Ваҳдати исломӣ

Шайхи Алазҳар: “Уламои дин алайҳи бародаркушӣ фатво диҳанд”

Дуктур Аҳмад ат-Тайиб дар гуфтугӯ бо рӯзномаи кувайтии Аланбоъ, аз руҳониҳои аҳли суннат ва шиъа хост, то бо судури фатвое, “бародаркуширо дар миёни мусалмонон ҳаром эълом кунанд.”

Шайхи Алазҳар дар ин гуфтугӯ бо таъкид бар ин ки “мо набояд ба тафриқаафканон дар миёни аҳли тасаннун ва ташайюъ баҳо бидиҳем” гуфт: “Мутаассифона тафриқаафканон аз ҳар ду гурӯҳ ҳамакнун дар расонаҳои гурӯҳӣ садои расое доранд ва бар асоси дастур амал мекунанд, ки намехоҳад оташи фитна дар миёни мусалмонон хомӯш шавад.”

Вай афзуд: “Мо хоҳони наздик шудани пайравони мазоҳиби ислом ба якдигар ҳастем.”

Вай ҳамчунин бар лузуми таваққуфи бародаркушӣ миёни мусалмонон ва поён ёфтани селоби хун дар ҷаҳони ислом таъкид кард.

Ат-Тайиб дар иртибот бо аҳаммияти тақриб миёни аҳли суннат ва шиъа гуфт: “Алазҳар ҳамвора хостори тақриб миёни аҳли тасаннун ва ташайюъ буда ва ин мавзӯъ барои Алазҳар ҳоизи аҳаммияти хоссе аст.”

Шайх Алазҳар идома дод: “Ман аз уламои баландпояи аҳли тасаннун ва уламои барҷастаи шиъа мехоҳам, то бо ташкили як нишасти муштарак дар Алазҳар, фатвое дар хусуси ҳаром будани мусалмонкушӣ дар миёни мазоҳиби мухталифи исломӣ содир кунанд, то бад-ин тартиб ба хунрезии ҷорӣ дар минтақа поён дода шавад ва уммати мусалмон аз чанголи тавтиъаҳо ва тавтиъачинон раҳоӣ ёбад; тавтиъаҳое, ки мусалмонон ҳамакнун бо хун ва ҷони худ баҳои онро мепардозанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.