Сиёсат

Ҷанги қудрат дар Кремлин

Мақолае аз Ондерс Ослунд (Anders Aslund) дар Newsweek

12-уми август раисиҷумҳури Русия Владимир Путин раиси ситоди деринаи худ Сергей Ивановро барканор кард. Иванов дуввумин фарди муҳим дар силсиламаротиби сиёсии кишвар буд.

Ин як тағйири бузург дар давлати Путин аст, ки мафоҳим ва таъбирҳои зиёде дорад. Путин Антон Вайно — диплумоти собиқ ва раиси дафтари протоколро ҷойгузини Иванов кард. Вайно набераи раҳбари собиқи Ҳизби кумунисти Эстони аст.

Бино ба гузоришҳо, Путин ва Иванов ҳамзамон дар мадрасаи омӯзишии КГБ ҳузур доштанд. Аммо бар хилофи Путин, Иванов афсари барҷаста буд. Иванов, ки комилан ба ангилисӣ ва суэдӣ (шветсияӣ) тасаллут дорад, раиси КГБ дар Фанлонд (Финляндия) буд. Ӯ фарди устуворе аст, ки бо гушодарӯӣ бо хориҷӣ ҳарф мезанад ва шӯхтабъ аст.

Иванов ҳамвора яке аз аъзои ҳалқаи дохилии Путин будааст. Пас аз шурӯъи фаъолият ба унвони вазири амнияти миллӣ дар соли 1999, аз соли 2001 то 2007 вазири дифоъи кишвар буд. Сипас Путин ӯро ба муовини аввали нахуствазир иртиқо дод, ки ба ӯ иҷоза медод бо Дмитрий Медведев барои мақоми риёсат рақобат кунад.

Гарчи Путин ва Иванов бисёр ба ҳам наздик буданд, аммо Иванов рақибе барои Путин маҳсуб мешуд. Иванов мегуфт, Путин танҳо ба дараҷаи сарҳанги дуввумӣ (подполковник) дар КГБ расид, дар ҳоле ки худаш сипаҳбуд (генерал-лейтенант) буд. Душманӣ ва ихтилофоти онҳо умдатан бар сари масоили амниятӣ ва умури байналмилалӣ будааст.

Иванов, ҳам фарде сахтгир ва ҳам мушкилгушо талаққӣ мешавад. Ӯ ҳомии ширкатҳои давлатии Русия аст (ба хусус санъати тавлиди силоҳ) ва ҳеч иртиботе бо дӯстон ва наздикони милёрдери Путин надорад.

Муддатҳост, ки Иванов дар Кремлин ба унвони раҳбари ФСБ шинохта мешавад — сервиси амнияти дохилии Русия, ки афроде монанди Николай Патрушев, мушовири амнияти миллӣ ва Александр Бортников, раиси ФСБ ва ҳамчунин Михаил Фрадков, нахуствазири собиқ, ки акнун раиси СВР (ожонси иттилооти хориҷии Русия) аст-ро шомил мешавад. Дар муқобили онҳо горди риёсати ҷумҳурӣ (ФСО) қарор дорад ва Путин онро вафодортарин сервиси худ медонад.

ФСО аз Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чечен муҳофизат ва бо ӯ ҳамкорӣ кардааст, ки албатта робитаи хубе бо ФСБ надорад. Рақобат миёни ФСБ ва ФСО дар феврали соли 2015 бо қатли Борис Немтсов, раҳбари мухолифон дар Кремлин, авҷ гирифт.

Ба назар мерасад, ки як гурӯҳ барои ба чолиш кашидани дигарӣ даст ба ин қатл задааст. Дар ибтидо Иванов ба муддати як ҳафта аз анзори умумӣ нопадид шуд ва сипас Путин 10 рӯз ғоиб буд. Билохира ин ҳодиса равшан нашуд.

Замоне ки дар апрели соли 2016 Путин горди миллии ҷадидеро таҳти фармони муҳофизи дерини худ генерал Виктор Золотов аз ФСО ташкил дод, бори дигар ихтилофот авҷ гирифт. Шоёни зикр аст, ки як ҳукми риёсати ҷумҳурӣ дар 6-уми апрел Золотовро ба унвони яке аз 12 узви доими Шӯрои амнияти Русия мансуб кард. Ин мавзӯъ бо муқовамати шадиди генералҳои ФСБ дар Шӯрои амният ва ба раҳбарии Иванов мувоҷеҳ шуд.

Сиёсати Укройн ҳамеша масъалае мушоҷирабарангез будааст. Дар баҳори 2014 гуфта мешавад, ки Иванов дар барномае, ки бармало шуд, саъй кард ниме аз Укройн аз ҷумла Киевро бигирад, то комплекси низомӣ-санъатии онро бо Русия идғом кунад; коре, ки Путин бо он мувофиқ набуд.

Шойеъоте вуҷуд дошт, ки Иванов аз таҳримҳои ғарб шикоят мекунад ва барои коҳиши шиддати таҳримҳо, пешниҳоди вогузории бархе аз имтиёзоти Русияро додааст. Албатта шавоҳид кофӣ нестанд, аммо ба назар мерасад, ки Иванов мехост то ҷойи мумкин аз Укройн истифода кунад ва дар ниҳоят бо ғарб ба тавофуқ бирасад. Аммо ба назар мерасад, ки Путин бо муноқишоти ҳалнашуда, ки кишварҳои ҳамсояро бесубот кардааст, мушкиле надорад.

Замони ихроҷи Сергей Иванов нишон медиҳад, ки ин рухдод ба далели адами тавофуқ бо Путин дар сиёсатҳои муртабит бо Укройн будааст. Дар 8-уми август Путин Шӯрои амнияти худро фаро хонд, ки танҳо 6 нафар аз 12 узви он ҳузур ёфтанд. Иванов ғоиб буд.

Дар 11-уми август Шӯрои амният бо ҳузури 11 узв ташкил шуд, ки ин бор Иванов низ ҳузур дошт. Укройн мавзӯи аслии ҳар ду ҷаласа буд. Эҳтимолан Иванов ба сиёсатҳои Путин дар робита бо Укройн эътироз кардааст.

Дар 12-уми август Путин таркиби Шӯрои амниятро бо як ҳукми риёсати ҷумҳурӣ тағйир дод. Ҷолиб аст, ки Ивановро аз Шӯрои амният ихроҷ накардааст.

Як бори дигар Путин натавонист генерал Золотовро иртиқо диҳад. Бинобар ин, ба назар намерасад, ки Путин контроли Шӯрои амнияти миллӣ, ки танҳо ситоди сиёсии низоми Русия аст-ро ба даст гирифта бошад. Набарди лаҷбозона миёни ФСБ ва ФСО ҳамчунон идома дорад.

Путин бо ихроҷи Сергей Иванов гоми бузург ва шуҷоъонае бардоштааст, аммо ҳанӯз ҳам натавониста контроли Шӯрои амнияти миллиро ба даст бигирад, ки мумкин аст сабаби барканории худи Путин ба далел сиёсатҳои пурмоҷаро ва пурҳошияаш шавад. Бесуботӣ дар Кремлин ба эҳтимоли зиёд бар сиёсатҳои Укройн таъсир мегузорад, аммо дар ин марҳила мумкин аст ба ҳар самте биравад.

Шӯрои амният мумкин аст бихоҳад Путини моҷароҷӯро нигаҳ дорад ва ё Путин мумкин аст бихоҳад ҷанги пирӯзмандона ва кучакеро дар Укройн роҳ биандозад, то контроли Шӯрои амнияти миллии Русияро дар даст бигирад.

Newsweek

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.