Сиёсат

Билохира омрикоиҳо роҳе барои барҳам задани равобити Теҳрон-Маскав пайдо карданд

Шабакаи хабарии омрикоии Bloomberg бо ишора ба таҳқир шудани Вошингтун ба хотири ҳамкории низомии Эрон ва Русия навишт: “Омрико метавонад эътилофи Эрон-Русияро тахриб кунад.”

Сойти шабакаи хабарии омрикоии Bloomberg дар таҳлиле ба қалами Эли Лейк (Eli Lake) дар бораи хабари ҳузури ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ дар Эрон барои амалиёт дар Сурия навишт: “Солҳо Ҷон Керри, вазири хориҷаи Омрико талош кард, то бо кӯмаки Русия набарди дохилии Сурияро хотима диҳад. Ӯ соатҳои зиёдеро сарфи дидор бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ намуд, аммо ҳеч дастоварде надошт, балки шоҳиди эъломи Русия мабнӣ бар ин будем, ки ин кишвар маъмурият алайҳи аҳдофи Сурияро аз дохили Эрон оғоз кардааст; иқдоме, ки охирин давр аз таҳқир шудани Ҷон Керри буд, зеро ба маҳзи БАРҶОМ, Эрон ва Русия дасиса барои ҳифзи Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурияро оғоз карданд ва дар ин байн русҳо мавозеъи шӯришиёни таҳти ҳимояти Омрико дар Сурияро бомбборон карданд ва дар моҳи июн низ ҳавопаймоҳои рус пойгоҳи нерӯҳои вижаи Омрико ва Ангилис дар наздикии марзҳои Сурияро бомбборон карда буданд.”

Bloomberg навишт: “Эъломи хабари бомбборони мавозеъи мухолифони давлати Сурия аз дохили Эрон, бадтарин неше буд, ки Керри дарёфт кард. Дар ҳоле ки ӯ умедвор ба ҳамкорӣ бо Эрон буд, аммо ҳоло мебинем, ки эрониҳо намехоҳанд ҳамкориҳои худ бо русҳоро дар умури минтақаӣ қатъ намоянд ва ба илова, ин кишвар афроди ду миллиятии омрикоиро дастгир мекунад ва ҳам мушак озмоиш мекунад ва муттаҳидони араби Омрико дар минтақаро таҳдид менамояд.”

Нависандаи ин ёддошт дар идома, бо ишора ба ин ки албатта амалиёти ҳавопаймоҳои рус аз Эрон чандон ҷойи таъаҷҷубе ҳам надоштааст, навишт: “Инак, ин рӯйдод фурсатеро барои вазири хориҷаи Омрико барои пешбурди манофеъи Омрико эҷод намуда ва лозимааш ин аст, ки Керри бо воқеиятҳои душвор дар бораи Эрон рӯ ба рӯ гардад. Керри бояд фикри ин, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷа ва Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон “миёнарав” ҳастанд ва бояд дар баробари “тундравҳои” ин кишвар қудрат гиранд-ро канор гузорад. Дар иваз, беҳтар аст, ки Керри вуҷуди ҳавопаймоҳои рус дар Эронро ба унвони фурсате барои зарба задан ба ҳар ду ва ба ҷони ҳам андохтани онҳо алайҳи якдигар истифода намояд.”

Дар идомаи ин матлаб, бо ишора ба манъи қонунии истифодаи қувваҳои бегона аз пойгоҳҳои Эрон (тибқи қонуни асосии Эрон) ва суханони Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, ки гуфтааст: “Эрон ва Русия тавофуқномае барои истифода аз таъсисоти худ ба таври муштарак ва на тавофуқ барои истифодаи якҷониба ва комил аз пойгоҳи низомӣ дар хоки Эрон имзо кардаанд”, омадааст: “Керри бояд аз нафрати мардуми Эрон аз ҳузури як кишвари бегона дар пойгоҳҳои низомиашон, баҳрабардорӣ кунад. Ӯ метавонад аз як сӯ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ба эрониҳо ба хотири поён додан ба тарс аз империёлизм ва ин ки як қудрати бузурги низомии ҷаҳон (Омрико) онҳоро пазируфта табрик гӯяд ва аз сӯи дигар Вазорати хориҷаи Омрико метавонад маворидеро ба забони форсӣ дар заминаи тавофуқоти қарни 19-и Гулистон ва Туркманчой, ки дар он русҳо эрониҳоро таҳқир кардаанд, фароҳам оварад.”

Бар ин асос, ин диплумосии умумӣ бояд бо як созу кор аз дарзи иттилооти нодуруст дар мавриди диплумосии феълии Омрико бо Русия ҳамроҳ бошад. Ҳамчунин аз он ҷое, ки ҳукумати Эрон аз ҷумлаи ҳукуматҳои тавтиъапиндор аст, диплумотҳои Омрико бояд саъй намоянд, ки ба бовари эрониён бирасонанд, ки Русия дар ҳар замоне метавонад тавофуқи ҷудогонае бо Вошингтун ақд намояд, ки албатта баъид низ нест, зеро русҳо инак дар умури Сурия, бо Исроил тавофуқномаи ҷонибие доранд.

Дар хотимаи ин ёддошт нависанда унвон медорад: “Беҳтарин хабар дар ин замина он аст, ки дар воқеъ зарурате надорад Ҷон Керри бисёре аз рафтори зоҳирии худро тағйир диҳад. Ӯ ҳанӯз метавонад талош кунад, то бо Русия дар умури Сурия як тавофуқи сиёсӣ намояд, ки албатта эҳтимолаш заъиф аст. Ин ҳилагарӣ метавонад то ҳудуде эътилофи рӯ ба рушди Эрон-Русияро тахриб намояд ва шояд ҳатто режими Эронро дарунгаротар карда то аз тамос бо дигарон мунсариф кунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.