Сиёсат

Диплумосии махфие, ки ба бӯҳрони Русия ва Туркия поён дод

Гузорише дар рӯзномаи Ҳуррияти Туркия

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, 9 август барои дидор бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Сан-Петерзбург сафар кард. Ин аввалин сафари Ардуғон баъд аз кудетои нофарҷоми 15 июл ва ҳамчунин аввалин сафари ӯ баъд аз бӯҳрони сарнагунии ҳавопаймои Русия дар 24 ноябри 2015 ба баҳонаи нақзи марзҳои ҳавоии Туркия аст. Дар ин ҳодиса ду халабони рус кушта шуданд.

Ин бӯҳрон дар фазои сиёсӣ таъсиротеро ба ҳамроҳ дошт ва дар фазои иқтисодӣ ва ҳамчунин санъати туризми Туркия низ паёмадҳое дошт. Ин санъат илова бар осебҳои ҳамлаҳои интиҳории Ҳизби Коргарони Курдистон (ПКК) ва ДОЪИШ, аз бӯҳрони ҳавопаймои рус низ осеби ҷиддӣ дид. Содироти маводди ғизоии Туркия ба Русия низ дар асари ин бӯҳрон мутаваққиф шуд.

Ширкатҳои туркияии бузург, ки дар санъати туризм, сохтусоз ва хӯрдафурӯшӣ дар Русия фаъол буданд, мушкилоти ҷиддиеро таҷруба карданд. Аммо ин бӯҳрон ба суръат поён ёфт ва масири танишзудоӣ ва оддисозии равобит оғоз шуд.

Путин қабл аз ҳамаи сарони кишварҳои узви НАТО ҳамбастагиашро бо Ардуғон эълом кард ва Ардуғон низ аз Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ба унвони аввалин касе, ки ҳамбастагиашро баъд аз кудетои шикастхӯрда эълом карда ва барои ҳимояташ дар бӯҳрон бо Русия (дар конфронси хабарии 5 августи Онкоро) ташаккур кард.

Аммо моҷарои ин оштӣ чист?

Ба гуфтаи Иброҳим Колин, сухангӯи Ардуғон, Ковит Коглор — тоҷири турк дар ҳалли бӯҳрони Русия ва Туркия нақши муҳимме бозӣ кардааст. Ҳамчунин Назарбоев, ки дӯстиашро бо Туркия эълом кард. Ва низ ибтикори амали женерол Хулус Окор — раиси ситоди кул, алорағми ин ки ин масъулият хориҷ аз ҳавзаи ӯ будааст, нақши муҳимме бозӣ карданд.

Колин ҷузъиётро тавзеҳ надод. Ковит Коглор ба рӯзномаи “Ҳуррият” гуфт, ки ӯ ҳеч чизе бештар аз он чӣ Колин ба унвони намояндаи давлат гуфтааст надорад ва наметавонад ҷузъиёти бештаре дар ихтиёр қарор дод.

Бар асоси гуфтаҳои мақомоти диплумотики аршад ва манобеи амниятӣ, ки хостаанд номи онҳо фош нашавад, диплумосии махфие, ки ба бӯҳрони Русия ва Туркия поён дод, ба шарҳи зер аст:

Охирҳои моҳи апрел Хулус Окор (раиси ситоди артиш) ба Ардуғон гуфт, ки бояд як коноле барои ҳалли ин бӯҳрон пайдо кард. Ӯ гуфт, Ковит Коглор — сармоядори турки санъати нассоҷӣ, тиҷорате дар Доғистони Русия дорад.

Ӯ аз даҳаи 1990 дар сиёсат дасте дорад ва ба унвони вазир дар давлати Сулаймон Демирал хидмат карда ва раисиҷумҳури Доғистон Рамазон Абдулатипов-ро мешиносад. Абдулатипов низ ба Путин аз тариқи раиси мушовиронаш Юрий Ушаков дастрасӣ дорад. Ковит Коглор ба унвони вазири давлат, одами муассире буд ва баъдҳо ба унвони тоҷир низ ин нақши ӯ идома ёфт.

Ӯ конол байни Онкоро ва Ҳайдар Алиев дар Нахҷавон ва Боку дар даҳаи 1990 буд ва ҳавопаймои шахсиашро дар ихтиёри Созмони иттилооти миллӣ ҷиҳати парвоз ба самти Кениё дар соли 1999 барои дастгирии Абдуллоҳ Уҷолон (раҳбари ПКК) дар як амалиёти муштарак бо CIA қарор дод.

Хулус Окор (раиси ситоди артиш) дар нишасте бо ҳузури Иброҳим Колин, ба Ардуғон гуфт: Ковит Коглор дар соли 2000 мушкили молӣ дошт ва додгоҳ мерафт, аммо бо ин вуҷуд барои амалиётҳои давлат қобили эътимод буд. Баъд аз ин нишаст бо Ковит Коглор ва Хулус Окор дар Истонбул дар 30 апрел, Ардуғон чароғи сабзро барои амалиёти оддисозии равобит бо Русия нишон дод.

Иброҳим Колин (сухангӯ) ба унвони намояндаи Туркия, бо Ушаков оғоз ба навиштани як нома аз ҷониби Ардуғон ба Путин кард. Аз тариқи Ковит Коглор ва Рамазон Абдулатипов диплумосӣ байни Онкоро-Маскав оғоз шуд. Муҳтавои нома аз тариқи ду тараф борҳо дар моҳҳои май ва аввалҳои июн вироиш шуд.

Дар моҳи июн Жансеит Туймебаев, сафири Қазоқистон дар Онкоро, Иброҳим Колинро бо як ёддошти фаврӣ фаро хонд. Далели ин фарохони изтирорӣ, дидори Назарбоев бо Путин дар Сан-Петерзбург буд. Ӯ гуфт, ки агар Ардуғон омодаи фиристодани нома бошад, Путин омодаи дарёфти он аст.

Ардуғон хоҳони оддисозии равобит буд, аммо омодаи ирсоли нома бо муҳтавои маъзаратхоҳӣ ва ҷуброн набуд.

Дар 23 июн қабл аз ифтор, сафири Қазоқистон дар Онкоро бори дигар Иброҳим Колинро фаро хонд. Ин бор қазия аз ин қарор буд, ки Назарбоев барои ширкат дар нишасти Шонгҳой дар Тошканд пойтахти Ӯзбакистон ҳузур дошт ва қарор буд қабл аз поёни нишаст, бо Путин дидоре дошта бошад ва ба гуфтаи ӯ, нома бояд қабл аз он дар соати яки баъд аз зуҳр ба дасти ӯ бирасад ҳатто бо вуҷуди вироиши ҷузъӣ, ки шояд битавонад ба ҳалли ин бӯҳрон коре бикунад.

Иброҳим Колин фавран ба Ардуғон хабар дод ва ӯ низ женерол Хулус Окорро қабл аз соати 11 субҳи рӯзи 23 июн фаро хонд. Дар ин миён Колин пешнависи дигаре, ки бо ҳамкории мутарҷимони русӣ ва диплумотҳо аз Қазоқистон то Онкоро рӯйи он кор шуда буд-ро таҳрир кард.

Дар ин нома қарор шуд вожаи «извините”, ки бори бештаре нисбат ба «мутаассифам» ва бори камтаре нисбат ба «талаби афв» дошт, қарор бигирад.

Ардуғон ин номаро имзо кард ва аз Колин хост, то фавран бо ҳавопаймо аз Онкоро дар соати 3 субҳи 24 июн парвоз кунад. Аввалин таваққуф дар Истонбул барои савор кардани Ковит Коглор буд, ки қарор шуд нақши мушовир ва мутарҷими русро бо онҳо бозӣ кунад.

Ин ҳавопаймо аз Истонбул дар соати 4:30 субҳ парвоз кард, аммо бо мушкилоти муҷаввизи нишаст дар Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбакистон мувоҷеҳ шуд.

Вазири хориҷа шурӯъ ба тамосҳое бо пойтахтҳои ин кишварҳо кард.

Пайғомҳо аз тариқи вотсоп ва ба лутфи войфои ҳавопаймои риёсати ҷумҳурӣ буд, ки онҳоро қодир сохт, ки муҷаввизро аз Гурҷистон танҳо барои 20 дақиқа таваққуф дарёфт кунанд. Муҷаввиз аз сӯи Озарбойҷон замоне содир шуд, ки дар осмони Гурҷистон буданд ва муҷаввизи Туркманистон низ замоне, ки дар осмони Озарбойҷон буданд содир шуд, аммо ҳеч муҷаввизе аз сӯи Ӯзбакистон дода нашуд. Далели он ҳам ин буд, ки марзи ҳавоии онҳо ба далоили амниятӣ барои нишасти Шонгҳой баста буд. Назарбоев гуфта буд, болгарди риёсати ҷумҳурии Қазоқистон дар Чимкент наздики марзи Ӯзбакистон барои овардани онҳо ба Тошканд ҳозир аст, аммо ҳавопаймо бар фарози Туркманистон дар парвоз буд ва сӯхти он рӯ ба поён буд.

Назарбоев аз Каримов раисиҷумҳури Ӯзбакистон хост, то муҷаввизи вуруди «боздидкунандагонаш аз Туркия»-ро бидиҳад ва ӯ мувофиқат кард.

Ин ҳавопаймо, ки ҳовии Иброҳим Колин ва Ковит Коглор буд, наздики соати 12:15 ба замин нишаст. Назарбоев, ки мунтазири онҳо буд, онҳоро ба утоқи дидор дар табақаи боло бурд. Ӯ дархости тарҷумаи русии номаро кард ва пас аз мутолеаи дақиқи нома гуфт: Ин хуб аст!

Туркҳо баъдҳо фаҳмиданд, ки Путин ва ҳайъати ӯ дар утоқи канорӣ ҳузур доштанд. Назарбоев аз Ушаков хост, то ба онҳо бипайвандад ва ба ӯ гуфт, нома қобили қабул аст.

Баъд аз таҳвил додани нома ба Путин, Ушаков ба самти ҳайъати туркияӣ баргашт ва гуфт: Путин номаро пазируфт, фақат онро «як миқдор шабеҳ ба вазъияти Туркия» хонд ва ин ба далели ҳамон вожаи “извините” буд.

Колин ва Ушаков пазируфтанд, ки баёнияро барои 27 июн дар Маскав баъд аз Онкоро қироат кунанд ва русҳо сари қавлашон монданд. Баёния дар замони муқаррар тадвин шуд ва дуруст баъд аз баёнияи 26 июн, музокироти поёнии Рим барои оддисозии равобит бо Исроил ҳам ниҳоӣ шуд.

Туркия намедонист қарор аст ду ҳафта баъд кудетое шакл бигирад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.