Перейти к содержимому

ҲНИТ далели интиқоми мақомот аз Мулло Қурбонро тавзеҳ дод

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар баёнияе, бо ишора ба шаҳодати Қурбон Маннонов, раиси ин ҳизб дар Норак дар зиндон, хотирнишон кардааст: “Сабаби интиқомгирии мақомот аз ӯ на танҳо устуворӣ ва ҷасораташ буд, балки як амалиёти ҷинояткоронаи баъзе мақомоти кишварро бо дироят ва зиракии хеш дар шаҳри Норак хунсо намуд ва боиси пешгирии як тӯҳмати бузурги мақомот алайҳи мардуми Норак гашта буд.”

Ба гузориши сойти Payom, Раёсати Олии ҲНИТ дар ин баёния, бо баёни ин ки 16-уми августи соли 2016 раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак марҳум Қурбон Маннонов дар зиндони № 1 (Советский)-и шаҳри Душанбе ба шаҳодат расид, унвон доштааст: “Марҳум Қурбон Маннонов соли 2015 бо парвандаи сохта ва тӯҳмати таблиғи идеяҳои ДОИШ ҳабс гашта буд. Ҳанӯз қабл аз ҳабс, марҳум бо роҳбарияти ҳизб гузориш дода буд, ки мақомоти кишвар аз ӯ талаби изҳороти видоеӣ бар зидди ҳизб ва роҳбарияти он, инчунин қатъи фаъолияти ҳизб дар шаҳри Норак ва хориҷ шудан аз онро карданд. Дар сурати иҷрои супориш, бо ҷои кор ва замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳад шуд ва дар сурати сарпечӣ, худ ва хонадонашро ба душвориҳо рӯбарӯ хоҳад кард.”

Баёния афзудааст: “Пас аз рад кардани ин талаботи ғайриқонунии мақомот, марҳум мавриди фишору таъқиби доимӣ қарор гирифта, ниҳоятан бо як парвандасозии интиқомҷӯёнаи мақомот вориди зиндон гашт. Сабаби интиқомгирии мақомот аз ӯ на танҳо устуворӣ ва ҷасораташ буд, балки як амалиёти ҷинояткоронаи баъзе мақомоти кишварро бо дироят ва зиракии хеш дар шаҳри Норак хунсо намуд ва боиси пешгирии як тӯҳмати бузурги мақомот алайҳи мардуми Норак гашта буд. Бо пайдо кардани як порча матоъи сиёҳ дар дафтари кории ҲНИТ бо навиштаҷоти арабӣ, ки шабоҳат бо парчами ДОЪИШ дошт, билофосила ба дафтари марказии ҳизб ва баъдан ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак хабар расонд ва тақозои таҳқиқи ҳодисаро кард. Мақомоти шаҳри Норак бо ҳар баҳона аз баррасии ин ҳодиса саркашӣ карда, аз ӯ борҳо талаб карданд, ки ин масъаларо фаромӯш кунад ва дигар матраҳ насозад. Вале, ӯ пайваста аз мақомот талаби пайдо кардани омилони ин ҳодисаро мекард ва бетарафии мақомотро ҳамчун манфиатдор набудани онҳо дар ошкор кардани парванда меҳисобид. Исрор ва пофишориҳои ӯ боиси хашм ва интиқоми мақомот гашт, ки ниҳоятан ӯ ва чандин ҷавонони фаъоли норакӣ бегуноҳ зиндонӣ гаштанд.”

Раёсати Олии ҲНИТ дар идомаи баёния худ, бо баёни ин ки Мулло Қурбон дар зиндон борҳо мавриди шиканҷа қарор гирифт ва ба ӯ пешниҳод шуд, ки дар сурати эътирофи чандин ҳолатҳои тӯҳматомез алайҳи ҳизб ӯро раҳо хоҳанд кард ё ҳукми сабук хоҳад гирифт, унвон кардааст: “Дар натиҷаи яке аз ин латукӯбҳо миёни пирамарди 75-сола шикаста шуд, ки тӯли ин ҳама муддат натавонист табобат бигирад, ки дар натиҷа ба шаҳодати ӯ анҷомид.”

Раёсати Олии ҲНИТ дар идома, ҳаёт ва шаҳодати Қурбон Манноновро рамз ва нишонае аз устуворӣ, ҷасорат ва озодандешии мардуми Тоҷикистон дониста ва афзудааст: “Ин ҳодиса бори дигар моҳияти ғайриахлоқӣ ва ғайритоҷикии роҳбарони имрӯзаи кишварро ошкор месозад, ки ҳадафаш аз байн бурдани инсонҳои ғаюр ва ватандусту озод ва табдил додани миллат ба як тӯдаи беҳуввият ва беғайрат мебошад.”

