Перейти к содержимому

Секулоризм чист?

Дар ин мақола секулоризм таъриф ва тавзеҳ шуда ва нависанда ба нақди он напардохтааст. Асли мақола аз бону Фотима Козимии Оронӣ аст, ки Маҳмудхон Бурҳонов заҳмат кашид ва онро талхис намуд. Дар рӯзҳои оянда Маҳмудхон дар мақолае ҷуд ба нақди он хоҳад пардохт.

Маънои секулоризм дар луғат ва истилоҳ

Бо таваҷҷӯҳ ба решаи луғавӣ ва торихчаи вожаҳои Secularism ва Secularization, метавон маънои саҳеҳи вожаи “секулоризосиюн” (секуляризация)-ро “дунявӣ шудан”, ё “дунявӣсозӣ” донист. Ва маънои саҳеҳи вожаи “секулоризм “ (секуляризм )–ро метавон “дунёгароӣ” донист.

Дар фарҳангҳои мавҷуд барои вожаи Secular мутародифҳои зерин зикр шуда: Earthly, Earthbound, Earthy, Material, Materialistic, Mundane, Physical, Temporal, Terrene, Terrestrial ва Worldly, ки ҳамагӣ ба заминӣ, дунявӣ, моддӣ, муваққатӣ, гузаро, инҷаҳонӣ ва монанди он далолат дорад.

Ва дар баробари он, мутазоддҳое менанди: Eternal, Unearthly, Other, Worldly ва Extraterrestrial қарор дорад, ки бар нозаминӣ, дигардунёӣ, фарозаминӣ, абадӣ ва монанди он далолат мекунад.

Аз назари вожашиносӣ вожаи секулор аз истилоҳи лотинии Seacularum ё Saeculum ба маънои “қарн” ва “сада” гирифта шуда ва ба замони ҳозир ва иттифоқоти инҷаҳонӣ далолат мекунад, ки дар баробари маънои “абадият” қарор дорад.

Таъбири “секулоризосиюн” дар забонҳои урупоӣ нахустин бор дар муъоҳидаи Вестфолӣ (Вестфальский договор) дар соли 1648 милодӣ ба кор рафта ва мақсуд аз он, интиқоли заминҳои таҳти назорати калисо ба зери султаи ҳукумат ва дастгоҳи сиёсии ғайри руҳонӣ буд.

Дар он замон таъбири “секулоризосиюн” дар байни мардум роиҷ буд ва мурод аз он, “тафкик миёни амри муқаддас ва динӣ” ва “миёни амри дунявӣ ва урфӣ” буд. Илова бар ин, дар он замон калисо кашишҳоро ба ду даста: “динӣ” ва “урфӣ” тақсим карда буд ва истилоҳи “секулоризосиюн” барои муъоф кардани руҳониён аз аҳду паймонашон барои хидмат ба калисо ҳам ба кор мерафт.

Баъд рафта-рафта ин истилоҳ барои далолат бар таҳаввулоти иҷтимоӣ ба кор гирифта шуд, зеро ба тадриҷ ниҳодҳои иҷтимоӣ аз якдигар ҷудо шуда ва аз қолиби мафоҳими динӣ ва сайтараи калисо раҳо мешуданд. Пеш аз он ки ин таҳаввули иҷтимоӣ рух диҳад, дар Урупо ниҳодҳо ва ташкилоти иҷтимоӣ дар қолиби мафоҳими мовароитабиӣ танзим мешуд, ки ба мурури замон ҳокимияти ин мафоҳими мовароӣ кам-кам аз бистари иҷтимоъ аз байн рафт ва ниҳодҳои иҷтимоӣ аз якдигар ҷудо шуда бар асоси мафоҳими урфӣ танзим шуданд. Дар натиҷа қаламрави мафоҳими мовароӣ бо мафоҳими урфӣ ва масоили иҷтимоӣ аз ҳам ҷудо шуд ва доманаи қаламрави мовароӣ ҳар рӯз тангтар ва маҳдудтар шудан гирифт, ки ба унвони “ ҷудоангории дин аз дунё “ аз якдигар шинохта шуд.

Бинобар ин, ҷомеъашиносони муъосир истилоҳи “секулоризм”-ро барои нишон додани ин ҷараёни иҷтимоӣ ба кор мебаранд, ки тайи он зимоми умури ҷомеъа ба тадриҷ аз дасти мақомоти динӣ ва арбобони калисо хориҷ шуд ва равишҳои таҷрибӣ ва ғояҳои дунявӣ ба ҷои мафоҳим ва шаъоири динӣ нишаст.

Аз он чӣ гуфта шуд, бармеояд, ки секулоризм хостгоҳи ғарбӣ дошта ва аз батни фарҳанги масеҳӣ берун омадааст.

Вижагиҳои секулоризм

Секулоризм ду вижагии асосӣ дорад:

1. Сарчашмаи ҳамаи барномаҳои иҷтимоӣ бояд ақли абзорӣ ва писанди урфи башарӣ бошад ва дахолати ҳеч гуна омили фарозаминӣ ва қудсӣ дар ин замина қобили қабул нест. (урфигароӣ);

2. Дар муносиботи иҷтимоӣ ҳеч ғояти ухравӣ ва мовароӣ набояд таъсиргузор бошад ва ҳеч робитаи иҷтимоӣ бар асоси ғояҳои динӣ ва қудсӣ арзишгузорӣ намешавад. (дунёгароӣ).

Секулоризм ба маънои дуввум низ ду гуна корбурд дорад:

1. Гоҳ ба маънои омм ба кор меравад ва он ба маънои “ҷудоингории дин аз дунё дар ҳамаи шуъуни он” аст;

2. Гоҳ ба маънои хосс истеъмол мешавад. Корбурди хосси он умуман дар арсаи сиёсат ва ҳукумат аст, ки аз он ба “секулоризми сиёсӣ” таъбир мешавад ва мурод аз он “ҷудоингории дин аз сиёсат” аст.

Ақсоми секулоризм:

Секулоризм гоҳ ба сурати як теории назарӣ ва гоҳ дар қолиби як гароиши амалӣ мадди назар қарор мегирад. Гароиши амалии секулоризм фароянди секулоризосиюн ва дунявӣ шуданро ба дунбол дорад. Ҷанбаи амалӣ ва назарии секулоризм гоҳ бо якдигар ҳамроҳанд ва гоҳ байни онҳо фосила меафтад. Гароиши секулоризм ҳар гоҳ бо эътиқод ва ё баёну тавҷеҳи назарӣ ҳамроҳ бошад, навъе маънавияти дурӯғинро ба дунбол меоварад.

Чеҳраи назарии секулоризм гоҳ ошкор аст; мисли фалсафаҳои материалистӣ, ки ба сароҳат метафизика ва ҳақоиқи маънавиро инкор мекунад ва гоҳ пинҳону ором, ки ошкоро умури маънавиро инкор намекунад. Яке аз назарияпардозони чеҳраи ошкори секулоризм Корл Моркс аст. Моркс мӯътақид аст, ки саодати воқеӣ дарбардорандаи маҳви дин аст; чун дин бахше аз ҷаҳони хиёлӣ ва ғайри воқеии инсон аст ва дин фақат шакли муқаддаси он ҷаҳони хиёлӣ мебошад.

Сурати ором ва пинҳони секулоризм бо сукут аз канори гузораҳои маънавӣ ва динӣ гузар мекунад, ба иборати расотар онро нодида мегирад. Дар воқеъ, тарафдорони ин дидгоҳ гузораҳои диниро бемаъно дониста ва инкор ва ё исботи онро нораво медонанд. Ин гурӯҳ табйини ин ҷаҳонро бо сарфи назар аз олами маъно анҷом медиҳанд, бидуни он ки ба сароҳат онро нафй кунанд. Ва ё ин ки бо рӯйкарди дунявӣ ба тавҷеҳ ва табйини гузораҳо ва падидаҳои маънавӣ мепардозанд, монанди касоне, ки бо равишҳои прагматикӣ ва тафсирҳои коркардгароёна, аз муфид будан ва коркардҳои мусбати иҷтимоии диндорӣ сӯҳбат мекунанд. Дурким (Дюркгейм) — яке аз назарияпардозон дар ин замина, барои дин фақат коркардҳои дунёвӣ дар назар мегирад. Ҳорри Алпер (Гарри Альпер) чаҳор коркарди асосии динро аз назари Дурким ба унвони нерӯи инзиботбахшӣ, инсиҷомбахшӣ, ҳаётбахшӣ ва хушбахтӣ табақабандӣ мекунад.

Авомили муассир дар пайдоиши секулоризм

Чунон чи гуфта шуд, пайдоиш ва рушди секулоризм дар домони фарҳанг ва ҷомеаи ғарбӣ–масеҳӣ буда ва аз падидаҳои фарҳангӣ–сиёсии асри ҷадид (пас аз реннесанси илмӣ ва ислоҳи динӣ) дар ғарб ба шумор меравад.

Барои пайдоиши секулоризм чанд иллат дахолат дорад, ки ҳеч кадом ба танҳоӣ барои зуҳури он кофӣ набуда, балки маҷмӯи он иллатҳо сабаби пайдоиши секулоризм гаштааст.

а) Ишколоти каломии масеҳият:

1. Норасоӣ ва хирадситезии илоҳиёти масеҳият, махсусан омӯзаи таслис;

2. Илтиқот ва омехтагии ақоиди масеҳият бо андешаҳои башарӣ ва қарор гирифтани назариёти илмии кӯҳна ва бепоя дар ҷойгоҳи ақоид ва боварҳои динии масеҳият;

3. Адами дастрасӣ ба матни ваҳй ва хадшадор шудани васоқати мутуни динӣ;

4. Худоингории Масеҳ;

5. Инсонҳо зотан гуноҳкоранд. Яке аз таҳрифҳои бузурге, ки дар дини масеҳият рух додааст, ҳамин гуноҳи зотии инсон мебошад. Тибқи омӯзаҳои масеҳият, инсонҳо зотан гунаҳкор ба дунё меоянд;

6. Эҷоди таъоруз байни дониш ва растгорӣ. Таҳрифи бузурги дигаре, ки дар масеҳият рух дод ин аст, ки онҳо мӯътақид буданд ҳазрати Одам (а) ба иллати хӯрдани меваи дониш аз биҳишт ронда шудааст;

7. Ҷудоингории қаламрави Худо ва Қайсар аз якдигар;

8. Маъсумингории Поп.

б) Рафтори арбобони Калисо:

1. Иқдом ба корҳои худоӣ, мисли гуноҳбахшӣ ва биҳиштфурӯшӣ;

2. Ҷазмгароӣ ва хушунат;

3. Дунёпарастӣ ва бадахлоқӣ;

в) Авомили хориҷӣ:

1. Низоъ бар сари қудрат ва сарват. Мухолифат бо сарозер шудани сарват ва қудрат барои Поп, мунҷар ба пайдоиши назарияи мавсум ба “вазоифи руҳонӣ ба дунёи дигар“ анҷомид.

2. Ҷангҳои салибӣ. Ин ҷангҳо, ки солиёни сол ба тӯл анҷомид, сабаби ошноии урупоиён бо фарҳанг ва тамаддуни исломӣ шуд ва заминасози реннесанс дар тамаддуни ғарб гардид;

3. Пайдоиши буржувозӣ (буржуазия), ки мунҷар ба касби сарвати бештари мардум ва ошноӣ бо фарҳангҳои мухталиф ва эҷоди арзишҳои нав дар ҷомеа шуд;

4. Ихтироъот ва иктишофоти илмӣ, ки ин ҳам мунҷар ба зери суол рафтани калисо ва мутуни муқаддаси масеҳӣ шуд;

Мабонии секулоризм

а) Умонизм (гуманизм):

Умонизм худ муштамил бар чанд гузораи зер аст:

1. Инсон бартарин арзиш буда ва меъёри ҳамаи арзишҳо хостаҳои худи инсон мебошад.;

2. Арзиши инсон на дар ҷанбаи илоҳӣ, балки дар хиради дунявӣ ва маъошандешии ӯст;

3. Инсон дар таъмини манофеъ ва саодати худ худкифост.

б) Росиюнолизм (рационализм):

1. Хиради башарӣ болотарин марҷаъи доварӣ аст ва ҳарчи бо ҳукми он муғойир бошад, маҳкум ва ботил мебошад;

2. Хиради башарӣ манбаъи комил буда ва дар ҳамаи арсаҳо қодир ба посухгӯӣ мебошад, бинобар ин башар ба ҳеч манбаъи дигаре ниёз надорад.

в) Илмгароӣ (сциентизм):

Ба ин маъно, ки равиши таҳқиқ дар улуми таҷрибӣ ва улуми инсонӣ яксон аст, ба иборати дигар, танҳо равиши мӯътабар дар шинохти ҷомеа ва инсон ҳамон равиши таҷрибӣ мебошад.

г) Либерализм:

Ба маънои озодии инсон, чун ҷавҳари либерализм нафйи таклифҳо ва маҳдуд кардани қавонин ва ҳанҷорҳо барои инсон аст.

Гурӯҳҳои секулористӣ:

1. Касоне, ки динро аз бех ботил медонанд. Ҳамаи касоне, ки динро ботил медонанд ва арзишҳои онро то ҳадди афсона поин меоваранд, табиатан мухолиф бо роҳёбии дин ба саҳнаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳастанд. Аз назари инҳо, омехтани дин бо масоили иҷтимоӣ монанди омехтани ҳақ бо ботил аст;

2. Касоне, ки қаламрави динро маҳдуд медонанд. Бархе асли динро ҳақ мешуморанд, аммо қаламрави динро дар масоили ахлоқӣ ва фардӣ маҳдуд медонанд, бинобар ин масоили иҷтимоӣ ҳамчун ҳукумат, иқтисод, мудирият, барномарезӣ ва монанди онро берун аз таълимоти динӣ мешуморанд;

3. Гурӯҳе, ки роҳбарияти иҷтимоии динро фақат ҳаққи инсони маъсум медонанд. Ин гурӯҳ динро ҳақ дониста ва доираи онро шомили масоили иҷтимоӣ низ медонанд. Аммо мӯътақид ҳастанд, ки роҳбар ва мудири ҷомеа бояд шахси маъсум бошад ва афроди оддӣ ҳаққи иҷрои динро надоранд;

4. Гурӯҳе, ки дахолати дин дар умури иҷтимоӣ ва дунявиро сабаби олудагии дин медонанд. Ин ашхос мӯътақиданд, ки асли дин як амри қудсӣ аст, бинобар ин дахолати он дар умури дунявӣ мунҷар ба олуда шудан ва аз байн рафтани қадосати дин мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: