Ҳамлаи интиҳорӣ дар Ҷиддаи Арабистон (тасовир)

Як фарди интиҳорӣ худро дар наздикии консулгарии Омрико дар Ҷидда мунфаҷир кард, ки дар асари он, 2 нерӯи амниятии Арабистон захмӣ шуданд.

Бомдоди имрӯз (душанбе, 4 июл) як интиҳорӣ худро дар наздикии консулгарии Омрико дар Ҷидда мунфаҷир кард. Бар асоси гузориши хабаргузории Арабистон (SPA), дар ин ҳамла ду тан аз нерӯҳои амниятии Арабистон захмӣ шуданд ва омили интиҳорӣ кушта шуд. Нерӯҳои амниятии маҷрӯҳ барои мудово ба бемористон мунтақил шуданд.

Ин ҳамла дар соатҳои аввалияи рӯзи истиқлоли Омрико (4 июл) сурат гирифт.

Сухангӯи амниятии Вазорати кишвари Арабистон дар ин бора гуфт: «Дар соати 2:15 бомдоди имрӯз дар хиёбони Фаластин дар наздикии бемористони «Сулаймони фақеҳ» нерӯҳои амниятӣ ба як шахс ва рафторҳои аҷиби вай машкук мешаванд ва ҳангоме ки ба самти вай мераванд, то дар бораи иллати ин рафтораш аз вай суол кунанд, фарди интиҳорӣ худро мунфаҷир мекунад

Бархе расонаҳо низ гузориш додаанд: «Фарди интиҳорӣ худрави худро дар таваққуфгоҳи канори масҷид дар наздикии консулгарии Омрико порк мекунад ва ба самти нерӯҳои амниятии масъули таъмини амнияти ин консулгарӣ меравад ва инчунин вонамуд мекунад, ки ба дунболи чизе мегардад, сипас мегӯяд: «Муташаккирам, мисли ин ки иштибоҳ кардаам!», аммо дар ҳангоми бозгашти ин фард ба самти худрави поркшуда, садои инфиҷор шунида мешавад

Нерӯҳои амниятии Арабистон дар атрофи консулгарии Омрико тадобири шадиди амниятӣ иттихоз карданд ва низомиёни бисёре дар маҳал мустақар шуданд.

Консулгарии Омрико дар Ҷидда дар соли 2004 низ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки тайи он 9 нафар кушта шуданд.

Реклама


Рубрики:Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: