Перейти к содержимому

Пирӯзӣ бар ДОЪИШ ба ин зудиҳо таҳаққуқ намеёбад

Мақолаи женерол Аҳмад Абдуттаввоб, намояндаи порлумони Миср, дар рӯзномаи Алаҳром

Бояд аз ҳамин алъон худамонро омода кунем. Зеро бар хилофи он чӣ иддае бо хушбинӣ пешбинӣ мекунанд, пирӯзӣ бар ДОЪИШ ва гурӯҳҳои мутамойил бо он, ба ин зудиҳо таҳаққуқ намеёбад.

Саҳна дақиқан шабеҳи касоне аст, ки қисматҳои охири як сериёли телевизиюнии тӯлониро мебинанд ва фиреби қисматҳои охири онро мехӯранд. Инро бояд аз ҳамин алъон бигӯем, то қурбонии таваҳҳум нашавем. Ин саҳеҳ аст, ки иқдомоти хубе шуда ва сарзаминҳои ишғолшуда тавассути ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия ва Либӣ озод шудаанд, аммо пирӯзии воқеӣ чизе дигаре аст ва бо он чӣ тасаввур мекунем, фарқ мекунад.

Далоили мухталифе барои ин иддаъо вуҷуд дорад, аз ҷумла ин ки озодии комили сарзаминҳо аз мушти ДОЪИШ, бо вуҷуди он ки иқдоме бисёр муҳим ва асосӣ аст ба вежа ки баъд аз як муддати тӯлонӣ аз ишғолгарии ин шабакаи теруристӣ муҳаққақ мешавад, аммо танҳо моро ба замони қабл аз ишғол тавассути ДОЪИШ бозмегардонад. Барои ин ки замина ва муҳити фарҳангӣ ва динӣ ҳамчунон ҳамон чизе аст, ки қаблан буда ва ҳеч чиз тағйир накарда ва ҳамчунон идома дорад. Омили хориҷӣ ҳам ба он кӯмак мекунад; ҳамон омиле, ки ҷанини ДОЪИШ-ро халқ кард, сипас онро бузург кард ва қудрат дод, то дар оғӯши он бар сарзамин ва тамаддун ва номуси уммати арабӣ мусаллат шавад; он қадр онро бузург кард ва пару бол дод, то ба ин дараҷа аз таваҳҳуш расид.

Ҳамчунин озодсозии сарзаминҳо, ба истиснои баъзе муваффақиятҳои ахир, ба ин соддагӣ ба даст наомад, ки бигӯем фақат як банд монда, то бо чоқу онро бибуррем ва ҳама чиз тамом шавад! Барои он ки дастоварди маҳдуд наметавонад муҳаққақ шавад ва тасбит шавад ва идома ёбад дар сурате ки вазъияти сахти феълӣ ба ҳамин шакл идома ёбад. Иттифоқан, бисёр сахт хоҳад буд, ки битавон ин муваффақиятро такрор кард, ба хусус вақте ки Омрико ва муттаҳидонаш вориди майдон шуданд. Онҳо сиёсатҳои худ дар ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристиро тағйир надоданд, то замоне ки мутмаин шуданд, ки Русия ба таври ҷиддӣ ва ба далоили муртабит бо амнияти миллии Русия қарор аст алайҳи гурӯҳҳои теруристӣ вориди амал шавад ва русҳо ҳеч тардиде надоранд, ки ҳамаи гурӯҳҳои теруристиро ҳадаф қарор диҳанд, танҳо дар ин сурат буд, ки сиёсати Русия тавонист бар сиёсати онҳо таъсир бигузорад. Дар ин ҳолат ҳам фақат токтики онҳо тағйир кард, вагарна истротежии пуштибонӣ аз ДОЪИШ ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ мондааст. Бибинед, Фронсуво Улонд, раисиҷумҳури Фаронса ду рӯз пеш чӣ гуфт, ӯ ҳушдор дод шикасти ДОЪИШ метавонад хатарнок бошад, барои ин ки боиси тақвияти дигар гурӯҳҳои теруристӣ мешавад. Манзури ӯ гурӯҳҳои теруристии хориҷ аз контроли паймони Омрикост, ки Фаронса низ ҷузъе аз он аст.

Ҳаддиаксар иттифоқе, ки дар ин марҳила метавонад рух диҳад ва аз он бештар чизе иттифоқ нахоҳад уфтод, он тавр, ки аз ҳарфҳо бардошт мешавад, ин аст ки сарзаминҳои таҳти ишғоли ДОЪИШ ба таври комил озод шаванд ва заминаи матлуб барои поксозии онҳо боқӣ бимонад. Ҳаддиақал чизе, ки аз ин муваффақияти малоловар ба даст меояд, шикасти ДОЪИШ ва гурӯҳҳои ҳамсӯ бо он нест, балки чашмпӯшӣ аз онҳост, то табдил ба як ҷараёни зеризаминӣ шаванд, то баъдан касе биёяд ва нусхаи онҳоро бипечад.

Ahram

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: