Перейти к содержимому

Достоне ҷолиб аз Амир Исмоили Сомонӣ

Дар бораи Амир Абӯиброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ, поягузори давлати Сомониён, навиштаанд, ки инсоне бисёр шариф ва дорои ахлоқи ҳамида ва писандида буда, ки яке аз онҳо, айбпӯшӣ ва гузашти ӯ будааст.

Овардаанд, Амр ибни Лайси Саффорӣ тасмим гирифт бо Амир Исмоил биҷангад, ӯро аз Фарорӯд биронад ва ҳавзаи ҳукумати ӯро дар қаламрави фармонравоии худ дароварад. Барои ҳамин манзур, лашкари нерӯманде дар Нишопур муҷаҳҳаз кард ва озими Балх шуд. Амир Исмоил барои ӯ паёме фиристод, мабнӣ бар ин ки ҳамакнун ту бар минтақаи бисёр васеъе ҳукумат мекунӣ ва дар дасти ман ҷуз муҳити кучаке дар Фарорӯд нест, аз ин рӯ ба он чӣ дар даст дорӣ қонеъ бош ва музоҳими ман машав!

Вале Амр ибни Лайс ба паёми Амир Исмоил эътиное накард ва ҳамчунон роҳ паймуд ва аз Ҷайҳун гузашт ва ба Балх расид. Сарзаминеро барои аскаргоҳ баргузид, хандақ ҳафр кард, нуқоти баландеро барои дидбонӣ муҳайё намуд ва зарфи чанд рӯз тамоми муқаддамоти фаннии ҷангро омода сохт.

Дар хилоли ин муддат, ҷамъе аз афсарон ва хоссони Исмоил, ки овозаи ҷуръат ва шаҳомати Амр ибни Лайсро шунида буданд, аз мушоҳидаи он ҳама сарбози мусаллаҳу муҷаҳҳаз тарсу ҳарос вуҷудашонро фаро гирифт. Бо якдигар шӯр намуданд, ки агар бихоҳем бо Амр ва сипоҳи нерӯмандаш пайкор кунем, дар ин сурат ё бояд ҳамагӣ аз зиндагӣ чашм бипӯшем ва кушта шавем ва ё он ки дар аснои набард ба душман пушт кунем ва майдони ҷангро тарк гӯем ва ба зиллати фирор тан дардиҳем; ки ҳеч як аз ин ду бар вифқи ақл ва маслиҳат нест. Пас, беҳтар он аст, ки аз фурсат истифода кунем ва пеш аз шикасти қатъӣ, ба Амр тақарруб ҷӯем ва аз ӯ амон бихоҳем, чун ӯ мардест доно ва тавоно ва ҳаргиз домани хештанро ба куштан ва бастани ину он — ки амали оҷизон ва аблаҳон аст — лаккадор намекунад.

Яке аз ҳуззор гуфт, ин суханест оқилона ва насиҳатест мушфиқона ва бояд тибқи он тасмим гирифт. Қарор шуд дар як шаби муайян гирди ҳам оянд ва ба ин назария ҷомаи амал бипӯшонанд.

Шаби мавъуд фаро расид, бо ҳам нишастанд ва ҳар як номае ҷудогона ба Амр навиштанд, маротиби вафодории худро нисбат ба ӯ эълом намуданд ва аз вай амон хостанд.

Номаҳои афсарон ва хоссони Исмоил ба дасти Амр расид, онҳоро хонд, аз мазоминаш огоҳ шуд ва номаҳоро дар хӯрҷине ҷой дод, дари онро баст ва мӯҳр намуд ва дархости амонашонро иҷобат кард.

Ҷанг оғоз шуд, аммо бар хилофи тасаввури афсарон ва хоссони Амир Исмоил, шароит ба гунае пеш омад, ки пирӯзӣ дар ин ҷанг насиби Исмоил ибни Аҳмад мешуд. Сипоҳиёни Амр дар муҳосира воқеъ шуданд ва хеле зуд шикаст хӯрданд. Иддае кушта, гурӯҳе дастгир ва ҷамъе ҳам гурехтанд. Амр ибн Лайс низ фирор кард, вале дастгир шуд. Созу барги низомиёни Амр ба ғанимат рафт, амволи ихтисосии ӯ ва ҳамчунин хӯрҷини номаҳои афсарон ба дасти Амир Исмоил афтод.

Амир Исмоил аз мушоҳидаи хӯрҷин ва мӯҳри Амр ибни Лайс ва ёддоште, ки рӯи он буд, ба матлаб пай бурд ва донист дар он хӯрҷин номаҳоест, ки афсаронаш ба Амр навиштаанд. Хост онро бигушояд, номаҳоро бихонад ва бидонад нависандагони онҳо киҳо ҳастанд, вале фикри соиб ва ақли дурандешаш ӯро аз ин кор боздошт. Бо худ гуфт, агар номаҳоро бихонам ва нависандагонашро бишносам, ба ҳамаи онҳо бадбин мешавам ва онон низ агар бидонанд, ки розашон фош шудааст, ба сабаби аҳдшиканӣ ва хиёнате, ки ба ман кардаанд, дучори хавфу ҳарос мешаванд ва мумкин аст аз тарси ҷони худ пешдастӣ кунанд ва бар ман бишӯранд ва қасди ҷонам намоянд ё он ки ба мухолифатам тасмим бигиранд ва назми сипоҳро мухтал кунанд ва пирӯзиро ба шикаст мубаддал созанд ва мафосиди бузург ва ғайри қобили ҷуброне ба бор оваранд. Бинобар ин, аслан дари он хӯрҷинро боз накард.

Тамоми хоссон ва афсарони худро эҳзор намуд, хӯрҷини бастаро, ки мӯҳри Амр бар он буд, ба эшон нишон дод ва гуфт, инҳо номаҳое аст, ки ҷамъе аз афсарон ва хоссони ман ба Амр навиштаанд ва ба вай тақарруб ҷустаанд ва аз ӯ амон хостаанд. Даҳ бор ҳаҷчи хонаи Худо бар зиммаи ман бод агар бидонам дар ин номаҳо чист ва нависандаи онҳо кист! Дар сурате ки амонхоҳии нависандагон рост бошад, онҳоро афв намудам ва агар дурӯғ бошад, аз гуфтаи худ истиғфор мекунам.

Сипас дастур дод, оташ афрӯхтанд ва дар ҳузури тамоми афсарон ва хоссон хӯрҷини сарбастаро бо ҳамаи муҳтаваёташ дар оташ афканд ва сӯзонд ва асаре аз навиштаҳо боқӣ нагузорид.

Нависандагони нома аз ин каромати нафс ва гузашти ахлоқии Амир Исмоил ба ҳайрат омаданд ва аз ин ки навиштаҳо хокистар шуд ва айбашон барои ҳамеша мастур монд, осудахотир гаштанд, аз амали худ пушаймон шуданд, маҷзуби фармондеҳи бузургвори хеш гардиданд ва аз рӯи садоқат ва ростӣ тасмим гирифтанд, нисбат ба ӯ ҳамвора вафодор бошанд.

Амир Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ бо айбпӯшӣ ва риояти усули ахлоқӣ на танҳо хештанро аз хатароти эҳтимолӣ раҳоӣ бахшид, балки бо ин амали каримона, авотифи афсарон ва соири афродро ҷалб кард, меҳри худро дар аъмоқи вуҷудашон ҷой дод, ва ононро ба вафодорӣ ва фидокорӣ мусаммам сохт.

* * *

Манбаъ: Муҳаммадтақии Фалсафӣ, Ахлоқ аз назари ҳамзистӣ ва арзишҳои инсонӣ, с.351 то 354.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: