Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Чанд гуфтор аз Ибни Сино

Абӯалӣ ибни Сино (980 — 1037), донишманд, файласуф ва пизишки маъруфи Эронзамин аст. Аз ӯ гуфторҳо ва суханоне пурҳикмат ва нағз нақл шуда, ки порае аз онҳоро мурур мекунем:

1. “Шарри биззот (зотӣ) ҳамон адам аст, аммо на ҳар адаме, балки адами камолоте, ки муқтазои навъ ва табиати як чиз аст.”

2. “Раиси мадина (яъне ҳоким) ҳамчун раъси ҷасад — сар дар тан — аст, ки бояд маҷмӯъи сифоти адл ва суннат бошад ва ба ҳар фард аз ҳар табақа бошад воҷиб аст, ки ба одати писандида ва ахлоқи фозилае, ки раиси суннат вазъ карда амал кунад. Оммаи мардум бояд дар татбиқи рафтори худ бо шариат бикӯшанд ва аз ин рӯст, ки зиндагии мадании (иҷтимоии) инсонӣ масире мешавад барои расидан ба саодати ухравӣ.”

3. “Баъзе чунон саргарми мероси илмии гузаштгонанд, ки фурсати муроҷеа ба ақли худро надоранд, ва агар фурсате ҳам ба даст биёваранд, ҳозир нестанд, ки иштибоҳот ва лағзишҳои ононро (гузаштагонро) ислоҳ ва ҷуброн намоянд.”

4. “Таъассуб дар илм ва фалсафа, монанди ҳар таъассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад.”

5. “Касе ки ба тамриноти баданӣ мепардозад (яъне варзиш мекунад), ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст.”

6. “Тамоми улуми гузашта ва суннат бояд нақд шаванд. Дар сурате ки аз дами тези нақд ба саломат хориҷ шуд, он вақт қобили пазириш аст.”

7. “Таъаҷҷуб мекунам, касе мост бихӯрад ва бимирад.”

8. “Нишони дӯсти некӯ он аст, ки хатои туро бипӯшонад, туро панд диҳад ва розатро ошкор насозад.”

9. “Агар медонистед, ки як маҳкум ба марг ҳангоми муҷозот то чӣ ҳадд орзуи бозгашт ба зиндагиро дорад, он гоҳ қадри рӯзҳоеро, ки бо ғам сипарӣ мекунед, медонистед.”

10. “Ҳар кӣ дунё хоҳад, дониш омӯзад ва ҳар кӣ охират хоҳад, дар амал кӯшад.”

11. “Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳӣ боқӣ намемонад.”

12. “Некбахттарини мардум касест, ки кирдор ба саховат биёрояд ва гуфтор ба ростӣ.”

13. “Ҳар кас одат кунад, ки бидуни далел ҳар ҳарферо бовар кунад, аз сурати инсонӣ хориҷ аст.”

14.

Душмани нақди гузашта нақлгарост,

Душмани ояндаву нашъу намост.

Муддаъӣ гар ақл дорад дар сараш,

Бо ҷидоли аҳсанаш душманчарост.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.