Сиёсат

83 дарсад аз раъйдиҳандагон хоҳони ташкили эътилофи аҳзоби опозисиюни тоҷик ҳастанд

Дар як назарсанҷӣ, ки пойгоҳи Кимиёи саодат баргузор кард, 83 дарсад дар раъйдиҳандагон, муваффақияти опозисиюни тоҷикро дар ташкили эътилофе бузург дар берун аз қаламрави Тоҷикистон бо шумули аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати кунунӣ донистаанд.

Дар ин назарсанҷӣ, ки 242 нафар ширкат карданд, 83.06% (201 раъй) муваффақияти опозисиюни тоҷикро аз ин ба баъд дар гарави «ташкили эътилофе бузург дар берун аз Тоҷикистон бо шумули аҳзоб ва гурӯҳҳо мисли ҲНИТ, Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ва соири аҳзоб ва гурӯҳҳо ва шахсиятҳои таъсиргузор» донистаанд.

5.79% (14 раъй) аммо бар ин назаранд, ки муваффақияти опозисиюн дар «таъсиси аҳзоби сиёсии ҷадид ва бо нерӯҳои ҷавон дар дохили кишвар зимни қабули шарту шурути ҳукумат» мебошад.

Ҳамчунин ва ба ҳамин мизон яъне 5.79% (14 раъй) мӯътақиданд, ки бояд ба ҳамин вазъе, ки ҳаст истимрор бахшид.

Ва аммо 5.36% (13 раъй) бар ин боваранд, ки комёбии опосизиюни тоҷик дар тақвияти аҳзоби сиёсии фаъол дар дохили кишвар мисли ҲСДТ, ҲСД, ҲДТ мебошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.