Баёния бо таъкид бар ин ки “роҳбарияти кишвар имрӯзҳо бо мақсади тарсонидани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз интиқоди мақомот ва роҳ надодан ба гуногунандешӣ нисбати мухолифони сиёсии хеш, бахусус маҳбусони сиёсӣ аз тамоми василаҳои шиканҷаву азоб ва мусодираи амволу муҳосираи иқтисодӣ истифода мекунад” баён доштааст: “Маҳбусин аз камтарин шароити тиббӣ, санитарӣ ва сабукиҳои қонунӣ маҳрум мебошанд. Бо баҳонаи нарасидани ҷой, маҳбусинро дар утоқҳои тангу торик, бидуни кадом шароити гигиенӣ ва риояи меъёрҳои қонунӣ нигаҳ медоранд ва тавассути гумоштаҳои худ аз байни маҳбусин онҳоро азият мекунанд. Аз ҷумла, рӯзҳои ахир ҳаёти узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар натиҷаи шиканҷа ва нагирифтани табобати саривақтӣ зери хатар қарор гирифт, ки танҳо пас аз изҳори нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ ва дохилӣ иҷозаи табобат ба ӯ дода шуд. Дигар маҳбусони сиёсӣ аз мулоқот бо вакилон ва низдикони хеш маҳруманд ва касе аз шароити онҳо огоҳӣ надорад.”

Раёсати Олии ҲНИТ дар идома, бо баёни ин ки “вақтҳои охир мақомот даст ба муҳосираи иқтисодии хонадони зиндониёни сиёсӣ задаанд ва гирифтани кӯмакҳои молӣ аз аъзои оила ва хешовандони дар хориҷ бударо ба як амали ҷиноӣ баробар кардаанд” хотирнишон кардааст: “Чандин аъзои хонаводаи зиндониёни сиёсӣ ба хотири қабули кӯмакҳои молӣ аз наздикони худ мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифтанд. Ба хотири шиканҷаи бештар нашудан, аъзои хонаводаи маҳбусони сиёсӣ аз додани маълумотҳои дақиқ ва ному насаб худдорӣ мекунанд, ки баёнгари эҷоди фазои ваҳшат ва тарс байни онҳост.”

Баёния афзудааст: “Роҳбарияти кишвар, на танҳо мухолифони сиёсии худро бо сахттарин ҷазо маҳкум мекунад, балки занону пиронсолону тифлакони наздики онҳоро ҳам дар муҳосираи иқтисодӣ ва шиканҷаи маънавӣ гирифтааст, ки ин ба ягон қонун ва ойину фарҳанг мутобиқат намекунад.”

Раёсати Олии ҲНИТ дар идома зимни изҳори миннатдорӣ ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар масъалаи пайгирии қазияи маҳбусони сиёсӣ, боз ҳам диққати онҳоро ба бадтар шудани вазъи онҳо ва хонаводаҳояшон ҷалб кардааст.

Баёния таъкид кардааст: “Тоҷикистон узви чандин созмони байналмилалӣ буда, барои нақз накардани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии шаҳрвандонаш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ таъаҳҳуд додааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон соли 1994 ба “Конвенсияи байналмилалии зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф” пайваста ва соли 1995 ин санад барои ин кишвар ба ҳукми эътибор даромадааст. Илова бар ин, Тоҷикистон аз соли 1999 ба ин тараф узви “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” мебошад. Аммо бар хилофи таъаҳҳудоти додааш, роҳбарияти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгарӣ, мухолифони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва аъзову ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсиро мавриди таъқибу пайгарди шадид қарор дода, бо маҳкама дар додгоҳҳои ноодилон ва пушти парда, парвандаҳои бо мӯҳри махфӣ ва асноди қалбакию шоҳидони иҷборӣ ба ҳабсҳои тулонимуддат равонаи зиндон сохта, тамоми арзишҳои инсонӣ ва озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро аз онҳо салб кардааст. Илова бар ин, гирифтани эътироф бо роҳи зӯр ва шиканҷа аз боздоштшудаҳо, ба яке аз амалҳои оддии мақомоти қудратии кишвар табдил гардидааст.”

Раёсати Олии ҲНИТ дар поёни баёнияи худ, вазъи ба вуҷудомадаро натиҷаи сиёсатҳои ҷинояткоронаи алайҳи миллат дониста, роҳбарияи кишварро масъули асосии он ва мақомоти қудратиро ҳамшарикони ин ҷиноят шумурда, ёдовар шудааст: “Табиист, ки ҳар ҷиноят ҷазое дорад ва сахттарин ҷазоро миллатҳои азияткашида дар тӯли таърих нисбати ҳокимони золими худ ва тамаллуқкорону гумоштагони онҳо раво дидаанд, ки миллати ғаюру баномуси тоҷик истисно нахоҳад буд. Идомаи ин ҷиноятҳо алайҳи озодандешон, фаъолони сиёсиву мазҳабӣ, вакилон, рӯзноманигорон ва махолифини сиёсӣ маънии онро дорад, ки як гурӯҳи ҳоким бо истифода аз абзорҳои давлатӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷиашон алайҳи миллат ва ҷанг эълон кардаанд ва ҳама василаву роҳро барои саркуб кардани миллат ва боқӣ мондан дар қудрат ҷоиз медонанд. Миллат ҳам ҷуз пазируфтани қоидаи бозии таҳмилшуда аз тарафи ҳокимияти худкома ва мубориза бо василаҳои машруъ, роҳи дигаре барои раҳо шудан аз зулм, таҳқир, фақру беадолатӣ ва помолшавии ҳуқуқҳояш нахоҳад дошт, ки масъулияти оқибатҳои он комилан бар души роҳбарияти кишвар ва тарроҳони ин ҷиноятҳои зиддимиллӣ мебошад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: