Перейти к содержимому

Ҳам Ӯ бартарӣ дода он дини худ…

Иҷоза бидиҳед, пеш аз табрики азизон ба муносибати фаро расидани Иди саъиди Фитр, нуктаеро ёдоварӣ бикунам. Як пойгоҳи хабарӣ-таҳлилӣ (пойгоҳи «Аннашра») дар гузориши имрӯзи худ ва ба баҳонаи Иди саъиди Фитр, ба вазъи ислом ва мусалмонон дар ҷаҳони имрӯз пардохта ва навиштааст: «Бо ин ки дар чанд соли ахир номи ойини ислом ба хотири рафтори нобихрадонаи иддае мусалмони ифротгаро, тавъам бо теруризм ва ваҳшат шуда, аммо бо ин ҳама, ба шаҳодати назарсанҷиҳои баргузоршуда дар ҷаҳон ва ба хусус дар Урупо ва Омрико, ислом, дар миёни адёни маъруфи ҷаҳонӣ, камокон болотарин мизони густариш дар миёни ақвоми ғайри мусалмон ба вижа урупоиҳо ва омрикоиҳоро дорад ва дар чанд соли мутаволӣ ва пай дар пай, маҳбубтарин ва дӯстдоштанитарин ном, ҳанӯз номи «Муҳаммад (с)» аст…»

Бале, аз оғози қарни 21 ва дар пайи ҳодисаи дилхароши 11 сентбяр дар Ню-йорки Омрико, ойини муқаддаси мо бо шадидтарин ҳамалот мувоҷеҳ шуда, ки дар торих собиқа надорад. Аз як тараф, аз дарун ва аз сӯйи «дӯстони» нобихрадаш зарба мехӯрад, ки бо рафторҳои зиддиинсонӣ ва зиддиисломии худ номи ин ойини покро лаккадор карда ва мекунанд, ва аз тарафи дигар ва аз берун, мавҷе аз исломҳаросӣ дар ҷаҳон роҳ уфтода, ки барои сиёҳ ҷилва додани ойини ислом, аз ҳар василае баҳра мегиранд ва барои он, ҳазорон расонаи самъӣ ва басарӣ ва навишториро ба роҳ андохтаанд; ба гунае ки рӯзе ва ҳатто соате нест, ки аз тариқи ин расонаҳо алайҳи ойини мо ва алайҳи Паёмбари меҳрубони мо (с) санг партоб накунанд ва тӯҳмат назананд.

Дур намеравем. Дар минтақаи худамон яъне Осиёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон, чанд сол аст, ки шоҳиди як ҳаҷмаи густарда ва барномарезишуда алайҳи динамон ҳастем. Агар дар даврони Шӯравӣ, бо вуҷуди он ки як низоми атеистӣ ва зиддидинӣ ба шумор мерафт, касе ба худ ҷуръат намедод, ки ошкоро алайҳи динамон ва Паёмбарамон ҳарф бизанад ва ё матлабе бинависад, имрӯз аммо ба баракати «чароғи сабзе», ки ҳукумати кунунӣ нишон дода (ва чи басо бо ташвиқ ва таҳрики худаш), ниҳодҳои ба истилоҳ «илмӣ» ва «оянданигар» роҳандозӣ шуда, ки вазифаашон иддиъаопароканӣ ва ифтиро ва дурӯғ бофтан алайҳи динамон ва алайҳи Паёмбари азизамон (с) аст.

Агар бо нигоҳе сирф моддӣ ва заминӣ ба ин ҳаҷмаҳо ва ҳамалот нигоҳ бикунем (ба иловаи рафторҳои нобихрадонаи иддае аз пайравони ин ойин) ва мавриди арзёбӣ қарор бидиҳем, бе тардид ба ин натиҷа мерасидем, ки дигар аз ислом на номе боқӣ монда буд ва на эътибор ва ҷойгоҳе!

Аммо мебинем, қазия дуруст баръакс аст. Яъне, на ин ки аз ҷойгоҳи ислом коста нашуда, ки баръакс, чунон ки гузориши он пойгоҳ, ки дар садри мақола ёдовар шудам, мегӯяд, «ислом, дар миёни адёни маъруфи ҷаҳонӣ, камокон болотарин мизони густариш дар миёни ақвоми ғайри мусалмон ба вижа урупоиҳо ва омрикоиҳоро дорад ва дар чанд соли мутаволӣ ва пай дар пай, маҳбубтарин ва дӯстдоштанитарин ном, ҳанӯз номи «Муҳаммад (с)» аст…»

Ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки сирри ин дар чист? Яъне рози мондагории мӯъҷизаосои ислом ва маҳбубияти он дар чист?

Посухи ин пурсиш замоне бароямон рӯшан хоҳад шуд, ки бо нигоҳе фавқи заминӣ ба ин қазия нигоҳ кунем ва бидонем, ки ойини мо соҳиб дорад. Дини мо, охирин дин ва Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с), охирини фиристодаҳост, ки аз сӯйи Офаридгор барои роҳнамоӣ ва ҳидояти ҷаҳониён фурӯ фиристода шуда ва Офаридгор ваъда дода, ки динашро ҳифз ва нигаҳ хоҳад дошт:

يُرِيدُونَ أَنْ يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَنْ يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ. هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

«Онҳо мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд, вале Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури худро комил кунад, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд. Ӯ (Худо) касест, ки расулашро бо ҳидоят ва ойини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи ойинҳо ғолиб гардонад, ҳарчанд мушрикон кароҳат дошта бошанд.» (Сураи Тавба, оятҳои 32 ва 33)

Бихоҳанд бо гуфтаву ҳарфҳо,

Ки хомӯш бинмуда нури Худо.

Худо кай гузорад, ки нураш чунон

Шавад маҳву хомӯш он бо даҳон?..

Фиристода баҳри шумо Кирдугор

Паёмоваре бар ҳидоят шиъор

Ҳам Ӯ бартарӣ дода он дини худ,

Ки ин беҳтарин аст зи адён, ки буд.

Касоне ки бар роҳи ширкаш раванд,

Дучори дусад хашму зиллат шаванд.

وَيُحِقُّ اللَّهُ الْحَقَّ بِكَلِمَاتِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُجْرِمُونَ

«Ӯ (Худо) ҳақро ба ваъдаи хеш таҳаққуқ мебахшад, ҳарчанд муҷримон кароҳат дошта бошанд.» (Сураи Юнус, ояти 82)

Бале, ин дин соҳиб дорад. Ӯ ваъда дода, ки аз динаш нигаҳдорӣ кунад.

Аз ин рӯ, ҳарчанд мо мусалмонон вазифа ва таклиф дорем, ки аз динамон дар баробари ин ҳаҷамот ва ҳамалот дифоъ ба амал оварем, вале бояд мутмаин бошем, ки ин душманиҳо ва адоватҳо ҳаргиз ба ҷое нахоҳад расид ва асаре нахоҳанд дошт.

Ба ҳар сурат, ҳадафи банда табрик ва таҳниати азизон ба муносибати фаро расидани Иди саъиди Фитр буд.

Ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ба вижа ҳаммиҳанони азизамро ба ин муносибати фархунда табрик мегӯям ва барояшон беҳтарин орзуҳоро мехоҳам.

Идатон муборак!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: