Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Марг дар сояи иззат аз зиндагии бо зиллат беҳтар бувад

00076(Ҷумалоте аз китоби «Озодии гумшуда»-и Луқмон Бойматов)

* * *

Илмро бояд таълим дод, ки вагарна ҷоҳил қотили оқил мешавад.

* * *

Ҳеч замоне дар дунё илму маърифат ба андозаи имрӯз асиру бандаи қудрат набудааст.

* * *

Равшанфикрон ва андешварон низ аз мардуми оддӣ нофаҳмтар шудаанд.

* * *

Он чӣ акнун мебинем, ин аст, ки устодони фарзона даллолони ҷаҳлу зиллатанд.

* * *

Афсӯс, ки доноён ба ин арзониву осонӣ шаъну арзиши худро фурӯхтаанд.

* * *

Ақл модари дониш аст ва абзор саодати дунёст, на василаи бадбахтӣ.

* * *

Марг дар сояи иззат аз зиндагии бо зиллат беҳтар бувад.

* * *

Асли қудрат инсон будан ва ба доди мардуми мазлум расидан аст.

* * *

Иззати нафс бояд дошт ва аз шарофати худ дифоъ бояд кард.

* * *

Ҷавонмардиву муррувват бисёр беҳтар аз шуҷоат аст.

* * *

Донишмандон ва соҳибназарон дар зулмати рӯзгор чароғи ҳидоятро ба даст мегиранд, то инсонро ба худ оваранд ва роҳи адолат ва растгориро ба ӯ биёмӯзанд.

* * *

Огоҳ бояд шуд, ки дунё роҳи фиребро намепазирад. Роҳи фиреб бар дунё ҳаром аст ва ҳаром пойдор нест.

* * *

Ҳимояти имрӯз беҳ аз орзуҳои фардост ва огоҳӣ аз кори фардо беҳ аз пушаймонии имрӯз аст.

* * *

Аз болотарин арзишҳои дунё ҳақиқат аст ва аз болотарин муҳаббатҳо ҳубби Ватан аст.

* * *

Оре, Ватан он ҷост, ки инсон бо ишқу муҳаббат бо хуну хок паймон бастааст.

* * *

Ҳамеша дар Ватан будан бо ватан будан нест. Ватан ҳамеша аз онҳо садама дидааст, ки дар домонаш будаанд.

* * *

Равшанфикрон ва аҳли қалам дар сарнавишти миллат, беш аз сиёсатмадорон масъулият доранд.

* * *

Фоҷиаи ҷомеа аз ғафлати мардум оғоз мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.