Перейти к содержимому

“Ман”-и воқеӣ аз назари Мавлоно

Бар хилофи пиндори бештари инсонҳо, ки гумон мекунанд, “ман”-и онҳо ҳамин ҷасад ва бадани онҳост, Мавлоно аммо мегӯяд, эй инсон! “Ман”-и воқеии ту ҷасад ва бадани ту нест, ки ин қадр барояш заҳмат бикашӣ ва саодат ва хушбахтии худро фақат дар таъмини мояҳтоҷи он бидонӣ, балки он чӣ “ман”-и воқеии туро ташкил медиҳад ва дар воқеъ ту ҳамон ҳастӣ, ин руҳи туст.

Бадан ва ҷасад нисбат ба инсон, ба манзилаи як маркаб аст нисбат ба як савора, ки кораш фақат расондани соҳибаш аст ба мақсуду бас. Аз ин рӯ, инсон бояд беш аз таваҷҷӯҳ ба ҷасад ва бадани худ, ба руҳи худ таваҷҷӯҳ намояд, руҳашро сероб кунад ва ба фикри таъмини саодат ва хушбахтии руҳаш бошад.

Балки Мавлоно мегӯяд, ин ҷасад ва бадан, ки ин қадр барояш инсон заҳмат мекашад, барои ӯ як замини бегона аст. Фарз кунед, инсон заминеро ҷиҳати сохтани як хона барои худаш таҳия мекунад ва пулҳо барои сохтани он харҷ мекунад. Пас аз итмоми кор, вақте бо хотири ҷамъ вориди хона мешавад, мебинад хонаро дар замини дигарон сохтааст. Хонаро сохта, вале на дар замини худаш, балки дар замини дигарон сохта. Хуб, дар ин сурат чӣ ҳолате ба ӯ даст медиҳад?!

Мавлоно мегӯяд, ин ҳолат ҳолати ҳамон одаме аст, ки вориди қиёмат, ки мешавад, худашро мисли як замини холӣ меёбад. Яъне он ки барояш кор накарда худаш аст ва он ки барояш кор карда, ӯ набуда:

Дар замини мардумон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Кист бегона? Тани хокийи ту,

К-аз барои ӯст ғамнокийи ту.

То ту танро чарбу ширин медиҳӣ,

Ҷавҳари худро набинӣ фарбеҳӣ.

То вақте ки ин ҷисми моддии худро бо ғизоҳои чарбу ширин парвариш медиҳӣ, ҳаргиз наметавонӣ руҳатро қавӣ ва нерӯманд бибинӣ.

Гар миёни мушк танро ҷо шавад,

Рӯзи мурдан ганди ӯ пайдо шавад.

Агар фаразан бадани одамиро дар миёни мушки анбар ҳам, ки қарор бидиҳанд, боз пас аз маргаш, бӯйи ганд аз он баланд мешавад. Яъне агар ин баданро ҳамеша дар мушк бигузорӣ, аммо ҳамин ки мурд, ду рӯз, ки бигзарад, уфунат мегирад ва мардум маҷбуранд барои фирор аз уфунаташ онро зери хок махфӣ кунанд.

Мушкро бар тан мазан, бар дил бимол,

Мушк чӣ бвад? Номи поки зулҷалол.

Мушкро бар ҷисмат назан, балки онро бар дилат бимол. Мушк чист? Мусалламан мушк номи поки Худованд аст, ки зикри номҳои ӯ қалбу руҳро латиф ва муаттар месозад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

1 комментарий »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: