Таҳлилот

Мулоқоти Ардуғон ва Путин муъодилоти минтақаро тағйир медиҳад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Равобити Туркия ва Русия шоҳиди таҳаввулоти пуршитобе дар масири оддисозии комил аст; чӣ аз назари низомӣ, чӣ сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ. Ин амр дар ростои иҷроӣ шудани тафоҳумҳои Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ҷараёни ҷаласаи беш аз дусоата пушти дарҳои баста бо ҳамто ва «дӯсташ» Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст. Пешбинӣ мешавад, ки ин тафоҳумҳо ба наҳве боиси гушоиш дар бӯҳрони Сурия ва эътилофҳое дар манотиқи дигар шавад.

Ба гуфтаи диплумотҳои рус ва турк, муъомилаи бузурги Ардуғон ва Путин дар ин нишаст пушти дарҳои баста ба матбуот дарз кард, ки метавон онро ба шарҳи зер донист:

1. Давлати Русия аз Ардуғон мехоҳад, ки марзҳои Туркия бо Сурияро ба рӯи ҳар гуна пуштибонӣ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ – чӣ нерӯи инсонӣ, чӣ таслеҳот ва чӣ пул — бигирад ва аз ҳар гуна иқдом дар ростои талош барои тағйири низом Сурия дурӣ гузинад ва ҷангҷӯёни чеченӣ ва қафқозии мустақар дар хоки Туркияро ихроҷ кунад;

2. Дар муқобил, давлати Туркия аз Маскав мехоҳад, ки таъаҳҳуди возеҳе бидиҳад, ки ҳеч гуна ҳимояте аз курдҳо барои эҷоди “манотиқи худмухтор” дар тӯли марзҳои Сурия ва Туркия накунад ва ҳамаи таҳримҳои иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои худ алайҳи Туркияро бардорад ва дар сохтани хатти лӯлаи интиқоли гоз аз Русия ба Урупо аз тариқи Туркия тасреъ ба харҷ диҳад.

* * *

Душвор аст, ки иҷрои фаврии ин муъомила аз сӯи тарафайнро бибинем ё интизор дошта бошем, аммо метавон гуфт, ки ҳаракат дар ин масир бо суръати қобили таваҷҷӯҳе оғоз шудааст ва чаҳор нишонаи бисёр боаҳаммиятро метавон дар ин росто дид:

1. Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия, рӯзи гузашта дар суханронии худ гуфт, ки Сурия ва кишварҳои дигар дар минтақа шоҳиди таҳаввулоти «зебое» хоҳанд буд;

2. Даъвати Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия аз Русия барои оғози иҷрои амалиёти муштарак алайҳи ДОЪИШ ба унвони душмани муштараки ду тараф ва ҷилавгирӣ аз густариши он дар Сурия;

3. Таъкиди Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия дар мусоҳибаи тӯлонии худ бо хабаргузории Итартасси Русия бар ин ки намехоҳад Сурия аз ҳам бипошад. Ӯ дар айни ҳол муддаъӣ шуд, ки муттаҳид мондани Сурия дар сояи ҳукумати Башшор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар душвор аст;

4. Азимати як ҳайъати сенафара ба намояндагӣ аз артиш ва созмони иттилоот ва вазорати хориҷаи Туркия ба Маскав дар рӯзи панҷшанбе барои мулоқот бо ҳамтоёни руси худ ба манзури музокира дар бораи авзоъи Сурия.

Ардуғон ин рӯйкарди густардаро дар қиболи Маскав иттихоз кард, зеро мехоҳад ба интиқодҳо ва иҳонатҳои Урупо ва Омрико ба худаш — аз муттаҳам шудан ба саркӯб ва нақзи ҳуқуқи башар ва таҳдид ба бастани дарҳои Иттиҳодияи Урупо ба рӯйи Туркия гирифта то лағви тавофуқи имзошуда дар бораи оворагон — амалан посух диҳад. Ардуғон аз мавзеъи ғарб, ки аксари дарҳоро ба рӯяш баст, нороҳат аст, зеро сарони ғарб аз ӯ истиқбол намекунанд ва ҳеч як аз онҳо аз замони кудето тамосе бо вай нагирифтаанд ё ҳатто телефонҳояшро ҷавоб надодаанд. Барои ҳамин аст, ки Ардуғон дар мусоҳибаи худ бо хабаргузории Итартасси Русия ҳар чаҳор дақиқа Путинро “дӯст” хитоб мекард.

Дархости Туркия барои иҷрои амалиёти низомии муштарак бо Русия алайҳи ДОЪИШ ва мавозеъи ин гурӯҳ дар Сурия ба он маъност, ки Ардуғон ба таври куллӣ тасмими худ дар бораи парвандаи Сурияро гирифтааст ва дидгоҳи Русияро ба таври тадриҷӣ дар дастури кор қарор медиҳад, ки бар лузуми эътои авлавият ба мубориза бо теруризм ва аз байн бурдани он таъкид мекунад. Ин риск чӣ басо бо вокуниши теруристии интиқомҷӯёна дар дохили Туркия назири ҳамла ба аҳдофи ҳаётии гузашта дар шаҳрҳои Онкоро ва Истонбул рӯ ба рӯ шавад. Фикр намекунем, ки ин эҳтимол дар зеҳни масъулони Туркия набошад ва онро муҳосиба накарда бошанд.

* * *

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки вокуниши расмии Сурия дар қиболи мулоқоти оштиҷӯёнаи Туркия ва Русия то кунун мубҳам буда ва ин мулоқот нодида гирифта шудааст. Ин суол матраҳ аст, ки оё раҳбарони Сурия дар қиболи ин нишаст ва натоиҷи он эҳтиёткорона бархӯрд мекунанд ё мунтазири сафари фиристодаи рус ҳамроҳ бо иттилооти кофӣ ба Димишқ пеш аз ҳар гуна мавзеъгирӣ дар истиқбол ё адами истиқбол аз ин амр ҳастанд?

Агар яксара шудани набарди Ҳалаб — ки ба назар мерасад дар сояи таҷаммӯъи густардаи нерӯҳои ду тараф наздик бошад — анҷом шавад, чӣ басо нишонае аз амалӣ шудани тафоҳумҳои Туркия ва Русия бошад ва мо бояд мисли дигарон танҳо мунтазир бошем ва таҳаррукоти майдонии Туркияро зери назар бигирем.

Ба таври қатъ, мулоқоти руасои ҷумҳури Туркия ва Русия муъодилоти зиёдеро дар минтақа тағйир хоҳад дод ва боиси бознигарӣ дар теъдоди зиёде аз мавозеъ ва эътилофҳо хоҳад шуд ва рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда асрори зиёдеро бармало хоҳад кард.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.