Ҷаҳони ислом

Дар Кашмир чӣ хабар аст? (Тасовир)

Дар 10 рӯзи гузашта, Кашмир саҳнаи яке аз хунинтарин саркӯбҳои мусалмонон аз сӯйи артиши Ҳинд будааст ва тибқи гузориши расонаҳо, то кунун 45 нафар аз мардуми Кашмир ба шаҳодат расида ва ҳазорон нафар захмӣ шудаанд.

Ва ин дар ҳолест, ки раҳбари ҷудоиталаби Кашмир дар номае ба теъдоде аз кишварҳои исломӣ, Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо, хостори ҳимоят аз мардуми Кашмир дар муноқиша бо Ҳинд шудааст.

Ба гузориши рӯзномаи Economic Times, Сайид Алишоҳ Гилонӣ, раҳбари аршади ҷудоиталаби Кашмир дар ин нома, хостори фишор бар Ҳинд барои хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз ин минтақаи Кашмир ва эҳтиром ба ҳуқуқи мусалмонон шудааст.

Даргирӣ байни мӯътаризон ва нерӯҳои амниятии Ҳинд дар Кашмир дар 10 рӯзи гузашта, 45 шаҳид ва 3100 маҷрӯҳ барҷо гузоштааст. Ин даргирӣ ба дунболи қатли Бурҳон Музаффар Вонӣ, яке раҳбарони кашмирӣ, аз шанбеи ҳафтаи гузашта баъд аз ташйеъи ҷанозаи вай оғоз шуд ва баъд аз 10 рӯз ҳамчунон идома дорад.

Давлати Ҳинд барои маҳори хушунатҳо аз рӯзи душанбе интишори ҳар гуна рӯзнома ва нашрияро мамнӯъ ва ба ин тартиб тамоми конолҳои иттилоърасониро масдуд кард.

Аз оғози даргириҳо дар 10 рӯзи гузашта, интернет ва телефони ин вилояти шимолӣ ба дигар манотиқ қатъ шуда буд.

Дар рӯзҳои ахир бо афзоиши хушунатҳо ва талафоти даргирӣ дар Кашмир, теъдоди зиёде аз мусалмонон дар рӯзномаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодоти тунде ба амалкарди давлат ва нерӯҳои амниятии Ҳинд карданд.

Вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси таҳаввулоти ахири минтақаи Кашмир, бо ибрози таъассуф аз ба шаҳодат расидани теъдоде аз мардуми ин минтақа гуфт: «Ихтилофот ва танишҳо дар Кашмир танҳо аз роҳҳои мусолиматомез ва гуфтугӯ қобил ҳал аст

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳроми Қосимӣ ҳамчунин тарафайнро ба ҳаддиаксари хештандорӣ даъват кард.

Вокуниш дар Покистон

Давлати Покистон дархост кард, ки мардуми ин кишвар дар роҳпаймоии бузурги «Ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмир ва рӯзи сиёҳ дар ин сарзамин» ширкат кунанд.

Маҷлиси сенои Покистон низ зимни ҳимоят аз мардуми Кашмир ва маҳкум кардани ҷиноятҳои артиши Ҳинд алайҳи мардум ин сарзамин, аз маҷомеъи байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони конфронси исломӣ дархост кард, ки барои ҳалли масъалаи Кашмир вориди амал шаванд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрҳои бузурги Покистон аз ҷумла Исломобод, Пешовар, Кувита ва Музаффаробод, саҳнаи тазоҳуроти мардум барои ҳамбстагӣ бо мардуми Кашмир аст, ки аз имрӯз оғоз шуда ва то чанд рӯз идома хоҳад дошт.

Покистон сафири Ҳиндро ба дафтари Вазорати умури хориҷаи худ эҳзор ва маротиби эътирози Исломобод дар эътироз ба хушунат алайҳи мардуми Кашмирро ба вай иблоғ кардааст.

Рубрики:Ҷаҳони ислом

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.