Сиёсат

Оё президент дар Омрико мунтахаби мардум аст?

Daily Beast бо интишори гузорише дар пойгоҳи интернетии худ навишт: “Дар низоми сиёсии аз ҳам гусехтаи Омрико давлати демукротики “бархоста аз мардум ва барои мардум” маънои худро аз даст додааст.”

Дар ин матлаб омадааст: “Низоми сиёсии Омрико танҳо таъминкунандаи манофеъи қишри сарватмандони ин кишвар аст; милёрдерҳое, ки ҳазинаҳои муборизоти интихоботии номзадҳои риёсати ҷумҳуриро пардохт мекунанд. Том Довни (Tom Downey), узви собиқи Кунгра (Конгресс) ва муассиси ширкати Downey McGrath Group ва аз лоббигарони интихоботӣ, аз ҷумлаи ин милёрдерҳост. Олексондро Пелусӣ (Alexandra Pelosi), хабарнигор ва коргардони омрикоӣ ва фарзанди Нонси Пелусӣ (Nancy Pelosi), раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Омрико, яке дигар аз лоббигарони сиёсии ин кишвар маҳсуб мешавад. Олексондро бо истифода аз таблиғоти тахрибкунанда алайҳи модараш, тамоми талоши худро ба кор баст, то вайро ба унвони як ҳаюлои гудзиломонанд ба тасвир бикашад.”

Дар идомаи гузориш омадааст: “Лоббигариҳои милёрдерҳои омрикоӣ боиси зуҳури номзадҳои пупулисте монанди Дунолд Тромп ва Берни Сандерз шудааст. Рӯзномаи New York Times охирҳои соли гузашта гузориши такондиҳандае дар хусуси 158 хонаводаи сарватманди омрикоӣ, ки 50 дарсади ҳазинаҳои интихоботии ин кишвар (танҳо ҳудуди 176 милюн дулор дар даври муқаддамотӣ)-ро таъмин мекунанд, мунташир кард. Бештари ин афрод мардони сафедпӯст ва солхӯрда ҳастанд, ки дар бахшҳои иқтисодӣ ва энержии Омрико сармоягузорӣ мекунанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.