Перейти к содержимому

Муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём дар Острохони Русия насб шуд (тасовир)

Муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири эронӣ, тайи маросиме бо ҳузури устондорони Гилон ва Острохон дар порке дар муҷовирати Донишгоҳи давлатии Острохони Русия рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии устондории Острохон, ин муҷассама, ки 4.5 метр иртифоъ дошта ва ба ҳиммати утоқи бозаргонии Гилон сохта шудааст, рӯзи панҷшанбе (4 август) дар маросиме бо ҳузури Муҳаммадалии Наҷафӣ ва Александр Жилкин, устондорони Гилон ва Острохон, Муҳаммадӣ, сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Острохон, Тезҳуш, ноиби раиси утоқи Эрон ва Русия ва раиси утоқи бозаргонӣ, санойеъ, маъодин ва кишоварзии Гилон ва ҷамъе аз эрониёни муқими Русия дар порки Донишгоҳи давлатии Острохон рӯнамоӣ шуд.

Бар пояи ин гузориш, устони Острохон танҳо ҷое дар Русия аст, ки муҷассамаи ин шахсияти барҷастаи илм ва фарҳанги эронӣ дар он насб шудааст.

Устондори Гилон дар маросими рӯнамоӣ аз ин муҷассама гуфт: “Дар ростои таҳким ва тавсиъаи таъомулоти минтақаии кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар ба унвони “баҳри сулҳ ва дӯстӣ”, ҳар кадом аз кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон нумоди миллии кишвари худро дар шаҳри Острохон сохта ва насб кардаанд, бад-ин манзур бо ҳамоҳангии тарафи русӣ муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём ба унвони нумоди миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Острохон насб шуд.”

Наҷафӣ бо баёни ин ки Гилон дар иртибот бо устонҳои ҷанубии Русия нақши меҳварӣ дорад аз ин рӯ ба намояндагӣ аз кишвараш сохти ин муҷассамаро бар ӯҳда гирифтааст, гуфт: “Имрӯз барои насби муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём гирди ҳам омадаем, ки фақат як шоир набуд, Хайём дар илми риёзӣ ва нуҷум ва ахтаршиносӣ аз Хайёми рубоисаро ҳеч кам надорад. Хайём дар адабиёти форсӣ нумоди таъаққул, тафаккур, озодагӣ ва нишот будааст.”

Вай дар поён изҳори умедворӣ кард: “Ин нумоди фарҳангӣ аз кишварамон дар хоки кишвари бузург ва дӯсти Русия боиси тақвияти ҳамкориҳо, наздикии беш аз пеши мардуми ду кишвар ва густариши муносибот ва таъомулот дар тамомии арсаҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бошад.”

Устондори Острохон дар ин маросим зимни хушомадгӯӣ ба устондори Гилон ва қадрдонӣ аз заҳамоти вай ва утоқи бозаргонӣ ба поси сохт ва ҳадияи муҷассамаи Умари Хайём ба мардуми Острохон гуфт: “Насби ёдбуди шахсияти бузурги эронӣ ҳамчун Хайём нишон аз фарҳанги ғании эронӣ ва эҳтиром ба ақоиди милали мухталиф аст.”

Александр Хилкин Умари Хайёмро шоир, файласуф ва донишманди барҷаста ва пуровозаи эронӣ тавсиф кард ва афзуд: “Мо дар гуфтаҳои худ аз мафоҳими файласуфонаи Умари Хайём истифода мекунем.”

Дар поёни ин маросим ба далели нақши созандаи дуктур Наҷафӣ дар густариши равобити ду устон, нишони давлатии Острохон ба устондори Гилон эҳдо шуд.

Ҳаким Ғиёсуддин Умар ибни Иброҳими Нишопурӣ маъруф ба Хайём аз риёзидонон, мунаҷҷимон, пизишкон, ҳукамо, фалосифа, муфассирон ва шоирони номовар эронӣ дар қарни панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ аст.

Интишори аввалин шеърҳои Хайём ба русӣ ба соли 1891 мелодӣ бозмегардад. Дар арсаи расонаҳои тасвирӣ, синамогарони Русия дар соли 2011 бо сохти маҷмӯаи телевизиюнӣ аз зиндагии Умари Хайём, саъй дар ба тасвир кашидани зиндагии ин шоир ва донишманди эронӣ карданд.

img_0489_d_850

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: