Сиёсат

Путин ва Ардуғон ба ҳам чӣ гуфтанд?

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки соатҳое пеш вориди Сан-Петерзбург шуда буд, бо Владимир Путин ҳамтои руси худ дидор кард.

Бино бар гузориши манобеи хабарӣ, ин дидор барои нахустин бор баъд аз азсаргирии равобит миёни ду кишвар пас аз сарнагунии ҳавопаймои ҷангии нерӯи ҳавоии Русия дар ноябри соли гузашта дар ҳоли баргузорӣ аст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ин дидор таъкид кард: “Аввалин касе, ки баъд аз кудето бо Ардуғон гуфтугӯ кард, ман будам. Мо иқдомотеро, ки хилофи қонуни асосӣ дар Туркия сурат гирифт, маҳкум мекунем ва умедворем, ки мардуми Туркия битавонанд авзоъро дар ин кишвар сару сомон диҳанд. Мо ҳамвора мухолифи иқдомоте назири кудето будаем ва бар ин мавзеи худ исрор меварзем.”

Вай афзуд: “Хостори аз саргирии равобит бо Туркия ҳастем, аз ҷумла дар заминаи иқтисодӣ ва ҳамчунин барои мубориза бо теруризм. Аз ин ки ин фурсат пеш омада хушҳол ҳастам. Беҳбуди равобит, ба нафъи ду кишвар аст.”

Раисиҷумҳури Туркия низ дар идома, аз ин ки ҳамтои руси вай ин дидорро пазируфта ва ҳамчунин ба далели ҳимоятҳои вай дар давраи пас аз кудето дар Туркия, аз раисиҷумҳури Русия ташаккур кард.

Ардуғон таъкид кард: “Мавориди зиёде ҳаст, ки бояд дар мавриди онҳо бо ҳам гуфтугӯ кунем. Дар ҳоли ҳозир Туркия ва Русия вориди марҳилаи равобити мусбат шудаанд. Минтақа интизори зиёде аз мо дорад ва мо бо ҳам метавонем масоилро ҳал кунем. Ман итминон дорам, ки равобити ду кишвар ба суръат ба ҳолати қабл бозмегардад ва ҳамкорӣ бо Русия масоили минтақаро ҳал хоҳад кард.”

Вай, бо ишора ба тазоҳуроти ахири мардуми Туркия дар ҳимоят аз давлати ҳоким афзуд: “Тазоҳуроти рӯзи якшанбе далели равшане аст, ки нишон медиҳад мардуми Туркия демукросӣ, адолат ва озодиро пос медоранд.”

Ин нахустин дидори русои ҷумҳури ду кишвар пас аз тира шудани равобит ба дунболи сарнагунии ҳавпаймои ҷангии Русия бар фарози хоки Сурия тавассути ҷангандаҳои Туркия аст.

Дар торихи 24 моҳ ноябри соли 2015 як фарванд ҷангандаи нерӯи ҳавоии Русия тавассути ҷангандаҳои Туркия бар фарози Сурия ва дар наздикии марз бо Туркия ҳадаф қарор гирифта ва сарнагун шуд. Яке аз ду халабони ин ҷанганда кушта шуд ва дигаре ба Русия бозгашт.

Халабоне, ки аз ин ҳодиса ҷон ба дар бурда буд эълом кард, ки ҳеч ҳушдоре аз ҷониби нерӯи ҳавоии Туркия мабнӣ бар убур аз ҳарими ҳавоии ин кишвар сурат нагирифтааст, аммо мақомоти туркӣ тайи чандин моҳи гузашта ҳамвора исрор доштанд, ки ба ҷангандаи рус ҳушдор додаанд.

Ҳамин масъала боис шуд, то билофосила равобити ду кишвар тира шуда ва мақомоти рус хостори узрхоҳии мақомоти Туркия ва пардохти ғаромат шуданд, аммо зарфи чанд моҳ пас аз ин ҳодиса мақомоти Туркия ба ҳеч унвон зери бор намерафтанд. Ҳамин амр низ боис шуд, то Русия таҳримҳоеро алайҳи Туркия эъмол кунад.

То ин ки ҳудуди чиҳил рӯз пеш, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, эълом кард, ки Ардуғон дар номае ба Владимир Путин ҳамтои руси худ, “барқарории муҷаддади равобити дӯстона дар зудтарин вақт”-ро аз вай хостор шуд. Вай ҳамчунин бобати иқдоми Туркия дар сарнагун кардани ҷангандаиРусия дар моҳи ноябр, низ узрхоҳӣ карда буд.

Ҳамин масъала боиси гармтар шудан равобит миёни ду кишвар пас аз моҳҳо шуд. Андаке баъд, Ардуғон ва Путин телефонӣ гуфтугӯ карданд ва Туркия низ эълом кард, ки ҳозир аст ғаромати ҳавопаймои соқитшударо пардохт кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.