Таҳлилот

Далоили ҳимояти Путин аз Тромп

Иқдоми ахири сойти Викиликс дар ифшои ҳазорон емайли шахсии радду бадалшуда миёни мақомоти аршади Кумитаи миллии Ҳизби демукроти Омрико, гумоназаниҳоеро дар бораи эҳтимоли дахолати Русия дар ин иқдом матраҳ кардааст.

Муҳтавои ин емайлҳо нишон медиҳад, мақомоти аршади Ҳизби демукрот бар хилофи асосномаи ҳизб, ба равшанӣ асли бетарафиро дар мавриди номзадҳои интихоботии худ нақз карда ва аз ибтидо тамоюле ба пирӯзии Берни Сандерз дар рақобатҳои интихоботии Ҳизби демукрот надоштаанд.

Корзори интихоботии Ҳилори Клинтун, ки пас аз ин ифшогарӣ бо чолиши бузурге барои муттаҳид кардани Ҳизби демукрот ва ҷалби ҳимояти тарафдорони Сандерз дар интихоботи риёсати ҷумҳурии пеши рӯ мувоҷеҳ шудааст, ангушти иттиҳоми худро мустақиман ба самти Маскав нишона рафтааст.

Мақомоти корзори интихоботии Клинтун муддаъӣ ҳастанд, ки баррасии коршиносони амнияти сойберӣ нишон медиҳад, қуфлҳои амниятии сервери марбут ба сомонаи Кумитаи миллии Ҳизби демукрот ба дасти ҳакерҳои рус шикаста шуда ва пойи ду ниҳоди амниятии русӣ низ дар сирқати иттилоот аз ин сервер ва интиқоли онҳо ба Викиликс дар миён будааст.

Ба баёни соддатар, онҳо муддаъӣ ҳастанд, ки ҳаки емайлҳои шахсии мақомоти аршади Ҳизби демукрот талоше барномарезишуда аз ҷониби Маскав барои ҳошиясозӣ дар Ҳизби демукрот ва кӯмак ба номзади интихоботии ҷумҳурихоҳон будааст.

Аммо чаро Маскав бояд ба дунболи пирӯзии Дунолд Тромп бошад?

Фориғ аз сиҳҳату суқми иддаъои корзори интихоботии Клинтун, бархе мавзеъгириҳои байналмилалии Тромп дар тӯли рақобатҳои интихоботии ахир ва ҳамчунин пайғомҳои муҳаббатомези радду бадалшуда миёни ӯ ва Владимир Путин – раисиҷумҳур Русия, ба равшанӣ нишон медиҳад, ки ӯ дар муқоиса бо Ҳилори Клинтун, ки ҳеч гоҳ дӯсти Русия набудааст, гузинаи матлуби ин кишвар барои риёсати ҷумҳурии Омрикост.

Дар ҳоле, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демукрот ҳар ду тайи солҳои ахир, сиёсати воҳидеро дар баробари Маскав дунбол кардаанд ва ҳатто Мит Ромни — номзади қаблии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2012, дар нутқи сиёсати хориҷии худ Русияро «бузургтарин таҳдиди жеупулутики Омрико” баршумурд, Тромп аммо аз ибтидои ҳузур дар рақобатҳои интихоботии имсол, дар суханрониҳои мухталиф ваъдаи танишзудоӣ ва беҳбуди равобит бо Русияро матраҳ кардааст; ваъдае, ки ба навиштаи расонаҳо, бо истиқболи густардаи мақомоти Кремлин мувоҷеҳ шуд.

Бархе коршиносон далели алоқамандии тоҷири нюйоркӣ ба Русияро сафарҳои кории мутаъаддиди ӯ ба ин кишвар аз даҳаи 80 ва иртибототи наздики ӯ бо туҷҷор ва сармоягузорони русӣ унвон мекунанд. Илова бар ин, ба навиштаи сойти Politiko, бисёре аз наздикони Тромп дар гузашта равобити кории густардае бо русҳо доштаанд. Ҳатто гуфта мешавад, ки Пол Монофурт — мудири корзори интихоботии ӯ, мушовири интихоботии Виктор Янукович — раисиҷумҳури собиқи Укройн будааст, ки пас аз вуқӯъи инқилоби мардумӣ дар ин кишвар, ба далели наздикӣ бо Путин, ба Русия паноҳанда шуд.

Мавзӯъи дигаре, ки Тромпро ба гузинаи матлуби Русия дар интихоботи 2016-и Омрико табдил мекунад, сиёсати хориҷии инзивоталабонаи ӯст. Номзади ҷумҳурихоҳон борҳо аз амалкарди Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) интиқод карда ва бо таваҷҷӯҳ ба қарзҳои хориҷии сангини Омрико, ҳимояти молии беш аз андозаи Вошингтун аз онро мантиқӣ надонистааст. Ба навиштаи New York Times, Тромп ҳатто дар як суханронии интихоботӣ дар моҳи апрел, бо ишора ба фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, фалсафаи вуҷуди НАТО-ро низ зер суол бурд.

Бинобар ин, интиқоди Тромп аз НАТО дар шароите, ки ин эътилофи низомии байналмилалӣ тайи як даҳаи ахир бо ҳидояти Омрико ба як таҳдиди ҷиддӣ дар марзҳои ғарбии Русия табдил шудааст, хушбинии мақомоти Кермлин нисбат ба коҳиши таҳаррукоти низомии НАТО дар шарқи Урупо ва беҳуда мондани тарҳи сипари мушакии Омрико дар ин минтақаро афзоиш додааст. Ҳамчунон ки Тромп бо ҳимоят аз хуруҷи Ангилис аз Иттиҳодияи Урупо низ нишон дод, ки аз асос бо ҳузури кишварҳо дар иттиҳодҳои сиёсӣ ё низомии ҳазинабар мухолиф аст.

Ба навиштаи Washington Post, бархе коршиносони рус мӯътақиданд, ки шояд ҳамон гуна ки Ангилис аз Иттиҳодияи Урупо хориҷ шуд, Тромп низ Омрикоро аз паймони НАТО хориҷ ё дастикам тавсиъаталабии онро дар Урупо маҳдуд кунад. Ба эътиқоди онҳо, Тромп ҳатто мумкин аст ба назми навине, ки Омрико пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҷаҳон эҷод кардааст низ поён диҳад.

Маскав ҳамчунин умедвор аст, бо рӯйи кор омадани Тромп, аз ҳаҷми дахолатҳои Омрико дар Укройн ва талошҳои Кунгра барои таслеҳи гурӯҳҳои мухолифи Русия дар ин кишвар низ коста шавад; ба вижа он ки ӯ таъкид кардааст, ҳеч алоқае ба ояндаи Укройн надорад.

Дар ҳамин иртибот, сойти Politiko чанде пеш дар таҳлиле перомуни фоидаҳои риёсати ҷумҳурии Тромп барои Русия навишт: «Барои Путин Тромп як ҳадияи ғайри мунтазира аст. Ӯ, ки аз сӯи ғарб ба хотири таҷовузи низомӣ ба Укройн ва илҳоқи Карима ба хоки худ таҳти таҳримҳои шадид қарор гирифтааст, акнун муттаҳиди ҷадидеро дар муқобили худ мебинад, ки бо сиёсати инзивогароёнааш метавонад боиси коҳиши дахолати Омрика дар умури Урупо шавад.”

Илова бар ин, номзади ҷумҳурихоҳон дар ростои сиёсати хориҷии инзивоталабонаи худ, ки ҳадафи он пардохтан ба мушкилоти дохилии Омрикост, борҳо дар суханрониҳои интихоботӣ, аз ҳузури низомии Омрико дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ва ҳазинаҳои сарсомовари он интиқод кардааст.

New York Times моҳи гузашта дар таҳлиле дар ин бора навишт, дар сурати пирӯзии Тромп ва таҳаққуқи ваъдаҳои интихоботии ӯ, хуруҷи нерӯҳои Омрико аз се минтақаи калидии ҷаҳон яъне Осиёи Шарқӣ, Урупо ва Ховари Миёна боиси озодии амали Русия дар ин манотиқ хоҳад шуд; камо ин ки илова бар Урупо, акнун таъорузи манофеъи Русия ва Омрико дар минтақаи Ховари Миёна ва баҳри ҷанубии Чин низ ба равшанӣ қобили мушоҳида аст.

Ҳимоят аз Тромп дар миёни мардуми оддии Русия низ дида мешавад. Ба навиштаи New York Times, дар ҳоле ки тибқи назарсанҷиҳо танҳо 10 дарсади мардуми Русия аз Ҳилори Клинтун ҳимоят мекунанд, ҳимоят аз Тромп рӯз ба рӯз дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Онҳо мӯътақиданд, Клинтун дар идомаи сиёсатҳои зидди русии худ боиси ташдиди ҷанги сард миёни Омрико ва Русия хоҳад шуд. Аммо бо Тромп метавон ба беҳбуди равобити ду кишвар умедвор буд. Пӯшиши густардаи изҳорот ва мавозеъи интихоботии Тромп дар расонаҳои русӣ низ ба равшанӣ баёнгари тамоюли Маскав ба пирӯзии Тромп дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрикост.

Илова бар ин, Путин ва Тромп дар тӯли моҳҳои ахир, ибороти тамҷидомезеро низ дар мавриди якдигар ба кор бурдаанд. Раисиҷумҳури Русия дар моҳи декабри гузашта дар як ҳамоиши тиҷории бузург дар Маскав, Тромпро як “нобиға” хонд ва номзади ҷумҳурихоҳон низ дар вокуниш ба ин изҳори назар, дар сафҳаи твиттери худ аз Путин бо унвони як «раҳбари қудратманд» ёд кард, ки метавонад бо ӯ ҳамкории хубе дар оянда дошта бошад. Reuters пас аз он дар гузорише навишт, Тромп бо алоқае, ки нисбат ба Путин аз худ нишон додааст, шояд таҳримҳои Маскавро низ дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, лағв кунад.

Тромп аз ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои русӣ дар Сурия низ ҳимоят кардааст, то Маскав ба ин ҷамъбандӣ бирасад, ки бо вуруди ӯ ба Кохи Сафед, яқинан мавонеъи камтаре бар сари роҳи сиёсатҳои минтақаии он қарор хоҳад дошт. Ҳамчунин дар моҳи январ, ки додгоҳе дар Ангилис, Путинро дар қатли Литвиенко — узви собиқи КГБ – муқассир шинохт, Тромп сареҳан эълом кард, аз назари ӯ ҳеч мадраке барои исботи гуноҳкории раисиҷумҳури Русия вуҷуд надорад.

Маҷмӯъи ин изҳорот ва мавзеъгириҳо боис шудааст, ки мақомоти корзори интихоботии Клинтун акнун Русияро дар қазияи ифшогарии ахири Викиликс муқассир бидонанд. Онҳо муддаъӣ ҳастанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба равобити дӯстонаи Викиликс бо Русия ва ҳимояти Тромп аз ин кишвар дар ҳоле ки дар тӯли 20 соли ахир ҳеч фарде дар ташкилоти сиёсии Омрико чунин ҳимоятеро аз худ нишон надодааст, ифшогарии ахири Викиликс алайҳи мақомоти Ҳизби демукрот, нақшаи Маскав барои таъсиргузорӣ бар натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико будааст.

Afkarnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.