Сиёсат

Талоши муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Чин барои мубориза бо теруризм

Кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Чин тасмим гирифтаанд, то барои мубориза бо теруризм дар минтақа, як гурӯҳи ҳамоҳангии чаҳорҷониба ташкил диҳанд.

Ба гузориши Taand, Тоҷикистон, Афғонистон, Чин ва Покистон гурӯҳи чаҳорҷонибаеро барои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ ба манзури мубориза бо теруризм эҷод карданд.

Ин тавофуқ дар нишасте муштарак дар шаҳри Урумчи, маркази минтақаи уйғурнишини Чин, анҷом шудааст. Дар ин нишаст женерол Қадамшоҳ Шаҳин, раиси ситоди артиши Афғонистон, женерол Фонг Фин Гуй, раиси ситоди артиши Чин, Роҳил Шариф, раиси ситоди артиши Покистон ва женерол Собирзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Онҳо бо баёни мавзеъи муштарак эълом карданд, ки теруризм барои суботи минтақа хатаре ҷиддӣ маҳсуб мешавад ва онҳо аз мубориза бо теруризм ҳимоят мекунанд.

Бар пояи ин гузориш, теруристҳое, ки дар Афғонистон ва Чин фаъолият мекунанд, дар Покистон омӯзиш мебинанд ва аз ин тариқ ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ мешаванд ва ин дар ҳоле аст, ки мақомоти чаҳор кишвари мазкур дар мавриди пойгоҳҳои теруризм дар минтақа ҳеч изҳори назаре накарданд.

Дар ин нишаст танҳо бар мубориза алайҳи таҳдидоти минтақаӣ ва ҳамкорӣ барои таъмини амният ва субот сӯҳбатҳое анҷом шуд, ки ширкаткунандагон тасмим гирифтанд барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, як гурӯҳи ҳамкории чаҳорҷониба эҷод кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.