Перейти к содержимому

Назари Ибни Сино дар бораи сабабаи тарси инсонҳо аз марг

Ба баҳонаи зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино

Бино ба баъзе донишномаҳо, 16 август зодрӯзи файласуф ва пизишк ва донишманди машҳури ҷаҳони ислом ва Эронзамин Абӯалӣ ибни Синост. Ӯ 16 августи соли 980 милодӣ дар рустои Афшанаи Бухоро, маркази Эронзамин дар он даврон, мутаваллид шуда. Ба ҳамин муносибат, дар ин навиштор бар он шудем, то дар бораи дидгоҳи Ибни Сино дар бораи “сабаби тарси инсонҳо аз марг” бинависем.

* * *

Пеш аз баёни дидгоҳҳои Ибни Сино дар ин мавзӯъ, лозим аст ёдовар шавем, ки аз кучактарин мавҷудоти зинда монанди ҳашарот — ва балки кучактарин ҳуҷайраҳои зинда — гирифта то бузургтарин ва зӯрмандтарини ҳайвонот монанди фил, ҳама аз марг фирор мекунанд. Он ҷо, ки бибинанд пойи марг дар миён аст, роҳи фирор пеш мегиранд. Фикри марг ва тасаввури марг, ваҳшатноктарини тасаввурот аст. Одамӣ аз ҳеч чизе ба андозаи марг наметарсад, балки аз ҳар чизи дигар, ки метарсад, аз он ҷиҳат метарсад, ки он чиз мӯҷиби марги вай гардад. Агар пойи марг дар миён набуд, одамӣ аз чизе ваҳшат надошт.

Қавитарин мардони ҷаҳон он вақт, ки худро дар чанголи марг дидаанд, изҳори аҷз ва нотавонӣ кардаанд, кучаку ҳақир гаштаанд, фикрашон ва ақидаашон иваз шуда. Маъмун, халифаи муқтадири аббосӣ, он вақт, ки охирин лаҳазоти умри худро тай мекард ва донист, ки дигар офтоби умраш дар ҳоли уфул аст, бо камоли аҷз даст ба осмон баланд кард ва гуфт: «Эй он ки мулки ту доим ва собит ва ҳамешагӣ аст! Раҳм кун бар он ки мулкаш аз дасташ меравад!»

Султон Санҷари Салҷуқӣ дар охирин лаҳазоти зиндагии худ ин ашъорро бо худ замзама мекард:

Ба зарби теғи ҷаҳонгиру гурзи қалъагушой

Ҷаҳон мусаххари ман шуд чу ман мусаххари рой.

Басе қилоъ гушудам ба як намудани даст,

Басе масоф шикастам ба як фишурдани пой.

Чу марг тохтан овард ҳеч суд надошт,

Бақо бақои Худоясту мулк мулки Худой

Албатта, ҳақиқати марг амре маҳсус нест, ки битавон онро бо ҳисс идрок кард, чун марг интиқол аз олами ҳисс аст ба олами мофавқи ҳисс, ки онро барзах ва мисол гӯянд, бинобар ин бо ҳисс идрок намешавад. Марг ҳаракат аз олами модда аст ва бинобар ин, бо ҳисс, ки худ аз олами модда аст, чӣ гуна идрок шавад?

Шайхурраис Бӯалӣ Сино дар Илоҳиёти Шифо дар мабҳаси “Рисолатуш шифо мин хавфил-мавт” роҷеъ ба ҳақиқати марг ва иллати тарс аз он, матолибе дорад, ки мо айнан тарҷумаи онро дар инҷо меоварем:

Аммо касе, ки мурданро ҷоҳил аст ва намедонад, ки ҳақиқаташ чист, пас ман барои ӯ баён мекунам ва равшан месозам, ки марг бештар аз он нест, ки нафси инсонӣ олоти худро, ки онҳоро истеъмол менамуд тарк мекунад — ва он олот ҳамон аъзои ӯ ҳастанд, ки маҷмӯаи онҳоро бадан меноманд — ҳамчунон ки шахси санъаткор олоти кори худро тарк мекунад. Чун нафси инсон ҷавҳаре аст ғайри ҷисмонӣ ва араз нест ва қабули фасод ва харобӣ намекунад. Ва чун ин ҷавҳар аз бадан муфориқат кунад (ҷудо шавад), боқӣ хоҳад буд ба бақое, ки дар хӯри ӯст, ва аз кудуратҳои олами табиат сафо меёбад ва ба саодати томмаи худ ноил меояд ва абадан роҳе ба завол ва фано ва нобудии ӯ нест. Чун ҷавҳар аз он ҳайс, ки ҷавҳар аст фонӣ намешавад ва зоташ ботил намегардад, ва он чӣ ботил мешавад ҳамон оризаҳо ва хоссиятҳо ва нисбатҳо ва изофаҳо ва умуре аст, ки байни ӯ ва аҷсом мебошад.

Ва аммо ҷавҳари руҳонӣ, ки абадан қабули дигаргунагӣ намекунад ва дар зоти худ тағйир намеёбад ва фақат қабули камолот ва тамомияти сурати худро мекунад, пас чӣ гуна тасаввур мешавад, ки маъдум гардад ва муталошӣ шавад?

Ва аммо касе, ки аз марг метарсад, ба иллати он аст, ки намедонад бозгашти ӯ ба сӯи куҷост. Ё он ки гумон мекунад, чун бадани ӯ мунҳал шавад ва таркиби он ботил гардад, зоти ӯ мунҳал шуда ва нафс ва ҳақиқати ӯ ботил мегардад ва ба бақои нафси худ ҷоҳил аст ва кайфияти маъодро намедонад; бинобар ин, дар воқеъ аз марг наметарсад, балки ҷоҳил аст ба амре, ки сазовор аст онро бидонад. Бинобар ин, иллати хавфи ӯ ҳамон ҷаҳли ӯст, ва ҳамин ҷаҳл аст, ки уламоро ба талаби илм ва сахтии роҳи он водошта ва барои вусул ба он, лаззатҳои ҷисм ва роҳати баданро тарк кардаанд.

Бино бар ин воқеият, марг барои марди ориф ва мӯъмини бедор эҷоди изтироб ва даҳшат ва ваҳшат намекунад. Бале, барои афроде, ки аз таҷарруди нафс ба сабаби ғӯтаварӣ дар олами модда ва шаҳватҳо, дур шуда ва Худои худро нашинохтаанд, ба иллати адами унс ва ошноӣ бо аволими қурб эҷоди ваҳшат мекунад ва ҷаҳолати онҳо пайваста онҳоро ҳаросон ва музтариб медорад. Вале марди мӯъмин, ки аз роҳи ҳақ қадаме фаротар наниҳода ва кирдор ва сифоташро бар ҳақ ва амри ҳақ татбиқ намуда ва дар ин дунё пушт ба олами ғурур намуда ва майлу рағбати худро ба дори хулуд ва абадият намудааст ва ошиқи лиқои Худо будааст, ин ошиқи марг аст, ошиқи таҷарруд аст; чун дӯстдори Худост, мӯъмин ба фардонияти ӯст. Ҳар рӯз орзу мекунад, ки либоси баданро халъ ва ба нури таҷарруд ороста гардад, балки пайваста мекӯшад то ҳар рӯз як дараҷа аз ғурури ӯ кам гардад ва як дараҷа ба идроки маънӣ ва ҳақиқат наздиктар шавад, то сарҳаде, ки тамоми умури дунявӣ ва фонӣ дар назди ӯ ба сароби бутлон ва нестӣ мадфун шуда ва таҷаллии олами анвор ва ҳақиқат бар ӯ мутаҳаққиқ гардад.”

