Перейти к содержимому

Ҳама чиз дар бораи таассуб

Таассуб ва асабият вожае арабист ва аз моддаи “асаб” ба маънои “рагҳо ва пайҳоест, ки мафосилро ба ҳам мепайвандад,” сипас ҳар гуна иртибот ва ба ҳам пайвастагиро таассуб ва асабият номидаанд. Аммо маъмулан ин лафз дар мафҳуми мазмуми он ба кор меравад. Аз ин рӯ, таассуб ва таҳаҷҷур ба маънои истоӣ, таҳаввулнопазирӣ, ҷумуд ва барнатобидани арзишҳои ҳақ ва волост, ки ҳам дар арсаи биниш ва дониш ба кор меравад (таҳаҷҷур), ва ҳам дар ҳавзаи гароиш ва рафтор (ҷумуд).

Таассуб дар Қуръон ва ривоёт

Дар Қуръони Карим гӯшае аз иддаъоҳои бедалели ҷамъе аз яҳуд ва насороро мебинем, ки натиҷааш инҳисорталабӣ ва сипас таассуб аст. Дар ояте мефармояд:

وَ قالَتِ الْیَهُودُ لَیْسَتِ النَّصاری‌ عَلی‌ شَیْ‌ءٍ وَ قالَتِ النَّصاری‌ لَیْسَتِ الْیَهُودُ عَلی‌ شَیْ‌ءٍ

Яҳудиён гуфтанд: масеҳиён ҳеч мавқеияте назди Худо надоранд ва масеҳиён низ гуфтанд: яҳудиён ҳеч мавқеияте надоранд (ва бар ботиланд)…” (Сураи Бақара, ояти 113)

Ҷумлаи “ҳеч мавқеияте надоранд” ишора ба ин аст, ки онҳо дар пешгоҳи Худо мақоме надоранд, ё ин ки дин ва ойини онҳо чизи қобили мулоҳизае нест. Сипас Қуръон изофа мекунад: онҳо ин суханонро мегӯянд дар ҳоле ки китоби осмониро мехонанд. Яъне бо дар даст доштани китоби илоҳӣ — ки метавонад роҳгушои онҳо дар ин масоил бошад — ин гуна суханон, ки сарчашмае ҷуз таассуб ва лаҷоҷат надорад, бисёр аҷиб аст.

Ин оят сарчашмаи аслии таассубро ҷаҳл ва нодонӣ муаррифӣ кардааст. Зеро афроди нодон ҳамвора дар муҳити зиндагии худ маҳсуранд ва ғайри онро қабул надоранд, ба ойине, ки аз кӯдакӣ бо он ошно шудаанд ҳарчанд хурофӣ ва беасос бошад сахт дил мебанданд ва ғайри онро мункир мешаванд.

Албатта дар баррасии вожаи ҷумуд ояти дигаре матраҳ мешавад, ки мефармояд:

ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُمْ مِنْ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِيَ كَالْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً

Пас аз он, дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг…” (Сураи Бақара, ояти 74), ки дар ҳақиқат одамҳоеро манзур мекунад, ки тамоми вуҷудашон сахту сиёҳ шуда ва дар баробари андеша нуфузнопазиранд ва аз ҷиргаи асҳоби тафаккур ва андеша хориҷ буда ва ҳидоятнопазиранд.

Дар ривоёти исломӣ низ аз мавзӯи таассуб ба унвони як ахлоқи мазмум шадидан накӯҳиш шудааст, то он ҷо, ки дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) мехонем:

کان رسول اللَّه (ص) یتعوذ فی کل یوم من ست: من الشک والشرک والحمیة والغضب والبغی والحسد

Расули Худо (с) ҳар рӯз аз шаш чиз ба Худо паноҳ мебурд: аз шак, ширк, ҳамият (таассуб), ғазаб, зулм ва ҳасад.” (Мизонул-ҳикма)

Ҳангоме ки Паёмбари Акрам (с) мушриконро ба ойини яктопарастӣ даъват мекард, онон бино ба маҳдудияти фарҳангӣ ва фикрие, ки доштанд посух медоданд: рафтор ва ақоиди мо ҳамон аст, ки падарони мо доштаанд ва ҳаргиз тағйири маслак нахоҳем дод. Бинобар ин, аз пандҳо ва андарзҳои Расули Худо (с) ҷуз фарёди даъват чизе намешуниданд; дуруст монанди гӯсфандоне, ки сахт саргарми чаро бошанд ва гоҳ-гоҳе фарёди чӯпонро бишнаванд, вале ҳаргиз ба он таваҷҷӯҳ накарда ва ба роҳи худ идома диҳанд.

Ҳамчунин аз ривоёт истифода мешавад, ки Иблис нахустин касе буд, ки таассуб ба харҷ дод. Имом Алӣ (а) баҳси расо ва кӯбандае дар ин замина баён фармудааст:

اما ابلیس فتعصب علی آدم لاصله وطعن علیه فی خلقته فقال انا ناری وانت طینی

Иблис дар баробари Одам ба хотири аслу решаи хеш таассуб варзид ва Одамро мавриди таън қарор дод ва гуфт: ман аз оташам ту аз хок.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи Қосиъа)

Таассуби писандида ва нописанд

Таъбири дигаре, ки аз асабият дар оёт ва ривоёт омада “ҳамият” ё ”ҳамияти ҷоҳилият” аст. Ҳамият дар асл аз моддаи “ҳамо” ба маънои ҳарорат аст ва сипас дар маънои ғазаб ва баъдан ба маънои таассуби омехта бо ғазаб ба кор рафтааст. Ин вожа гоҳ дар ҳамин маънои мазмум ва нописанд (бо қайди ҷоҳилият ё бидуни он) ва гоҳ дар маънои писандида ба кор меравад ва ишора ба ғайрати мантиқӣ ва таассуб дар умури мусбат ва созанда аст.

Имом Алӣ (а) мефармояд:

فان کان لا بد من العصبیة فلیکن تعصبکم لمکارم الخصال ومحامد الافعال ومحاسن الامور

Агар қарор ҳаст таассубе дошта бошед, ин таассуби шумо барои ахлоқи писандида, афъоли нек ва корҳои хуб бошад.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи Қосиъа) Зимнан, аз ин сухан ба хубӣ равшан мешавад, ки истодагии сарсахтона барои тарафдорӣ аз як воқеияти матлуб, на танҳо таассуби нописанд ва мазмум нест, балки метавонад халаъи руҳии инсонро дар пайвандҳои нодурусти ҷоҳилӣ пур кунад.

Дар хабаре аз Имом Боқир (а) мехонем, ки аз он ҳазрат дар бораи таассуб суол карданд, эшон фармуд:

العصبیة التی یاثم علیها صاحبها ان یری الرجل شرار قومه خیرا من خیار قوم آخرین، ولیس من العصبیة ان یحب الرجل قومه، ولکن من العصبیة ان یعین قومه علی الظلم

Таассубе, ки инсон ба хотири он гуноҳкор мешавад ин аст, ки ашрор ва бадони қавмашро беҳтар аз некони қавми дигар бидонад, аммо ин ки инсон қавм ва қабилаи хешро дӯст дорад, ин таассуб нест, (балки) таассуб он аст, ки инсон қавм ва қабилаи худро дар ситамгарӣ ёрӣ диҳад.” (Усули Кофӣ, 2/233)

Бо ин вуҷуд аммо таассуб ғолибан дар ҳамон маънои мазмум ва нописанд ба кор рафтааст, чунонки ҳазрати Алӣ (а) борҳо рӯйи ин маъно такя кардааст; ҳангоме ки мардумро аз таассуботи ҷоҳилият барҳазар медорад:

فاطفئوا ما کمن فی قلوبکم من نیران العصبیة واحقاد الجاهلیة، فانما تلک الحمیة تکون فی المسلم من خطرات الشیطان ونخواته ونزغاته ونفثاته

Шарораҳои таассуб ва кинаҳои ҷоҳилиро, ки дар қалб доред хомӯш созед, ки ин худбартарбинӣ ва ҳамият ва таассуби нораво дар мусалмонон, аз илқоот ва худбартарбинӣ ва васвасаи шайтон аст.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи Қосиъа)

Таассуботи шадиди нажодӣ ва маҳалгароӣ

Бидуни шак инсон ба ҳар сарзамин ё маҳал ва нажоде тааллуқ дошта бошад, нисбат ба он ишқ меварзад ва ин на танҳо айб нест, балки омили созандае барои ҳамкориҳои иҷтимоии ӯст. Вале агар ин амр аз ҳаддаш бигузарад, ба сурати мухарриб ва гоҳ фоҷеаофарин дархоҳад омад. Ва манзур аз таассуби нажодӣ ва маҳалгароӣ, ки мавриди накӯҳиш қарор мегирад, ҳамин ифрот аст.

Дифоъи ифротгуна аз қавм ва маҳал ва нажод ва ватан, сарчашмаи бисёре аз ҷангҳо дар тӯли торих будааст ва омиле барои интиқоли хурофот ва зиштиҳо — таҳти унвони одоб ва сунани қабила ва нажод — шудааст.

Ин дифоъ ва тарафдории ифротгуна гоҳ ба ҷое мерасад, ки бадтарин афроди маҳал дар назари ӯ зебо, ва беҳтарин афроди маҳалли дигар дар назари ӯ зишт аст ва ҳамчунин одоб ва суннатҳои зишту зебо ва ба таъбири дигар, таассуби нажодӣ пардае аст аз худхоҳӣ ва ҷаҳл, ки бар рӯйи афкор ва дарку ақли инсон қарор мегирад ва қазовати саҳеҳро аз кор меандозад.

Ин ҳолат дар миёни баъзе ақвом, ба хусус аъроби замони Паёмбари Акрам (с), сурати ҳоддтаре дорад. Худованд мефармояд:

وَ لَوْ نَزَّلْناهُ عَلی بَعْضِ الاعْجَمینَ فَقَرَأَهُ عَلَیْهِمْ ما کانُوا بِهِ مُومِنین

Агар Қуръон бар ғайри араб нозил мешуд, (аъроб) ҳаргиз ба он имон намеоварданд.” (Сураи Шуъаро, ояти 198-199)

Решаҳои таассуб:

1. Такаббур: Яке аз решаҳои таассуб такаббур мебошад, ки намунаи боризи он дар достони саҷда накардани шайтон бар Одам намоён мешавад. Имом Алӣ (а) дар ин бора мефармояд:

اما ابلیس فتعصب علی آدم لاصله وطعن علیه فی خلقته فقال انا ناری وانت طینی

Иблис дар баробари Одам ба хотири аслу решаи хеш таассуб варзид ва Одамро мавриди таън қарор дод ва гуфт: ман аз оташам ту аз хок.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи Қосиъа)

2. Молу сарват:

واما الاغنیاء من مترفه الامم فتعصبوا لاثار مواقع النعم

Аммо тавонгарон аз мураффаҳини умматҳои гузашта, ба хотири осор неъматҳо таассуб варзиданд.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 192)

3. Тақлиди кӯр-кӯрона: Тақлид ақсоми мухталифе дорад, ки як навъ аз он мазмум ва нописанд аст ва он тақлиди ҷоҳил аз ҷоҳил мебошад, ки гоҳ омили аслии таассуби нобаҷо мебошад. Ҳамчунин пайравии ноогоҳона ва дифоъи ифротгуна аз падарон ва аҷдод ва шахсиятҳои бузурги қавму қабила, сарчашмаи бисёре аз ҷангҳо дар тӯли торих будааст ва омиле барои интиқоли хурофот ва зиштиҳо — таҳти унвони одоб ва сунани қабила ва нажод — шудааст.

Роҳи дармони таассуб

Беҳтарин роҳи мубориза бо ин хӯйи зишт талош ва кӯшиш барои боло бурдани сатҳи фарҳанг ва фикр ва имони ҳар қавм ва ҷамъият аст. Дар ҳақиқат, доруи ин дардро Қуръони Маҷид нуқтаи муқобили он, яъне доштани сакина ва руҳи тақво, медонад. Яъне он ҷо, ки имон ва оромиш ва тақвост, ҳамияти ҷоҳилият нест ва он ҷо, ки ҳамияти ҷоҳилият аст, имон ва тақво дар кор нест.

Нақл шудааст, ки миёни зани араб ва аҷам ихтилофе пайдо шуд. Назди ҳазрати Алӣ (а) омаданд ва ҳазрат тафовуте қоил нашуд. Зани араб эътироз кард. Имом ду мушт хок дар даст гирифт ва фармуд: “Миёни ин ду мушт фарқе намеёбам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: