Барномаи зиндагӣ

Посухи шабаҳ

00076(Гузидаҳое чанд аз китоби «Фиребхӯрдагонем»-и Устод Луқмон Бойматов)

Меъморони бахт

Аҷаб! Боз ҳам фарзандонро бо ояндаи хубу дурахшон фиребашон медиҳем. Ин усули ҷадиде нест, балки кӯҳна аст, мисли таърих ин ҳам роҳи падарон аст, ки онро тардшуда медонем, вале боз ҳам бар ҳамин роҳ меравем. Чун ки падарони мо, моро фирефтанд ва мо ҳам фарзандонамонро мефиребем ва фарзандон фарзандонашонро. Аммо падарони мо огоҳ набуданд ва бовар доштанд. Мо ҳам бовар дорем ва мепиндорем, ки худ насли огоҳтарем.

Ҷойи таъаҷҷуб нест, ки чун ҳамаи наслҳо худро огоҳтару ҳушёртар талаққӣ мекарданд. Мо низ саъй мекунем, фарзандонамонро шабеҳи худ кунем. Вале намебинем, ки онҳо шабеҳи мо шудаанд. Онҳо низ мисли мо бо замон зиндагӣ намекунанд ва аз қазо тақдири худро намесозанд, зеро халлоқийяташонро куштаем ва меъмори бахташон шудаему ҳамвора ба онҳо лаззати ояндаро ваъда медиҳем. Мо падаронем ва суханони падаронро бо забони ҷадид баён мекунем ва ба онҳо мегӯем, ки инҳо андешаи навини мост. Аҷаб лофи газофе! Ин инсоф нест.

Фарзандонро чунон огоҳ кардаем, ки эшон хешро гум кардаанд ва ба замоне, ки аз они эшон нест, саргардонанд. Охир кай замон они мушаххас буда, ки акнун бошад?! Моро чунин карда буданду худ ҳам чунин будаем ва замонро ҳоли худ мепиндоштем. Чаро дурӯғ бояд гуфт? Ҷавонон ҳам замонро он чӣ ҳаст, фаромӯш кардаанд. Орзуҳояшон дар саҳрои умед гум шудаву ба дунболи орзуҳоянд. Гиря бояд кард, узр бояд хост, чун шишаи умеди насли созандаро шикастаем. Мо падарон, қотили бахти фарзандонем, дузди тақдири эшонем. Фикрҳои олударо андешаҳои рӯшан мепиндорем. Бо андешаҳои худ замонро ончунон тағйир додаем, ки зоҳиру ботин сиёҳ шуда ва ҳолро низ барои худ андӯҳгину ғамбор кардаем ва аз беақлӣ, ақли солиму дасти созандаро бастаем ва пиру ҷавон, чашми ботинро кӯр кардаему аз мақсад, чашм пӯшидаем.

Ифтихорамон танҳо як чиз аст: соҳиби фарзандонем. Аммо чӣ суд аз он падарон, ки вақти фарзандони хешро ба ғаму андӯҳ додаанд. Чунон амал мекунем, ки гӯё ворис надорему бо фарзандон пиромуни худшиносӣ сӯҳбат мекунем, вале худпарастем. Фармонравоийи мо бар он чизе, ки худ нест. Ба фарзандон мегӯем, ки вақт ғанимат аст, вале худ ҳолро аз дасти медиҳему боз ҳам ояндаро бовар дорем. Намехоҳем дарёбем, ки оянда ба дасти зиндаҳост. Фарзандон ҳам зиндаанду бояд бисозанд. Мо худ бо сохтаҳо чӣ кардаем, ки акнун ҳам чӣ сохтаем, ки ояндаро хуш бибинем? Чӣ коре барои фарзандон кардаем, ки ояндагон ёде аз мо бикунанд? Дидаи ақлҳо намебинад, ки оянда ҳамон идомаи акнун аст. Аммо акнун дар чӣ ҳол аст?

Эй падарони мағрур! Ҳоли падарони хеш бибинед! Саргузашти онон ибрат аст. Дар зиндагӣ худро вақфи замони хеш бояд кард. Чун замон дар ихтиёри одам нест, балки одам дар ихтиёри замон аст. Фарзандон аз мо ба дунё омадаанд ва ин замон ҳам насиби онҳост. Имрӯз халлоқийяту созандагии фарзандонро накушем, чун ҳамин замон аст, ки ёди моро ба ояндагон мебарад. Ҳар чӣ ба фарзандон медиҳем, ояндагон ба мо хоҳанд дод. Замон қозии одил асту ақли солим василаи саъодати дунёст.

* * *

Посухи шабаҳ

Аз ранҷҳои гиребонгир халосӣ меҷустам. Хаставу дилшикаста шудам. Барои оромиши дил танҳо ба кӯҳи ашбоҳи валиён, он ҷое, ки равонҳои сӯфиёни гузашта пинҳон гашта ва арвоҳи орифони замони оянда орамидааст, рафтам.

Баногоҳ чашмам ба шабаҳе уфтод, ки низ яккаву танҳо, ҷудо аз пораҳои сафед равон буд.

Аз-ӯ пурсидам: Кистӣ ва исмат чист?

Гуфт: Ҳикмат.

Гуфтам: Эй Ҳикмати бисёр доно! В-эй муъаллими ақлҳо!

Бар ман бигӯ, ки чаро ҳидоятгари тавоно дар ин замону макон пайдо нест? Чаро инсонҳо наметавонанд маънии зиндагиро дарёбанд? Чаро Худованд аз инсонҳо каҳр карда ва қалбаш аз одамон ба андозаи аъмоқи осмон дур шудааст?

Шабаҳ дидаи ғамборашро аз шаҳри пурғубор оҳиста канд ва ором ба сӯйи ман дӯхту гуфт:

— Дӯсти ман, ҳакимон он чиро, ки бояд бигӯянд, гуфтаанд. Диққат кун, ҳақиқат ҳамеша ошкор аст, фикри маро дуруст дарёб! Худованд дар ҳама ҷост! Дасташ низ ҳамеша ҳамроҳи ҷамоъат аст. Доираи ҳастии ҳаққ маҳдуд нест. Худованд дур нест, инсонҳоянд, ки хештанро аз Ӯ -и танҳо бар дур гирифтаанд. Одамонанд, ки парастиши аслро аз ёд бурда, холиқи парастишҳои бешумор шудаанд. Одамонанд, ки гармои муҳаббатро табдил ба сармои хусумат кардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки душмани ақл ҳавою ҳавас аст. Ба ҷои ин ки хостаҳояшонро дар миёни иродаву ақл, ҳиммату азми устувор банд кунанд, сиришташонро бандагии тамоюлоти ҳавас кардаанд. Одамонанд, ки шӯълаи маърифатро дар вуҷудашон хомӯш намуда, дар роҳи тираву тор пеш мераванд. Бале, одамонанд, ки дар зиндагии хеш пайваста ҷуз дурӯғу хиёнат чизе таҳвил намедиҳанд. Намеҳоҳанд бифаҳманд, ки дурӯғ офати зиндагӣ асту хиёнат мухарриби шахсийят.

Нигоҳе бар кори додгоҳҳо кун! Оё намебинӣ, ки қозиён шарафи хешро фурӯхта, бо ёрии сарват ва майли нафси худ кор мекунанд, бо калимоти муқаддас аҳкоме низ содир мекунанд, ки ба суди тавонгари бешаън аст. Аммо марди додгареро, ки пайи ёфтани худ ва иродаи Худост, меронанд. Одамонанд, ки ба қотилон ва душманони ҳаёт тамҷид меоранду, бенавоёни мазлумро таҳқир мекунанд, заъиферо, ки гуноҳе накардааст, маҳкум месозанд, вале табаҳкореро, ки зиштарин гуноҳҳоро муртакиб шудааст, шодбош мегӯянду барояш подош медиҳанд. Мардум чашмони зоҳиру ботини хешро кӯр кардааст ва мегузорад, ки тавоно нони нотавонро бигирад ва зӯрон бо зӯру зар бозӣ кунанд!

Оре, одамонанд, ки ақвиёи зумлро тақвийят медиҳанд, на адолати Худоро! Дӯстам, Худованд қаҳр накардааст, балки одамонанд, ки асири ҷаҳл шудаанд…

Шабаҳи ғамгин инро гуфту миёни пораҳои сафед ором-ором аз дидаам пинҳон шуд.

* * *

Либоси хунбофта

Намедонам аз «Дод» чӣ бадӣ дидаед, ки «Бедод»-ро писандидаед?

Намедонам, ки чаро бояд гурехт ва намедонам, ки чаро бояд нишаст!

Оре! Рӯзгор аз сояи зулм тира шуда ва чунон сиёҳ ва зулмонӣ гардида, ки нури нишоти адл нотавон мондааст.

Дунёи сафо бар сарои зулмонӣ бадал гардидааст ва бемурувватони замона дона аз даҳони мӯр низ мегиранд. Ситамдидагони ҷаҳон озодиро, ки беҳтарин неъмати худост, аз даст додаанд ва дар қафаси беҳуқуқӣ чун мурғи маъюс зиндонӣ шудаанд. Нотавонӣ дарди «дод» шудааст ва зӯр низ теғи бадареғи ситамгарӣ ва бедод.

Ин бемурувватони замона ҳатто бо номи Адолат зулм мекунанд.

Оё намедонанд, ки золимон шаъну номус надоранд ва шахсийяташонро худ барои ҳамеша хор кардаанд?

Дил шикастан ва хотири касонро ранҷонидан ҳунар нест, айни беақлӣ аст. Ойини зулмат аст, ки ҳар куҷо ситам хайма занад, «Дод» тарки он ҷо меунад ва имрӯз боз ҳам Дод аз дасти Бедод саргардону гурезон аст.

Гӯянд, ки хонаи золим хароб бод! На хонаи мазлум хароб шудааст. Ҷаҳонсӯзон, маншури хеш аз зулм гирифтаанд ва бад-ин хотир бедод ҳаргиз обистани дод нахоҳад буд. Набояд аз золимон мадад ҷуст, чун нек пеши бедод наравад.

Намедонам чаро бояд гурехт, намедонам чаро бояд нишаст?

На! На! Беҳтар он аст, ки дасти золим баст ва пушти бедодгар шикаст. Чун шикаст овардан бар ситампеша адл асту дод.

Додро бояд ҳимоят кард ва адолатро пос бояд дошт.

* * *

Мӯҳтоҷ

Бандаи кас мабош, чун озод офаридаанд. Ҳамзамон хилқат маншури озодиро ба қазову қадар супурдаанд. Шиъори истиқлолро ҳам аз азал ба покӣ ҳакк кардаанд. Пас чаро зиндагиатро асири зиндагӣ ва убудият кардаӣ?

Эй асири ғафлат! Озод бошу озодиро пос дор, ки он чун кӯдаки ширхор аст. Хирадмандон парастори кӯдаканд ва доноён мураббии он. Лаҳзае бе таваҷҷӯҳии парастор боиси шикаст ё марги тифли мӯҳтоҷ хоҳад шуд. Эҳтиёт шарти ҳаёт аст. Посдори ҳушёр ва омӯзгори ҳушдор нашъу намои кӯдаканд.

Огоҳ бояд шуд, чун ҷаҳолат душмани ҷонии озодӣ аст ва хирад дӯст ва ёвари вай.

Огаҳ будан, яъне пос доштан. Пос дор озодиро дӯст дору ҳаримашро бо иноят ҳифз намо! Чун азизтарин маърифати инсон аст. Ин ганҷи гарон бидуни мубориза ба даст намеояд ва зиндагии бидуни мубориза баробари марг аст.

Барои зинда нигаҳ доштани озодӣ бояд зиндагиро дӯст дошт ва барои дӯст доштани зиндагӣ, бояд озодиро пос дошт.

Муриди озодагон бояд шуд, ки гуфтаанд: «Чароғи роҳи озодагон иродаву эътиқод аст.»

Инсонсозӣ бидуни озодӣ муяссар намешавад, чун озодӣ ҳамон гавҳари гаронқадри инсон аст, ки роҳи наҷотро барояш ҳамвор менамояд.

Пас озод бошу озодиро пос дор, ки вай кӯдаки ширхори маърифати инсон аст.

* * *

Ҳосили пиндори мо

Зиндагӣ сафаре аст ба вақт ва вақти мо миёни ду нафас аст, яке гузашта ва дигаре ҳанӯз наёмада. (1) Моем, ки ин неъмат ва ҳадяи илоҳиро пок фаромӯш кардаем. Моем, ки ақли хешро дар гирдоби ҷаҳл ва роҳи зиндагии хешро бераҳмона ба печу хам афкандаем. Мо худ аз Худову худ бегона шудаем. Чун чарх ба даври хеш мегардем. Ҳастии хешро зиндони хеш кардаем. Фаромӯш кардаем, ки тафаккури мо аст, ки ҷаҳонамонро месозад. Намехоҳем бифаҳмем, ки ҳар чиро дар зеҳни худ ҳукм кунем, ҳамонро ба даст меорем. Кирдори мо ҳосили пиндори мо аст. Намехоҳем бидонем, ки «дӯсти ҳар кас ақли ӯст ва душманаш ҷаҳли ӯст».

Оре, бадиҳо ва зиштиҳое, ки дар дигарон мебинем, ба ростӣ аз они мост. Дигарон муҷиби бадбахтии мо нестанд. Мо худ қотили ҳастии хешем. Решаҳои афкори хешро худ месӯзем. Мо худ ҳақро бо ботил иштибоҳ гирифтаем ва ботилро намуди ҳаққ пиндошта ва онро арҷ гузоштаем. Зимомдорон адлу ҳақиқатро аз мо нагирифтаанд, балки мо худ додаем. Дурӯғро мепазирем, аммо ростро ҳаргиз ҳозир нестем бипазирем.

Интихоби биҳишт ва ҷаҳаннам низ бо худи мост. Тафаккури мо ойинаи мост.

Пас чаро ҷои пиндор ва кирдори хешро дар зиндагӣ дасти кам бигирем?

* * *

Ойинаи сиришт

Хатоҳо ва саҳвҳо ойинаи табиъат ва сиришти мост. Рӯҳи ҳар инсон барои худаш қитъаи кашфнашудаест. Кашшофи рӯҳи хеш бояд шуд.

Дастае ба фарояндҳои инсонии хеш эътимод намекунанд. Наҷобати одамӣ ва роҳи фазилату тарбияти нафси хешро фаромӯш кардаанд. Онон нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, чашми дилашон боз нест, намебинанд, ки иддае бар ҳарими саъодаташон таҷовуз мекунанд.

Дастае ҳам каранд. Гӯш медиҳанду, вале намешнаванд. Онон сухани ҳақро намешнаванд ва аз ҳақиқат сухан намегӯянд. Намешнаванд, ки дурӯғу ботил ростӣ ва адолатро хору залил мекунад.

Ин ду даста ба дасти худашон зиндагиашонро ба ҳалокат мерасонанд. Оё намешавад, кӯрону карон чашмони дилу гӯшҳои ботинашонро боз бикунанд ва муҳаббат ба ҳам бикунанд, зеро муҳаббат калиди равонҳост, ки дар қалби инсон ҷо гирифтааст.

Боргоҳи ҳақиқату адолат он гоҳ пок мешавад, ки агар ҳама бо ҳам дӯсту бародар шаванд ва дидаи ботинашон ба нури маърифат бино гардад.

* * *

(1) Ба пояи гуфтаҳои Абӯ Саид Абулхайр.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.