* * *

و أمّا من‌ يجهل‌ الموت‌ ولا يعرف‌ حقيقته‌ فأبيّن‌ له‌ انّ الموت‌ ليس‌ أكثر من‌ ترك‌ النفس‌ الإنسانيّة‌ لآلاتها التي‌ تستعملها، أي‌ أعضائها التي‌ يُسمّي‌ مجموعها بالبدن‌، كما يترك‌ الشخص‌ الصانع‌ آلات‌ عمله‌. وذلك‌ لانّ نفس‌ الانسان‌ جوهر غير جسماني‌، وليست‌ عرضاً من‌ الاعراض‌، ولا تقبل‌ الفساد والتلف‌، وحين‌ يفارق‌ هذا الجوهر البدن‌ فانّه‌ سيبقي‌ ببقاءٍ يُناسبه‌، ويصفو من‌ أكدار عالم‌ الطبيعة‌ وينال‌ سعادته‌ التامّة‌، فلا سبيل‌ الی زواله‌ وفنائه‌ وانعدامه‌، لانّ الجوهر لا يفني‌ ولاتبطل‌ ذاته‌، وما يبطل‌ هو تلك‌ النسب‌ والإضافات‌ والاعراض‌ والخواصّ والامور التي‌ بينه‌ وبين‌ الاحسام‌ والرابطة‌ بينهما. أمّا الجوهر الروحاني‌ فلا يقبل‌ أبداً الاستحالة‌ والانقلاب‌، ولا يتغيّر في‌ ذاته‌، بل‌ يقبل‌ كمالات‌ وتماميّة‌ صورته‌ فقط‌، فكيف‌ يُتصوّر انعدامه‌ وتلاشيه‌؟ وأمّا من‌ يخاف‌ من‌ الموت‌ فلانه‌ لا يعلم‌ أين‌ ستكون‌ عودته‌ ورجوعه‌، أو لانّه‌ يظنّ انّ ذاته‌ ستنحلّ، ونفسه‌ وحقيقته‌ ستبطل‌ بانحلال‌ بدنه‌ وبطلان‌ تركيبه‌، فهو يجهل‌ بقاء نفسه‌ ولا يعلم‌ كيفيّة‌ المعاد، فهو في‌ الواقع‌ لا يخاف‌ من‌ الموت‌ بل‌ يجهل‌ أمراً كان‌ حريّاً به‌ أن‌ يعلمه‌. وعلّة‌ خوفه‌ انّما هي‌ جهله‌، هذا الجهل‌ الذي‌ دفع‌ بالعلماء الی طلب‌ العلم‌ ومشقّة‌ سبيله‌، وجعلهم‌ يتركون‌ لذّات‌ الجسم‌ وراحة‌ البدن‌ في‌ سبيله. وبناءً علی هذه‌ الحقيقة‌ فانّ الموت‌ سوف‌ لن‌ يوجد الاضطراب‌ ولا الحيرة‌ والفزع‌ للعارف‌ والمؤمن‌، بل‌ انّه‌ سيُثير فزع‌ الافراد الذين‌ ابتعدوا عن‌ تجرّد النفس‌ بالانغمار في‌ عالم‌ المادّة‌ والشهوات‌، والذين‌ لم‌ يعرفوا ربّهم‌ بسبب‌ عدم‌ معرفة‌ عوالم‌ القرب‌ وعدم‌ الانس‌ بها، اولئك‌ الذين‌ يجعلهم‌ جهلهم‌ في‌ فزع‌ واضطراب‌ دائمين‌. أمّا المؤمن‌ الذي‌ لم‌ يتخطّ طريق‌ الحقّ قدماً واحداً، والذي‌ وافق‌ بين‌ عمله‌ وصفاته‌ وبين‌ الحقّ وأمر الحقّ، فطوي‌ كشحه‌ في‌ هذه‌ الدنيا عن‌ عالم‌ الغرور وتجافي‌ عنه‌، ومال‌ الی دار الخلود والابديّة‌، وكان‌ عاشقاً ومحبّاً للقاء الله‌، فهو كذلك‌ عاشق‌ للموت‌، عاشق‌ للتجرّد، لانّه‌ محبّ لله‌ مؤمن‌ بفردانيّته‌، فهو يتمنّي‌ كلّ يوم‌ أن‌ يخلع‌ لباس‌ البدن‌ ويرتدي‌ خلعة‌ التجرّد وزيّه‌، بل‌ انّه‌ يسعي‌ علی الدوام‌ ليقلّل‌ كلّ يوم‌ درجةً من‌ غروره‌ ومجازه‌، ويقترب‌ كلّ يوم‌ درجةً من‌ إدراك‌ المعني‌ والحقيقة‌، حتّي‌ يصل‌ الی الحد الذي‌ تصبح‌ لديه‌ جميع‌ الامور الدنيويّة‌ الفانية‌ مدفونة‌ في‌ سراب‌ البطلان‌ والعدم‌، وحتي‌ يتحقّق‌ لديه‌ تجلّي‌ عالم‌ الانوار والحقيقة‌

* * *

Манобеъ:

Ибни Сино, Шифо, бахши Илоҳиёт

Сайидмуҳаммад Ҳусайни Теҳронӣ, Маъодшиносӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ҳикматҳо ва андарзҳо

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: