Перейти к содержимому

Ин ҳамроҳӣ ва наҳваи бозтоби он, чӣ паёмеро дарбар дорад?

Гузориши расонаҳои давлатӣ аз ҷараёни боздиди ахири Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва наҳваи бозтоби он ва ба хусус тасовире, ки аз ин боздид мунташир шуд, беш аз он ки рӯи худи раисиҷумҳур ва боздидаш тамаркуз карда бошанд, рӯи касе тамаркуз доштанд ва барҷастааш мекардаанд, ки Раҳмонро дар ин боздид ҳамроҳӣ кард. Яъне, Рустами Эмомалӣ.

Шояд дар назари ибтидоӣ ва аз диди бисёриҳо, ин наҳва аз бозтоб оддӣ ва тасодуфӣ ба назар бирасад, вале дар таҳияи гузориши дидорҳо, боздидҳо ва сафарҳои руасои ҷумҳур (дар ҳамаи кишварҳо) ва наҳваи бозтоби онҳо ва тасовире, ки аз онҳо мунташир мешавад, мо чизе ба номи “оддӣ” ва “тасодуфӣ” надорем.

Барои таҳияи ин гуна гузоришҳо, мутахассисон ва коршиносҳо ва ҳатто равоншиносон ба кор гуморда мешаванд, то бо диққат муҳтавои гузоришро аз назар гузаронанд ва ба хусус дар тасовире, ки аз дидорҳо ва сафарҳои мақоми аввали кишвар мунташир мешавад, камоли диққатро ба кор мегиранд, то кучактарин нуқсоне дар он дида нашавад. Ва ғолибан тасовири мунташира ҳовии як паёми ба хусусе ҳастанд. Ва дар бисёре аз кишварҳо (ки баъид намедонам Тоҷикистон ҳам аз он мустасно бошад), пеш аз интишори гузориш ва хабар, аввал онро ба худи мақоми аввал ироа мекунанд ва назарашро мегиранд.

Ҳатто агар гуфта бишавад, ки чун Рустами Эмомалӣ (ба унвони яке аз мақомоти кишвар) раисиҷумҳурро дар ин боздид ҳамроҳӣ мекард, пас бисёр табиист, ки дар аксҳои мунташира аз ин боздид ӯ ба чашм бихӯрад, вале интишори тасвири Раҳмон бо писарашро – ки комилан возеҳ аст як тасвири хусусӣ аст ва рабте ба ҷараёни боздид надорад – чӣ гуна метавон тафсир кард?!

Ба назар мерасад, ин наҳваи бозтоб ва интишори ин тасовир ба ин сурат, ҳикоят аз ин дорад, ки Раҳмон дар садади омода кардани замина барои вогузории як мақоми калидӣ ва муҳим ба фарзандаш Рустам аст; мақоме бузургтар аз он ки имрӯз Рустам бар ӯҳда дорад.

Бо ин таҳлил, ки мегӯяд, баъид нест Рустамро барои ҷонишинӣ дар соли 2020 омода мекунад (ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба тағйир ва иловаҳои ахир дар Қонуни Асосӣ), чандон мувофиқ нестам; зеро Раҳмон ҳоло-ҳолоҳо аз мақоми риёсати ҷумҳурӣ рафтанӣ нест, бо вуҷуди “Пешвои миллат” будан. Ӯ медонад, ки писараш ҳанӯз аз он пухтагӣ бархӯрдор нест, ки битавонад соли 2020 мақоми риёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда бигирад. Ба назар мерасад, ба Рустам дар ҳамин рӯзҳои наздик риёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва ё мақоме дар ҳамин ҳадд, вогузор гардад, то ҳам таҷрибаи лозим барои ояндаи худ касб карда бошад ва ҳам аз сӯйи дигар, тамоми қудрат дар Тоҷикистон дар ихтиёри наздикон ва бастагони худи Раҳмон қарор бигирад ва монеъаҳои эҳтимолӣ аз сари роҳ бардошта шавад. Ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ахиран фишорҳо рӯи КДАМ ва шахси Саймӯъмин Ятимов зиёд шудааст ва сухан аз эҳтимоли барканор кардани вай аз ин мақом меравад.

Албатта, фарде мисли Ятимовро ҳаргиз ба сурати куллӣ аз арсаи сиёсат дур нахоҳанд кард, балки баъид нест барояш як мақоми ташрифотӣ дар назар бигиранд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: