Салафият

Ҷиҳод ва салафият — 3

(Нақди мафҳуми ҷиҳод аз назари салафият)

Ба қалами Маҳдии Азизон, Муҳаммади Мубидӣ ва Муртазо Наҷафӣ

Бахши севвум

Пас аз баёни чигунагии сироят додани ҳукми мушрикони садри ислом ба мусалмонони ғайри салафӣ аз сӯйи Ибни Абдулваҳҳоб, акнун ин пурсиш ба миён меояд, ки чаро салафиҳо миёни ибодати бутон ва тавассул ба авлиёи Худо, фарқ намегузоранд?

Бутпарастӣ шумурдани аъмоле чун назр ва тавассул ба авлиёи Худо, ниёзманди далел аст, зеро бештари мусалмонон ин аъмолро хилофи ибодати Худо намедонанд. Бинобар ин, ихтилофи аксарияти мусалмонон бо ақаллияти салафӣ, бозмегардад ба ихтилофи бардошт ва тафсир аз як падида; монанди падидаи тавассул ва назр, ки ҳар гурӯҳ бояд барои тафсири худ далел биёварад.

Аз дидгоҳи бештари мусалмонон, мунофот надоштани тавассул ба авлиё ва тавҳиди ибодӣ, амре бадеҳӣ аст ва ҳар мусалмоне, ки тавассул ва назр мекунад, медонад, ки тавассул ва назр, танҳо васила ва восита барои расидан ба Худост. Мақсуд Ӯст ва ин аъмол фақат баҳонаи расидан ба Ӯянд. Аммо салафият чӣ гуна ба падидаи назру тавассул менигарад, ки онро муъоризи тавҳиди ибодӣ меёбад?

Посух ба ин пурсиш бозмегардад ба мабнои ҳастишиносии пазируфташуда аз тарафи салафият дар бораи чигунагии интисоби умур ба Худованд ва тавзеҳи рӯйдодҳо ва падидаҳои ҷаҳони ҳастӣ.

Дар ин бора, дар фалсафа ва каломи исломӣ, ду назария вуҷуд дорад: назарияи иллият ва назарияи одатуллоҳ (одати Худо).

Иллият ба ин маъност, ки Худованд бахше аз умури ҷаҳонро аз тариқи воситаҳо анҷом медиҳад; масалан, ҷӯш омадани об ба воситаи гармост, пас ҷӯш омадани об маълул ва гармо иллати он аст ва силсилаи иллату маълулҳо саранҷом ба Худо мерасад ва ӯ иллати аслӣ аст. Бар асоси назарияи иллият, робитаи иллату маълул тахаллуфнопазир аст.

Бархе аз мутакаллимон монанди Муҷаббира, ба гумони ин ки робитаи зарурӣ (ва тахаллуфнопазир) миёни иллату маълул бо Худованди қодир ва мухтор созгор нест, иллиятро инкор кардаанд ва барои тавзеҳи тағйиру таҳаввулоти олам, назарияи «одатуллоҳ»-ро матраҳ кардаанд. Манзур аз назарияи «одатуллоҳ» ин аст, ки: ҳамаи ҳаракатҳо, тағйирҳо ва феълу инфиъолҳои олам мустақим ва бевосита маълул ва феъли Худоянд ва ҳеч воситае миёни ӯ ва феълаш вуҷуд надорад.

Сипас, инҳо барои тавзеҳи чигунагии пай дар пай омадани падидаҳо, монанди ҷӯшиши об пас аз расидани гармо ба он, онро мустанад ба одатуллоҳ кардаанд; ба ин сурат, ки масалан аз пайи оташ омадани ҷӯшиш ба далели иллияти оташ барои ҷӯшиши об нест, балки ҳама чиз маълули Худост ва Худо одат дорад, ки ҳамеша пас аз тулӯи офтоб рӯзро эҷод кунад. Ба дигар сухан, Худо гоҳ як падидаро эҷод мекунад ё як тағйирро анҷом медиҳад ва гоҳ дуторо ба таври таъоқуб (пайи ҳам). Масалан, Худо одат дорад, ҳамеша аввал ангуштро бичархонад, онгоҳ ангуштар бичархад. Яъне одат дорад, ду феълро ба сурати таъоқубӣ анҷом бидиҳад.

Ин назария натоиҷи фосиди зиёде дорад, монанди ин ки: «Тамоми афъоли бандаҳо махлуқи Худост бидуни он ки банда худаш дар он таъсиргузор бошад

Хулоса ин ки назарияи «одатуллоҳ» пуштвонаи фалсафии тафсири салафият аз падидаҳое монанди назру тавассул ва ғайра аст, бинобар ин, аз дидгоҳи салафият, «восита қарор додан миёни худ ва Худо, ба маънои шарик қарор додани ғайри Худо дар умури ҷаҳон аст, ва ин бо тавҳиди ибодӣ носозгор аст.» Сипас мегӯянд, он мушриконе, ки салафи солеҳ бо онҳо қитол мекарданд низ миёни худ ва Худо восита (бутҳо) қарор медоданд. Дар суханони Ибни Абдулваҳҳоб ба ин мабнои ҳастишинохтии салафият ишора шудааст: «Лекин онон бархе аз махлуқотро восита қарор медиҳанд байни худ ва Худо

Аммо дар муқобил, назарияи иллият ба ин маъност, ки: Худованд бахше аз умури ҷаҳонро бо воситаҳо анҷом медиҳад. Ба иборати дигар, низоми ҷаҳон низоме иллату маълулӣ аст ва Худованд иллатулилал аст, пас назру тавассул ва зиёрат бо тавҳиди ибодӣ созгор аст.

Инак, нақди ҷиҳоди салафият

Ҷиҳоди салафият натиҷае аст, ки салафиҳо аз оёти Қуръон, бо тафсир ва бардоште ғалат, гирифтаанд, ба ин тартиб, ки нахуст оётро тафсир кардаанд – ки албатта мумкин аст дар бархе маворид тафсири онҳо бо тафсири марсуми Қуръон миёни мусалмонон муштарак бошад — онгоҳ ба таъйини мисдоқ пардохтаанд. Пас, ихтилофи умдаи салафият бо дигар мусалмонон, дар татбиқи ҳукми оёти Қуръон аст, ва ё ба таъбири дигар, дар мисдоқ аст, на дар мафҳум.

Тавзеҳи ин нукта зарурӣ аст, ки шинохти мисдоқ амри осоне нест, балки дарбардорандаи таҳлили печидае аст, ки мутазаммини тафсир аст. Ба сухани дигар, ҷиҳоди салафият ду марҳила дорад:

1. Истинботи ҳукм;

2. Татбиқи ҳукм.

Ҳол, дар бораи ҳар як аз ин ду марҳила ҷудогона баҳс мекунем:

Марҳилаи истинботи ҳукм:

Истинботи ин ҳукм, ки мушрикон ва куффоре, ки салафи солеҳ бо онҳо меҷангиданд, тавҳиди рубубӣ доштанд, аммо тавҳиди ибодӣ надоштанд. Яъне салафият аз рафтори салафи солеҳ истинбот кардааст, ки: «инсонҳо ё тавҳиди ибодӣ доранд ё надоранд. Онон, ки тавҳиди ибодӣ надоранд, кофиру мушриканд, хоҳ ибодати сангу чӯб кунанд ва хоҳ ибодати малоика, анбиё ва солеҳон

Ва аммо ҳукми дорандагони тавҳиди рубубӣ, вале фоқиди тавҳиди улуҳӣ, (мушрикон ва куффор) ин аст, ки: «онҳо касоне ҳастанд, ки Расулуллоҳ (с) онҳоро мекушт, амволашонро ба зӯр аз онҳо мегирифт ва занонашон бар мусалмонон ҳалол мешуд.» (К.Ш.)

Ба эътиқоди салафият, тавҳиди рубубӣ мӯҷиби вуруд дар ислом ва хуруҷ аз ширк намешавад, ширк муҷозот дорад ва муҷозоти он марг аст, аз ин рӯ, салафият ба худ иҷоза дода, ки иқдом ба иҷрои ҳукми муҷозоти мушрикон кунад, чун мушрикон таслим нашаванд ва тавба накунанд ва монеъи иҷрои ҳукм шаванд, амре ба номи ҷанг дармегирад.

Марҳилаи татбиқи ҳукм:

а) Тавассул, назр, қурбонӣ, зиёрат ва бинои бар қубур, ки мусалмонон анҷом медиҳанд, носозгор бо тавҳиди ибодӣ аст ва ҳар кас тавҳиди ибодӣ надошта бошад, ҳукмаш ин аст:

فهذا کافر، یستتاب، فإن تاب والّا قُتِلَ

«Инчунин фарде кофир аст ва бояд тавда дода шавад; агар тавба кард (ки хуб), вагарна кушта мешавад.» Ин иддаъо, аз ҷанбаҳои гуногун — қуръонӣ, ривоӣ, ақлӣ ва равишӣ — ишкол дорад ва нақдпазир аст. Мақолаи пеши рӯ фақат ба таъорузи он бо ду ривояти саҳеҳ дар манобеи аҳли тасаннун мепардозад:

1. Дар ривояте саҳеҳ аз саҳобӣ Усмон ибни Ҳунайф (р) омада:

حَدَّثَنَا عُثْمَانُ بْنُ عُمَرَ أَخْبَرَنَا شُعْبَةُ عَنْ أَبِي جَعْفَرٍ قَالَ سَمِعْتُ عُمَارَةَ بْنَ خُزَيْمَةَ يُحَدِّثُ عَنْ عُثْمَانَ بْنِ حُنَيْفٍ أَنَّ رَجُلًا ضَرِيرَ الْبَصَرِ أَتَى النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ ادْعُ اللَّهَ أَنْ يُعَافِيَنِي قَالَ إِنْ شِئْتَ دَعَوْتُ لَكَ وَإِنْ شِئْتَ أَخَّرْتُ ذَاكَ فَهُوَ خَيْرٌ فَقَالَ ادْعُهُ فَأَمَرَهُ أَنْ يَتَوَضَّأَ فَيُحْسِنَ وُضُوءَهُ فَيُصَلِّيَ رَكْعَتَيْنِ وَيَدْعُوَ بِهَذَا الدُّعَاءِ اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ وَأَتَوَجَّهُ إِلَيْكَ بِنَبِيِّكَ مُحَمَّدٍ نَبِيِّ الرَّحْمَةِ يَا مُحَمَّدُ إِنِّي تَوَجَّهْتُ بِكَ إِلَى رَبِّي فِي حَاجَتِي هَذِهِ فَتَقْضِي لِي اللَّهُمَّ شَفِّعْهُ فِيَّ

«Усмон ибни Ҳунайф мегӯяд: Марди нобиное ҳузури Паёмбар (с) омад ва гуфт: аз Худованд бихоҳ ба ман офият бахшад. Паёмбар (с) фармуд: агар моил ҳастӣ, дуо кунам ва агар моил ҳастӣ, сабр кун, ки ин беҳтар аст. Марди нобино гуфт: дуо бифармоед. Паёмбар (с) ба ӯ дастур дод, то вузӯ бигирад ва дар вузӯи худ диққат кунад ва ду ракъат намоз бигузорад ва онгоҳ ин чунин дуо кунад:

“Парвардигоро! Ман аз ту дархост мекунам ва ба василаи паёмбарат Муҳаммад, паёмбари раҳмат ба ту рӯй меоварам. Эй Муҳаммад! Ман дар бораи ҳоҷатам ба василаи ту ба Худоям рӯй меоварам, то ин ҳоҷатамро бароварда кунӣ. Парвардигоро! Шафоати ӯро дар бораи ман бипазир!» (Ривояти Аҳмад)

2. Ва агар ишкол шавад, ки тавассул ба зинда ҷоиз аст ва он чӣ мо (салафиҳо) мегӯем, адами ҷавози тавассул ба мурда аст, ки ширк маҳсуб мешавад, дар посух гӯем: аввалан, агар як амал дар моҳият ва ба худии худ амале ширколуд бошад, дигар фарқе надорад, ки оё тавассулшаванда мурда аст ё зинда. (Диққат шавад!) Ва сониян, ахбори саҳеҳе ҳаст дар манобеи ривоӣ мабнӣ бар ин ки саҳобаи киром пас аз даргузашти ҳазрати Паёмбар (с) низ ба он ҳазрат тавассул кардаанд, аз ҷумла:

حدثنا طاهر بن عيسى بن قيرس المصري المقرئ ثنا أصبغ بن الفرج ثنا ابن وهب عن أبي سعيد المكي عن روح بن القاسم عن أبي جعفر الخطمي المدني عن أبي أمامة بن سهل بن حنيف عن عمه عثمان بن حنيف : أن رجلا كان يختلف إلى عثمان بن عفان رضي الله عنه في حاجة له فكان عثمان لا يلتفت إليه ولا ينظر في حاجته فلقي ابن حنيف فشكى ذلك إليه فقال له عثمان بن حنيف : ائت الميضأة فتوضأ ثم ائت المسجد فصل فيه ركعتين ثم قل : اللهم إني أسألك وأتوجه إليك بنبينا محمد صلى الله عليه و سلم نبي الرحمة يا محمد إني أتوجه بك إلى ربي فتقضى لي حاجتي وتذكر حاجتك وروح حتى أروح معك فانطلق الرجل فصنع ما قال له ثم أتى باب عثمان بن عفان رضي الله عنه فجاء البواب حتى أخذ بيده فأدخله على عثمان بن عفان رضي الله عنه فأجلسه معه على الطنفسة فقال : حاجتك فذكر حاجته وقاضاها له

Табаронӣ дар «Ал-муъҷам ул-кабир» дар хабаре бо санаде саҳеҳ аз саҳобӣ Усмон ибни Ҳунайф (р) нақл мекунад, ки «марде барои ҳоҷате назди халифаи севвум ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) омаду рафт мекард, вале эшон ҳеҷ илтифоте ба ҳоҷати ӯ наменамуд. Пас он мард бо Усмон ибни Ҳунайф мулоқот кард ва ба ӯ ин мавзӯъро шикоят кард. Усмон ибни Ҳунайф ба ӯ гуфт: ба хона бирав ва вузӯ бигир, сипас ба масҷид (масҷиди набавӣ) биё, баъд ду ракъат намоз бигузор ва бигӯ:

«Худоё! Ман аз ту дархост мекунам ва рӯ меоварам ба сӯйи ту ба воситаи пайғамбарамон Муҳаммад (с), паёмбари раҳмат. Эй Муҳаммад! Ба дурустӣ, ки ман рӯ овардам ба василаи ту ба сӯи Худои худ, ки ҳоҷати маро бароварда созӣ.» Сипас ҳоҷати худро ёдовар шав.

Он мард рафт ва ҳамон гуна анҷом дод. Сипас ба дари хонаи ҳазрати Усмон (р) рафт, дарбон (касе, ки дарро мегушояд) омад ва дасти ӯро гирифт ва ба назди халифа бурд ва дар канори ӯ нишонд. Ҳазрати Усмон (р) ҳоҷати ӯро пурсид. Ӯ ҳоҷати худро зикр кард ва халифа онро бароварда намуд… (то охири хабар) (Ал-муъҷам ул-кабир)

3. Илова бар ин, ба далолати Қуръон, мусалмононе, ки ба назр, тавассул, табаррук ва умуре монанди онҳо мӯътақиданд, аз тавҳиди ибодӣ хориҷ намешаванд. Шоҳиди ин гуфтор оёти Қуръони Карим аст, аз ҷумла ояти:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَابْتَغُوا إِلَيْهِ الْوَسِيلَةَ

«Эй касоне ки имон овардаед! Парҳезгорӣ пеша кунед ва василаҳое барои тақарруб ба Худо интихоб намоед» (Сураи Моида, ояти 35)

Ва агар ишкол шавад, восита дар ин маврид танҳо ибодат (мисли намоз, рӯза ва ғайра) аст, дар посух гӯем: баҳс ин аст, ки оё восита ва васила (ҳар василае, хоҳ намоз бошад хоҳ ғайри он) оё ширк маҳсуб мешавад ё намешавад?! Оят тасреҳ дорад, ки на танҳо ширк нест, балки як дастури илоҳӣ аст.

б) Ба фарзи ин ки аъмоле монанди назру тавассул мӯҷиби ширк низ шаванд, ҳукми ширки он чизе нест, ки салафият гумон кардааст; чаро ки ҳукми қитол бо мушрикон дар Қуръон, на ба далели ақоиди ширкомези онҳо, балки ба далели эҷоди ноамнӣ барои мусалмонон ва роҳандозии ҷангу хунрезӣ аст. Дар мавориде, ки онон ба ҷанг бо мусалмонон напардозанд ва ба паймони худ барои зиндагии мусолиматомез бо мусалмонон тан диҳанд, ҳеч гуна ҷанге бо онон сурат нахоҳад гирифт.

Бинобар ин, аз дидгоҳи Қуръон, на мусалмононе, ки ба тавассул ва табаррук мӯътақиданд ҳамонанди бутпарастони аҳди рисолатанд ва на ҷангу ҷиҳод бо бутпарастон танҳо ба далели ақоиди ширкомези онон аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.