Перейти к содержимому

Берунӣ ҳангоми марг

Се ҳикоят дар бора илмдӯстии донишмандон

* * *

Ғаззолӣ ва роҳзанон

Дар шарҳи ҳоли Имом Ғаззолӣ ин достон омадааст, ки аз Тӯс ба Нишопур омада ва чанд сол онҷо монда буд ва таҳсил мекард ва хеле ҳам ҷиддӣ буд ва тибқи маъмул дарсҳои худашро ёддошт мекард ва менавишт.

Вақти баргаштан аз Нишопур ба Тӯс, Ғаззолӣ ёддоштҳои худро дар як буқча дохили васоилаш гузошта буд. Дар байни роҳ роҳзанон ба корвони онҳо ҳамла мекунанд ва вақте суроғи он буқча рафтанд, Ғаззолӣ хеле изтироб аз худ нишон дод ва бо ишора ба он буқча гуфт, ҳар чӣ мехоҳед бибаред, аммо ҳамин якеро набаред.

Роҳзанҳо хаёл мекунанд, ки ҳатман дар дохили он як колои бисёр нафисе ҳаст, бинобар ин бештар ҳарис мешаванд, ки онро бигиранд ва бибаранд. Аммо вақте буқчаро боз мекунанд, мебинанд ба ҷуз коғазҳо чизи дигаре нест.

Раиси роҳзанҳо рӯ ба Ғаззолӣ мегӯяд: инҳо чист, ки ин қадр бароят муҳим будааст? Инҳо, ки ба ҷуз коғаз чизе нест.

Имом Ғаззолии ҷавон мегӯяд: инҳо маҳсули заҳматҳое аст, ки ман дар тӯли чанд сол кашидаам ва ман як донишҷӯ ҳастам ва дарс мехонам ва ҳарчӣ ёд гирифтаам ҳамаро дар инҷо забт кардаам, ва агар шумо инро бибаред, тамоми заҳматҳои чандсолаи ман ҳадар рафтааст.

Раиси дуздон буқчаро ба ӯ медиҳад, вале мегӯяд: ман як ҳарф ҳам мехоҳам ба ту бизанам, ва он ин аст, ки: “Илме, ки ҷояш дар буқча бошад ва бо бурдани дузд, аз ту гирифта шавад, илм нест.”

Ҳарфи ин дузд як таҳаввули азиме дар Ғаззолӣ эҷод мекунад, ки то охири умраш аз он ёдовар мешуд. Ғаззолӣ гуфтааст: “Ҳамин ҳарфи дузд дар ман хеле асар бахшид.”

* * *

Берунӣ ҳангоми марг

Маъруф аст, ки Абурайҳони Берунӣ дар таҳсили илм бисёр кӯшо буда. Ӯ бисёр марди донишманде буда, аз ҷумлаи навобиғи башарият аст ва марди бисёр мусалмон ва мутадайине ҳам ҳаст.

Абурайҳон мариз буд ба он маразе, ки аз дунё рафт. Дар ҳоли эҳтизор, яъне ҷон додан буд. Ҳамсояе дошт, ки аз фуқаҳо буд. Вақте дид, ки Абурайҳон мариз аст, ба иёдати ӯ омад. Абурайҳон дар бистар афтода буд, вале ҳушаш баҷо буд. То чашмаш ба он фақеҳ афтод, як масъалаи фиқҳиро дар боби ирс аз ӯ суол кард.

Марди фақеҳ ба гуфт: ин мавқеият (ки дорӣ мемирӣ) оё вақти масъала пурсидан аст?

Абурайҳон гуфт: ман медонам, ки дар ҳоли эҳтизорам, вале оё бимирам ва бидонам беҳтар аст, ё бимирам ва надонам? Билохира хоҳам мурд, пас бидонам ва бимирам беҳтар аст.

Он фақеҳ ҷавоби он масъаларо дод. Фақеҳ мегӯяд, ҳанӯз ба хонаи худ нарсида будам, ки садои гиряву нола аз манзили Абурайҳон бархост. Гуфтанд, Абурайҳон вафот кард!

* * *

Ибни Сино ва вазорат

Ибни Сино замоне вазир буд. Ҳасудонаш аз ӯ ба амир хабарчинӣ карданд ва мағзуб шуд. Рафт махфӣ шуд. Дар ҳамон махфигоҳ фурсати хубе барояш пайдо шуд. Шурӯъ кард ба таълифи китоб. Иддае аз шогирдон маҳрамона меомаданд пеши вай ва ӯ барои онҳо тадрис мекард ва онҳо менавиштанд. Китобҳои маъруфи ӯ мисли “Шифо”, ҳосили ҳамин тадрисҳо буд.

Дар ҳамин байн, суитафоҳум байни ӯ ва амир бартараф шуд ва эълом карданд, ки Бӯалӣ ҳар куҷо ҳаст, берун биёяд ва сари мақоми худаш ҳозир шавад.

Бӯалӣ берун наомад. Гуфт, барои ман ҳамин махфигоҳ ва ҳамин саргармӣ аз вазорат хеле беҳтар аст. Дид агар берун биёяд, маҷбураш мекунанд, ки думартиба кори вазоратро ба ӯҳда бигирад. Аз ин рӯ, аз берун омадан имтиноъ мекард. Як идда муфтхӯр, ки аз вазир будани Бӯалӣ баҳраманд буданд, исрор карданд, то берун биёяд. Аммо ӯ худдорӣ мекард. Билохира, ҳамонҳо махфигоҳи ӯро нишон доданд ва Бӯалиро ба зӯр аз онҷо берун оварданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: