта, кадом вақте ки супориш шавад аввал микрафонро буса карда баъдан фитна мепартояд. Ин пидараз боз гуё ҳуҷҷати махфии КДАМ -ро руи чоп овардааст, ки ин ба ки даркор бошад ва ин чи манфиат мерасонда бошад ба давлату ё ба хоинони давлат, ман намедонам. Гуё исбот мекунанд ки дар амният шумо агент доред? Ман дар бародаронеро медонам ки барои кор дар КДАм ҷон карданд даромада натавонистанд. Онҷо ҷои ҳаргуна хоин нест, агар бошад ҳам кайҳо аз кор пеш шудагианд. Ин кушишу ғайрати бародарои амният аст, ки Ватан олиям вуҷуд дорад, агар ба дасти ин касифҳо мезад дар ин вақт аз ватан буе намемонд.

    Нравится

  8. Рости ин чи хучати махфи бошад ман нафахмидам ягончояш ба хуччатхои махфихам монанди надорад. Ин Додожон касе аст бо ин корхои сохтакориаш чи мехоста бошад

    Нравится

  9. Баъд аз ифшо намудани ин ҳуҷҷати махфии КДАМ ба фикрам Додигул ончунон хурсанд аст ки гуё спецагенти КДАМ -ро ифшо кардааст. Баръакс КДАМ ҳар як корманди наве ки ба кор қабул карданӣ ҳаст ба худи ҳамон одам ҳамаи талаботҳоро мефаҳмонанд ва он шахс хулосаи худро мебарорад ки қуввати ҳифзи Ватанро дорад ё не? Дар ҳақиқат он шермардони КДАМ ва ВКД шабу руз дар хизмат ҳастанд ки зану модари Додик барин шаҳрвандонро афғонҳо таҷовуз накунанд.

    Нравится

  10. Рости баъди хондани ин хучат шавку рагбатам нисбат ба кор кардан дар КДАМ зиётар шуд зеро дар ончо хар хел одамони бесавод кор намекардиянд. Тасмим гирифтам ки баъди хатми донишгох хучатхоямро ба КДАМ месупорам.

    Нравится

  11. Зинда бод амният ва ВКД.Як хоҳиш ба бародароне, ки дар амният ва ВКД фаъолият мекунанд, ки агар ҳамин Дододжон ё ягон аъзои Гуруҳи 24-ро дастрас кардед онро тибқи шариати ислом дар назди пайкараи И.Сомонӣ ҳамучн Хоини миллат дар ҳамон гурзи дасти И.Сомонӣ ба дор овезед ки ба авлодашон ибрат шавад. ё ба ман хабар диҳед ман яке аз онҳоро ба нафсаш бирасам.

    Нравится

  12. Ба фикрм хамин Додочон Атовуллоев худ агенти КГБ бошад чи бало?! Наход инкадар талабот нисбати корманди амният зиёд бошад? Дар кадом сохтори кудрати одами майл ба суи ифротгариро ба кор мегиранд. Ин одам худ барои КГБ гуфтаи урусо «пиар» кард. Реклама аз ин дигар зур намешавад. Мардуми чахон имруз бо шарофати Додочон Атовуллоев фахмид, ки дар амният чи гап аст ва чи хел касонро ба кор мегиранд. Ин барои амният хизмати хеле бузург аст. Офарин!!!

    Нравится

  13. Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон чузъи таркиби ва яке аз нерухои асосии Хукумати Чумхурии Точикистон ба хисоб рафта таъмини амнияти давлт, шахс ва чомеаро кафолат медихад. Албатта КДАМ ЧТ фаъолияташро мутобики санадхои сохавии худ гузаронида дар санчиши хама гуна назоратро аз болои макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати ва махалли инчунин шахраку дехот мегузаронад. Шахсоне, ки ба ин ниходи кудрати чихати ба кор кабул намудан мурочиат мекунанд онхо хама тарафа омухта ба мухлати се мох тахти назорати катъи ва доимии КДАМ карор мегиранд. Дар руйхати ташкилотхои системаи КДАМ ЧТ, Мактаби Олии КДАМ ЧТ арзи вучуд дорад, ки метавонад мутахассисони сохаи амнияти милли ва дигар гурухои таъиноти махсуси ин Макомоти кудратиро барои боз хам пуркувват сохтани неруи худ бар мукобилли чинояткори ва мубориза бар зидди тероризму экстремизм ва инчунин амалхои коррупсия тайёр намояд. Мо ба фаъолияти шабонарузии кормандони Дастгохи маркази чузъутомхои кудрати ва ташкилотхои системаи ин ниходи кудрати дар кору фаъолияташон хушёриву зираки ва кобилияти баланди кашшофи ва зиддикашоффиро таманно дорем. Бо эхтиром Саид зода ва истикоматкунандаи ш.Кулоб.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: